logo

фарҳанг

МАСЛИҲАТҲОИ ФРАНКЛИН

Ҳар гуфтаи Бенҷамин Франклин маслиҳат барои ҳавасамандсозӣ ва амал аст. Бинобар ин, агар шумо ҳоло ба маслиҳати хуб муҳтоҷ бошед ё қувваи ҳаракат ба пешро надошта бошед, пас ин ибораҳо ба шумо ёрӣ мерасонанд.
Шарафи ҳақиқӣ ин дар ҳама ҳолат иҷрои бечунучарои корҳои барои аксарият манфиатнок аст.
Танбалӣ чунон оҳиста тор метанад, ки нодорӣ онро зуд дармеёбад.
Дидан осон – пешбинӣ кардан душвор.
Агар сарватманд шудан хоҳед, на танҳо ба даст овардани онро омӯзед, балки сарфакор буданро ҳам.
Агар фурсат доштан хоҳед, вақтро сарф накунед.
Агар шумо имрӯз ашёҳои нодаркор мехаред, пас анқариб ашёҳои заруриатонро мефурӯшед.
Дар хотир доред, ки пул хусусияти зиёдшавиро дорад.
Аз даромадатон камтар хароҷот кунед.
Барои хушбахтӣ ё хоҳишҳоро бояд кам кард, ё маблағро афзун.
Танбалӣ ҳамагуна корро мушкил мегардонад.
Бо ҳама хушмуомила, бо бисёриҳо боулфат, бо баъзеҳо шинос бошед.
Дар бораи ҳеҷ кас сухани бад нагӯед, вале хубиҳое, ки дар бораи ҳар нафар медонед, гӯед.
Агар хоби хуш доштан хоҳед, бо худ ба бистар виҷдони покро гиред.
Сармоягузорӣ ба дониш ҳамеша даромади бештар медиҳад.
Агар вақт аз ҳама ашёи пурқимат аст, пас талафи вақт исрофкории бузург мебошад.
Барвақт хобидан ва барвақт бархостан – амалест, ки инсонро солим, доро ва доно мегардонад.
Инсонҳо дар кадом ҳолате, ки набошанд, ҳамеша ҳузуру роҳатро дарёфта метавонанд.
Аз масрафҳои хурди беҳуда ҳам ҳазар кунед, зеро таровиши хурд метавонад киштии калонро ғарқ созад.
Таҷриба мактаб аст, ки дар он дарсҳо гаронанд, вале ин ягона мактаб мебошад, ки метавон омӯхт.
Давлатмандии одамон нобаробар аз он сабаб аст, ки табиат ба онҳо истеъдоди  гуногун додааст ва бештар аз он, ки ин истеъдодро чи гуна тавонистанд истифода баранд.
Ш. ҚУРБОН, тарҷума аз русӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.12.2016    №: 256-257    Мутолиа карданд: 2562

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал

ХАТЛОН. Таъсиси 31 корхона дар 6 моҳ

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГӢ. Ҳамкориҳо самар медиҳанд

"ТОҶИК ЭЙР". Парвозҳо аз нав шурӯъ гаштанд

Таъсиси 26 ширкати сайёҳӣ дар ним сол

ДДК. Шумораи омӯзгорони унвондор меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ. Музди миёнаи меҳнат – 1350 сомонӣ

ТИББИ ОИЛАВӢ МУҲИМТАРИН РУКНИ ТАНДУРУСТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед