logo

фарҳанг

КИТОБХОНА. ТАВАҶҶУҲ НЕСТ, КИ НЕСТ

Мувофиқи маълумоти оморӣ дар давоми 5 соли охир 15 китобхонаи наву замонавӣ бунёд гардида, аз ҳисоби сарчашмаҳои гуногун 305 бинои китобхонаҳо таъмир карда шуданд. Айни замон, дар ҷумҳурӣ  1355 китобхонаи давлатӣ - оммавӣ мавҷуд аст, ки дар онҳо 2851 нафар кормандон фаъолият доранд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аз инҳо 353 нафар бо маълумоти олии умумӣ (12,3 дарсад), 213 нафар бо маълумоти  олии тахассусӣ (7,4 дарсад), 980 нафар миёнаи касбӣ (34,3 дарсад) ва бо маълумоти  миёнаи  таҳсилоти  умумӣ 1305 нафар (45,7 дарсад) фаъолият  мекунанд, ки самаранокии фаъолияти равандҳои китобдориро коста мегардонад. Сатҳи саводнокии аксари кормандони китобхонаҳои вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ  фарқ мекунанд, ки ин боиси нигаронист.  Зеро касби китобдорӣ аз мо тақозо мекунад, ки на танҳо дониши тахассусӣ, балки аз ҷомеа пешгом бошем. Ин вазъ дар китобхонаҳои мактабӣ ва соҳавӣ боз ҳам мураккабтар аст.  Ҳарчанд дар фаъолияти китобхонаҳои марказӣ ва вилоятӣ  пешравиҳо ба чашм мерасанд, аммо дар аксари навоҳии кишвар соҳаи китобдорӣ ба мушкилоти зиёде мубталост. Ҳалли онҳо аз муносибати масъулони вазорату идораҳо, раисони вилояту шаҳрҳо ва  ноҳияву  ҷамоатҳо вобастагии қавӣ дорад.
 Имрӯз китобхонаҳои деҳот ба талаботи муосир на танҳо ҷавобгӯ  нестанд, балки  тағйироти  сохтор  ва фаъолияти куллиро тақозо доранд. Чунки китобхона ва китобдор таъминкунанда ва роҳнамои насли ҷавон ба адабиёти воло ва самти дурусти зиндагӣ мебошад.
Биёед аз худ бипурсем, он ҷавононе, ки ба мамолики гуногуни дунё сафар намуда, аз имконоти китобхонаҳо ва марказҳои иттилоотии он кишварҳо истифода бурдаанд, ҳангоми ба деҳот баргаштан оё  шароити китобхонаҳои мо онҳоро қонеъ гардонида метавонад? Албатта, не! На танҳо тарзи хизматрасонӣ, балки китобҳое, ки  40 - 50 сол пеш  интишор гардидаанд, ҳеҷ  гоҳ  писанди  онҳо буда наметавонад. Баробари ин, масъалаҳои  таъминот  бо  маводи тозанашр, таҷҳизоти замонавӣ ва аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти  давлатӣ  дастгирӣ  наёфтани соҳа ҳамчун мушкилоти деринаи китобхона боқӣ мондааст.     
Дар қисмати зиёди шаҳру ноҳияҳо аз шароит ва  имконоти  китобхонаи замони муосир нишоне  нест. Аз ҷумла, барои ҳифзу нигоҳдории захираи китобӣ рафҳои ҳозиразамон вуҷуд надорад, усули таҳияи феҳристу картотекаҳо, ки кори хонандагонро дар дарёфти китоб  осон мегардонад, истифода намешавад. Китобхона ниҳодест, ки бояд бо истифода аз роҳу усулҳои пешқадами тарғиботию ташвиқотӣ дар ғанигардонии маънавиёти шаҳрвандон  ҷаҳд  намояд. Мутаассифона, китобхонаҳои мо, тавре  ишора  шуд, дар ҳолате  қарор доранд, ки  талаботи ҷомеаро қонеъ карда наметавонанд. Ба ақидаи инҷониб, яке аз сабабҳои асосии буҳрони соҳаи китобдорӣ  ин амалӣ нагардидани барномаҳои рушди соҳа мебошад. Яке аз тадбирҳо таҳияи «Барномаи рушди Китобхонаи миллии Тоҷикистон барои солҳои  2015 - 2020» аст. Мақсади асосии барнома таъмини дурнамои рушди Китобхонаи миллӣ дар заминаи ташаккули низоми ягонаи автоматикунонидашудаи кории ҳамоҳангсоз бо захираи ягона дар сатҳу сифати баланд дастраси умум гардонидани иттилоот, арзишҳои илмию фарҳангии миллӣ  ва ҷаҳонӣ мебошад. Сарчашмаҳои маблағгузории барнома аз ҳисоби маблағҳои Буҷети давлатӣ ва грантҳои фондҳои байналмилалӣ пешбинӣ шудааст. Вале бо сабаби вазъи душвори молиявӣ барнома маблағгузорӣ нашуд, ки ин барои пешрафти фаъолияти китобхона, махсусан дар самти автоматикунонии кори он, харидории таҷҳизоти технологӣ, баланд бардоштани савияи дониши назариявӣ ва малакаи корӣ таъсири манфии худро расонид. Сабаби дигар, ин парокандагии мутахассисони корозмуда ва олимони соҳа, кормандони ғайритахассус дар идораи кори китобдорӣ аст. Чунин муносибат боиси сар задани мушкилоти зиёд дар идораи китобхонаҳои бузурги  кишвар ва умуман китобхонаҳои ҷумҳурӣ мегардад. Ин омилҳо низоми муташаккили идораи китобхонаҳои ҷумҳуриро вайрон намуда, боиси заифии таъминоти дастуроти илмию методӣ ва камтаъсир шудани фаъолияти китобхонаҳо гардидааст. Таҳқиқоти солҳои охир нишон медиҳад, ки имрӯз  китобхонаҳои  ноҳия ва деҳот ба ёрии илмиву методии  китобхонаҳои  марказӣ  ниёзи бештар пайдо кардаанд. Онҳо дар танҳоӣ ба таҳоҷуми фарҳангу маънавиёти бегона, ки имрӯз дар фазои иттилоотии кишвар тақвият меёбад, истодагарӣ карда наметавонанд.
Зарур аст, ки ба китобхонаҳо аз нигоҳи ҳуқуқӣ мухторияти истифодаи  буҷавӣ дода шавад. Чунки танҳо мутахассис медонад, ки китобхона бояд чӣ гуна тармиму таъмир ва кадом адабиёт харидорӣ шавад.  Зимнан, китобхонаҳо муассисаи алоҳида ба шумор раванд ҳам, то ҳол онҳо яке аз ҷузъи шуъбаҳои фарҳанг мебошанд ва дар муносибати молиявӣ беҳуқуқанд. Роҳбарияти  ноҳияҳо (маблағгузории китобхонаҳо ба уҳдаи онҳост) бештар ба фаъолияти муассисаҳои тавлидотиву  фоидаовар  таваҷҷуҳ менамоянд ва дар охир агар  маблағ боқӣ  монад, ба соҳаи фарҳанг ва маънавиёти мардум сарф мекунанд. Аз ин рӯ, бидуни тағйири муносибат ба соҳаи китобдорӣ ва таҷдиди назар намудани сиёсати кадрии он (аз ҳисоби олимони соҳавӣ дар марказ ва мутахассисони  касбӣ дар деҳот) гумон аст, ки дар солҳои наздик дар ин самт беҳбудӣ ба вуҷуд ояд. Китобхонаҳо  имрӯз  дастгирии  ҷиддӣ мехоҳанд. Бисёр ҳам ҳузновар аст, ки баъзе  масъулони  маҳаллӣ баста  шудани  китобхонаҳоро  василаи  осони  сарфаи  маблағ  медонанд. Онҳо  тасаввур  намекунанд, ки ояндаи неки инсониятро  медузданд ва афкори ҷамъиятро ба самти нодуруст роҳнамунӣ мекунанд.
Ҷамил ВАЛИЕВ,
сардори шуъбаи хизматрасонии
библиографии Китобхонаи миллии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.12.2016    №: 256-257    Мутолиа карданд: 2811

10.12.2019


Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Хуан Тсзян Жун

Шиносоии Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонии роҳҳои Душанбе

Дар доираи Озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» машварати корӣ баргузор гардид

Дар Париж, Москва ва Киев оид ба муовизаи асирон ба мувофиқа омаданд

Туркия ба рафъи хатари «Давлати исломӣ» дар Афғонистон мусоидат мекунад

Сарвазири нави Финляндия - ҷавонтарин дар ҷаҳон сарвари ҳукумат

Disney дар остонаи рекорди нави ҷаҳонӣ

Ҷаҳон дар як сатр

09.12.2019


Боз як майдончаи нави варзишу бозии кӯдакон кушода шуд

Сохтмони гузаргоҳи зеризаминӣ бо дарозии 260 метр

Чемпионати осиё. Тоҷикистон дар гурӯҳи "А"

Сӯхтор дар фабрикаи Деҳлӣ боиси марги беш аз 40 нафар шуд

Медведев шартҳои бастани шартномаи газ бо Киевро гуфт

Ёрии ҷаҳонӣ ба Афғонистон 46 дарсад коҳиш ёфт

Аморати Муттаҳидаи Араб кайҳоннавард интихоб мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

06.12.2019


Боздиди Рустами Эмомалӣ аз варзишгоҳи «Миллий»

Хуҷанд. Бунёди корхонаи истеҳсоли телевизор, яхдон ва кондитсионер

Масъалаи моҳияти сармояи инсонӣ дар рушди инноватсионӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт

Пекин аз Вашингтон кам кардани боҷи молҳои чиниро дархост намуд

ОПЕК истихроҷи нафтро метавонад кам созад

Дар мактабҳои Қазоқистон гузариш ба алифбои лотиниро мавқуф гузоштанд

Коррупсияро дар Қирғизистон тавассути рақамисозӣ бартараф карданианд

Ҷаҳон дар як сатр

05.12.2019


Беш аз ду тонна доруворӣ ба коми оташ рафт

Фестивали филм ва мусиқии Руминия дар Тоҷикистон

Боздиди Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Самарқанд

Дар Афғонистон шоҳасари Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” чоп шуд

Макрон изҳороти НАТО оид ба «таҳдиди русӣ» - ро зери шубҳа гузошт

Боздошти муовини собиқ сарвари «ДИ» Ал - Бағдодӣ дар Ироқ

Андрей шевченко дар мураббигӣ низ муваффақ аст

Ҷаҳон дар як сатр

04.12.2019


Тақвияти ҳамкориҳо дар мубориза бар зидди терроризму экстремизм матраҳ гардид

Ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи намоишгоҳ бахшида ба мероси муштараки фарҳангии Роҳи абрешим баргузор шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед