logo

фарҳанг

100 СОЛ ДАР ХИЗМАТ. ДАР БОРАИ КИТОБХОНАИ БА НОМИ ТОШХӮҶА АСИРӢ

Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхӯҷа Асирӣ яке аз куҳантарин китобхонаҳои оммавӣ дар миқёси кишвар мебошад. Он наздики 100 сол аст, ки барои мардуми шаҳри Хуҷанд ва аҳолии вилояти Суғд хизмат менамояд.

Китобхона соли 1917 бар асоси қарори ҷаласаи  Шӯрои вакилони аскарони Гарнизони Хуҷанд таъсис дода шуда, минбаъд доираи фаъолияташро аз ҳудуди гарнизони ҳарбӣ берун - дар шаҳру атрофи он ва дигар ноҳияҳо вусъат бахшид. Китобхона бори аввал худи ҳамон сол бо воридшавии 150 китоб аз шаҳри Тошканд ва 300 китоб аз шаҳри Петроград махзани китобияшро пурра кард.
Китобхона соли 1924 бо махзани дорои 3077 нусха китоб мақоми Китобхонаи марказии шаҳри Хуҷандро соҳиб шуда, соли 1927 бинобар ташкил ёфтани ҳавзаи Хуҷанд китобхонаи байниноҳиявӣ эълон гардид. Дар ин солҳо баробари ёрирасонӣ кори китобхонаҳои ноҳиявии Хуҷанд, Нов, Ашт, Конибодом ва Исфараро ба танзим медаровард. Ин китобхона дар таъсисёбии китобхонаҳои шаҳри Хуҷанд ҳамчун маркази методӣ ва ташкилдиҳӣ хизмат кардааст. Аз рӯйи маълумоти таърихӣ соли 1927 дар Хуҷанд 11 китобхонаи оммавӣ фаъолият мекард.
 Китобдорон ба муносибати ҷашнҳои таърихӣ маҳфилҳои вохӯрӣ, суҳбат, муаррифии китоб, намоиши китоб, матбуоти даврӣ ва дигар чорабиниҳои соҳавиро доир мекунанд.
Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхӯҷа Асирӣ, ки роҳи дуру дарози таърихии рушду инкишофро тай кардааст, дар остонаи ҷашни 100 - солагии таъсисёбӣ қарор дорад. Маъмурият, китобдорону китобшиносон, методистон барои ба таври шоиста таҷлил кардани он ҳаматарафа тайёрӣ мебинанд.
Сарвиноз ШОДМОНОВА, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.12.2016    №: 256-257    Мутолиа карданд: 2967

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал

ХАТЛОН. Таъсиси 31 корхона дар 6 моҳ

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГӢ. Ҳамкориҳо самар медиҳанд

"ТОҶИК ЭЙР". Парвозҳо аз нав шурӯъ гаштанд

Таъсиси 26 ширкати сайёҳӣ дар ним сол

ДДК. Шумораи омӯзгорони унвондор меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ. Музди миёнаи меҳнат – 1350 сомонӣ

ТИББИ ОИЛАВӢ МУҲИМТАРИН РУКНИ ТАНДУРУСТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед