logo

порлумон

БАРНОМАИ МИЁНАМУҲЛАТ. БА РУШДИ САНОАТ ВА КИШОВАРЗӢ ТАКОНИ ҶИДДӢ МЕБАХШАД

Дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум,  ки таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагон, баргузор шуд, Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 - 2020 баррасӣ ва  тасдиқ гардид.

Умед Давлатзода, муовини вазири рушди иқтисод ва савдо,  иброз намуд, ки Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 - 2020  ҳадаф, афзалият, вазифа ва самтҳои амалиётро ҷиҳати гузариш ба модели нави сифатноки рушди иқтисодӣ муайян менамояд. Дар барнома масъалаҳои истифодаи захира ва имкониятҳои мавҷуда роҷеъ ба самаранокии идоракунии давлатӣ, таъмини пурраву саривақтии уҳдадориҳои иҷтимоии давлат, пайваста тараққӣ додани  минтақаҳои гуногуни кишвар ва соҳаҳои мухталиф, бахусус соҳаҳои истеҳсолӣ, ҳамзамон идома додани раванди ислоҳот дар самти дастгирии соҳибкории хурду миёна ҳамчун самтҳои муҳим мавриди чораҷӯии амиқ қарор дода шудаанд. 
Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар наздиктарин муҳлат гузариш ба модели нави тараққиёт, ки дар асоси ҷалбу истифодаи васеи сармояи дохиливу хориҷӣ тағйироти сохтории иқтисодиёт, тақвияти рушди институтсионалӣ ва неруи инсониро роҳандозӣ менамояд, муҳим мебошад, зеро иҷрои ин вазифаҳо шарти асосии татбиқи «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ба ҳисоб меравад. Ба гуфтаи Умед Давлатзода, татбиқи барнома имкон медиҳад, ки сатҳи камбизоатӣ аз 31 дарсади соли 2015 то ба 20 дарсад дар соли 2020 расонда шуда, табақаи миёнаи аҳолӣ аз 22,4 дарсад то 30 дарсад баробар гардад.
 Шариф Раҳимзода, раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия, таъкид намуд, ки модели нав дар муқоиса бо модели пешина, ки ба истеъмолот нигаронда шуда буд, як қатор бартариҳо дорад. Аз ҷумла, модели нав рушди босуръати соҳаҳои саноат, кишоварзӣ ва бахши молиявиро таъмин намуда, ба бозорҳои нави содиротӣ роҳ мекушояд, воридоти истеъмолиро маҳдуд сохта, вобастагии кишварро аз маблағҳои интиқолӣ коҳиш медиҳад. Дар натиҷа, ин ба ташкили васеи ҷойҳои нави кории пурмаҳсул ва рушди шуғли расмӣ мусоидат карда, ба афзоиши ҳиссаи андозҳои дохилӣ дар қисмати даромади Буҷети давлатӣ оварда мерасонад.
Эҳтиёҷоти умумии молиявии Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 - 2020   аз рӯи шумораи ислоҳоти дарҷгардида тариқи тадбирҳои матритсаи амалиёт 25,6 миллиард доллар, аз ҷумла аз ҳисоби сарчашмаҳои буҷетӣ 14 миллиард доллар, бахши хусусӣ 9,1 миллиард доллар ва шарикони рушд 2,4 миллиард долларро ташкил медиҳад.
Мунаввари  САФАР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.12.2016    №: 259    Мутолиа карданд: 4705

29.05.2017


Иштироки Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи сарвазирони давлатҳои ИДМ

Баргузории ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқ

Баррасии масъалаҳои мубориза бо коррупсия ва роҳҳои пешгирии он

Номаҳои шодбошӣ ба унвони Ҳошим Гадоев

КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВӢ. Мактаби сулҳпарваронаи Пешвои миллат - раҳнамои ҷавонон

Ҷаҳон дар як сатр

Ҳаёти беш аз 24 миллион кӯдак зери хатар аст

Сарони G7 мубориза бо киберҷинояткоронро пурзӯр карданианд

НАТО ба эътилофи байналмилалӣ алайҳи “ДИ” ҳамроҳ мегардад

Маскав ба СММ лоиҳаи конвенсияи мубориза бо киберҷиноятро манзур сохт

Теъдоди ҷиноятҳои террористӣ дар Русия 10 маротиба коҳиш ёфт

28.05.2017


ХАТЛОН. Вохӯрии раиси вилоят бо ҷавонон

Ваҳдати миллӣ ва Соли ҷавонон. Чорабиниҳои идона дар Дубай ва Пекин

Як ҳамоиши муҳим

Гӯшаи кишоварз

23.05.2017


Ҳифзи амнияти шаҳрвандон яке аз вазифаҳои асосии кормандони милитсия аст

Машварати сиёсии Тоҷикистону Австралия

27 май – оғози моҳи шарифи Рамазон

Шаҳри Душанбе ва вилояти Хатлон нақшаро иҷро карданд

Ифтитоҳи маркази иттилоотӣ дар Дарвоз

ДАНҒАРА. Афзалияти боғҳои интенсивӣ

«Бозори ҳунар» дар боғи «Ирам»

Ҷаҳон дар як сатр

Таркондани ситоди «Аҳрор аш - Шам” дар Сурия

Эммануэл Макрон Владимир Путинро дар қасри Версал мепазирад

Назарбоев бо Трампу Тиллерсон мулоқот кард

Туркманистон ба Молдова кӯдакистон туҳфа намуд

Варзиш

22.05.2017


Ярмаркаҳои ҷойҳои кор дар доираи Соли ҷавонон

ХОРУҒ. Авҷи созандагиҳо ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ

ТАНЗИМ. Баррасии амали қонун дар ноҳияи Бохтар

Ҷаҳон дар як сатр

Риёз қароргоҳи маркази мубориза бо ғояи экстремистӣ

Ҷангиён аз шаҳри Хомс пурра бароварда шуданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед