logo

фарҳанг

ЯК ҲИКМАТ

Онҳо аввалин бор ба назди равоншиноси оилавӣ мерафтанд. Вақти интизорӣ барои қабули равоншиносро ҳам бо хархашаю ҷанҷол гузаронданд. Ба ҳамдигар гапҳои пасту баланд гуфтанд. Аз ҳамдигар ранҷиданд ва якдигарро ранҷонданд. Ин радду бадал ба дилашон зад, магар ки ором шуданд. Навбати мулоқоташон бо равоншинос расида буд. Бағоят асабиву қаҳролуд буданд. Ба назди равоншинос ворид шуданд. Равоншинос ба ҳар дуяшон бо диққат нигаристу авзояшонро пай бурд. Ба онҳо яктоӣ коғазу қалам дароз карду фармуд, то беҳтарин хислатҳои якдигарро нависанд…

Ҷуфти ҷавон дар утоқи равоншинос рӯ ба рӯи ҳамдигар менишастанд. Миёнашон мизе гузошта шуда буд. Ҳар яке коғазро аз дасти равоншинос гирифтанду рӯи миз гузоштанд. Аз байн чанд вақт гузашт. Дасташон ба навиштан пеш намерафт. Намехостанд. Равоншинос ҳам лаб намекушод, онҳоро ба ҳоли худ гузошта буд. Дар утоқ хомӯшии тӯлонӣ ҳукмфармо шуд.
Коғазҳо рӯи миз гӯё ҳайрон монда буд. Хомӯшӣ тӯл кашид. Касе аз онҳо қаламро ба рӯи коғаз намебурд, балки мутаҳайир ба коғаз менигаристанд.
Баъди чанде ҷавон ба навиштан оғоз кард. Ҳамзамон, ҷавонзан ҳам қаламро ба рӯи коғаз давонд. Онҳо, ки дар ибтидо ба оҳистагӣ менавиштанд, акнун ҳамдигарро дида гӯё мусобиқа мекарда бошанд, тезҳаракат шуданд. Коғазҳо пур шуданд, пур аз сатрҳои хубӣ дар ҳаққи якдигар. Боз хомӯшӣ ҳукмфармо гардид…
Ҷавонзан коғази худро ба равоншинос дароз кард, аммо бо чашмон ишора кард, ки ба шавҳараш диҳад. Ҷавонзан бо дили нохоҳам коғазро ба миёнаи мизи байнашонбуда гузошт. Ҷавон коғазро гирифту азони худро ба ҳамсараш дароз кард. Ҳар ду ҳам ба хондан фурӯ рафтанд. Равоншинос ғарқи тамошои ҷуфти ҷавон шуд. Аз чеҳраи зебои ҷавонзан донаҳои ашк ба шоридан сар кард. Коғази дасташро ба синааш сахт пахш кард. Ҳавои утоқ дар як лаҳза дигар шуд. Дар чеҳраи ҷавонзан осоишу дар чашмонаш хушкҳолӣ падид омад. Ба навиштаҳои коғази дасташ бовар намекард. Гӯё хазинаи беназире ёфта буд. Шавҳараш коғазро аз хислатҳои хуби ӯ пур кардааст. Ҳавои утоқ иваз шуд, гӯё офтоби пинҳони зери абр намудор гардид. Гӯё ба утоқ фариштаи хушбахтӣ ворид шуда, ҷуфти ҷавонро навозиш мекард.
Дигар на равоншинос зарурати сухан гуфтан ҳис мекарду на ҳамсараш. Нияти кӯчак ва ҳассосе тавонист, садҳо ҷароҳатро малҳам шавад. Ҷуфти ҷавон бо хушҳолӣ дасти ҳам гирифта, аз утоқ берун шуданд…
Башир УСМОН


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.12.2016    №: 256-257    Мутолиа карданд: 2568

14.02.2020


ҲИСОР. ТАТБИҚИ ҲАДАФИ ЧОРУМИ СТРАТЕГӢ ДАР МАДДИ АВВАЛ

РОҒУН. БЕШТАРИ ҚОНУНШИКАНИҲО ВОБАСТА БА ИСТИФОДАИ ЗАМИН АСТ

АХД. ҶАЛБИ ЗАНОН БА ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ҲАНӮЗ ҚОНЕЪКУНАНДА НЕСТ!

ИМА УМЕДВОРИ «МУЗОКИРОТИ ҶИДДӢ» БО РОССИЯ ВА ЧИН ОИД БА СИЛОҲИ ЯДРОӢ МЕБОШАД

ҲУКУМАТДОРОНИ ЧИН КОРХОНАҲОИ АЗ КОРОНАВИРУС ЗАРАРДИДАРО ДАСТГИРӢ МЕКУНАНД

ТЕЪДОДИ МУШТАРИЁНИ WHATSAPP БА ДУ МИЛЛИАРД РАСИД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

13.02.2020


ДУШАНБЕ. 62 КОРХОНАИ САНОАТӢ ТАЪСИС ЁФТ

ШСХК "БАРҚИ ТОҶИК". СОҲА РӮ БА БЕҲБУДӢ МЕОРАД

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД

480 НОМ БА ФЕҲРИСТИ НОМҲОИ МИЛЛӢ ВОРИД МЕШАВАД

87 КОРМАНДИ ГУМРУК АЗ АТТЕСТАТСИЯ НАГУЗАШТ

ДОНИШКАДАИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ. ТАЪСИСИ ИХТИСОСҲОИ НАВ ТАҚОЗОИ ЗАМОН

БЕШ АЗ 50 ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН АЗ УХАН БА ДУШАНБЕ ОВАРДА ШУД

ДАР ЧИН МОҲИ АПРЕЛ БАР КОРОНОВИРУС ҒОЛИБ ОМАДАНИАНД

ТӮЛИ ЯК МОҲ ДАР АФҒОНИСТОН 200 ТОННА МАВОДИ НАШЪАДОР МУСОДИРА ШУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

12.02.2020


ҶОМИ КФО. РАҚИБИ "ХУҶАНД" КАДОМ ДАСТА АСТ?

ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ САНОАТӢ 13, 6 ДАРСАД АФЗУД

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. ОЛИМОН 28 ПАТЕНТ ВА 5 ШАҲОДАТНОМА БА ДАСТ ОВАРДАНД

ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ САНОАТӢ БА 1 МИЛЛИАРДУ 640 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

ВАРЗОБ. СОҲАҲОИ ХОҶАГИИ ХАЛҚ РУШД МЕКУНАНД

ТАТБИҚИ ЛОИҲАҲОИ ОБТАЪМИНКУНӢ. ДЕҲОТ БО ОБИ НӮШОӢ ТАЪМИН МЕШАВАД

10.02.2020


ВАЗОРАТИ АДЛИЯ. МУҚАДДАС ДОНИСТАНИ ОИЛА МУҲИМ АСТ

БЕШ АЗ 580 КИТОБХОНА БИНОИ АЛОҲИДА НАДОРАД

МУЗДИ МЕҲНАТ 9 ДАРСАД АФЗУД

КҲФ 680 ОФАТИ ТАБИӢ ДАР ЯК СОЛ

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГӢ. 114 ГУЗОРИШИ ТАҲЛИЛӢ ВА ИТТИЛООТИЮ ТАҲЛИЛӢ ПЕШНИҲОД ШУД

МД "ТОҶИКФИЛМ". МАҶАЛЛАИ "КИНО" ТАЪСИС ЁФТ

ДДФСТ. РОҲАНДОЗИИ ОМӮЗИШИ СОЗИ АРҒУНУН

09.02.2020


ВАҲДАТ. ВАЗЪИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДӢ БЕҲТАР МЕГАРДАД

БМТ. ҲАМКОРИҲО БО БОНКҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАНД

СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ. ДАР МУРОФИАҲОИ САЙЁР 249 ҲОЛАТИ ВАЙРОНКУНИИ ҚОНУН ОШКОР ШУД

КОРМАНДОНИ ТЕЛЕВИЗИОНУ РАДИО БАРОИ ТАКМИЛИ ИХТИСОС БА ХОРИҶА ФИРИСТОДА МЕШАВАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед