logo

паёмҳо

Паёми табрикии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба муносибати Соли нави мелодии 2017, шаҳри Душанбе, 31 декабри соли 2016

Ҳамватанони азиз! Баъд аз чанд лаҳза соли 2016, ки дар таърихи навини мардуми Тоҷикистон бо хотираву рӯйдодҳои неки ободиву рушди Ватани азизамон сабт хоҳад шуд, сипарӣ гардида, Соли нави мелодии 2017 фаро мерасад. Ба ин муносибат кулли мардуми шарифи кишвар ва ҳамватанони бурунмарзиамонро самимона табрик гуфта, ба хонадони ҳар як фарди Тоҷикистони азизамон оромиву хушбахтӣ, иқболи нек ва рӯзгори осуда орзу менамоям. Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, ҳамчун соли биступанҷумин солгарди озодиву соҳибихтиёрии Ватанамон барои хурду бузурги мамлакатамон воқеан таърихиву бобарор ва соли амалӣ шудани умеду орзуҳои неку созанда буд. Дар ин сол мардуми заҳматқарину сарбаланди Тоҷикистон бо кору фаъолияти аҳлонаву содиқонаи худ ба раванди пешрафту тараққиёти сарзамини зебоямон вусъати тоза бахшида, барои фардои боз ҳам ободу осудаи он заминаҳои мусоид ва пойдевори устувор гузоштанд. Доир ба воқеаву рӯйдодҳои муҳимтарин, дастовардҳои сол ва нияту нақшаҳои нав барои соли оянда, ки, албатта, боиси боз ҳам беҳтар шудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ ва пешрафти Ватанамон хоҳанд гардид, чанд рӯз пеш дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии мамлакат муфассал изҳори андеша кардам. Дастовард ва рӯйдоди воқеан таърихӣ рӯзи 22 – юми декабр аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул шудани Қатънома доир ба «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» - 2018-2028 мебошад, ки бо ташаббуси Тоҷикистон пешниҳод шуда, онро беш аз 190 давлати дунё дастгирӣ кард. Қабули ин санади муҳим, ки чорумин ташаббуси кишвари мо дар сатҳи байналмилалӣ мебошад, боиси боз ҳам тақвият ёфтани обрӯи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ гардид. Бо дарназардошти саҳми ҷавонони кишвар дар рушди ҷомеа ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии мамлакат мо соли 2017 – ро Соли ҷавонон эълон намудем. Саъю талоши пайгиронаи ҷавонони даврони истиқлолият дар самти омӯзиши илму донишҳои муосир, азхудкунии касбу ҳунарҳои замонавӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва риояи одобу ахлоқи ҳамида боиси ифтихору сарфарозии мо мебошад. Бовар дорам, ки онҳо ба хотири пешрафти давлати соҳибихтиёрамон, таъмини амнияти давлат ва шарафу номуси ватандорӣ боз ҳам бештар заҳмат мекашанд, зеро ояндаи сарзамини биҳиштосоямон дар дасти онҳост. Вазъи ҷаҳони имрӯза, хатару таҳдидҳои рӯзафзун, масоили мубрами иқтисодиву сиёсӣ ва экологӣ ҳар яки моро водор месозанд, ки беш аз ҳар вақти дигар муттаҳиду сарҷамъ ва ҳушёру зирак бошем. Мо бояд дар ин сол бо ҳисси баланди ватандориву худшиносӣ барои ҳимояи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, таҳкими ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳимояи манфиатҳои давлату миллатамон дастҷамъона ва содиқона талош намоем. Зеро дастовардҳое, ки то имрӯз ноил шудаем, аз мо мебошанд. Мо бояд ба хотири расидан ба комёбиҳои нав ва аз имрӯза дида ободу пешрафта гардондани кишвари маҳбубамон софдилонаву пайгирона кӯшиш намоем. Хусусияти неки ҷашнгирии Соли нави мелодӣ ин аст, ки мардуми олам бо нияту орзуҳои нек ҳадафҳои нави созанда ва нақшаҳои ободгаронаи худро тарҳрезӣ менамоянд. Дар остонаи истиқболи Соли нави мелодӣ бо эътимоди комил изҳор медорам, ки Соли нави мелодии 2017- ум барои таҳкиму тавсеаи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, пояҳои давлатдории навини тоҷикон, ваҳдати миллӣ ва суботи сиёсии ҷомеа, инчунин, ободу зебо гардидани кишварамон нақши муассир хоҳад гузошт. Соли нави мелодии 2017 – ум барои давлату миллати мо оғози марҳалаи нави рушд ва амалишавии нақшаҳои навин барои ояндаи ободу осуда маҳсуб мегардад. Боиси ифтихор аст, ки дар ин раванд мардуми бонангу номуси мо дар ҳифзи истиқлолияти миллӣ, бунёди давлати муосиру пешрафта ва дигаргунсозиҳои ҷомеаи навин фаъолона иштирок карда, ҷиҳати муаррифии шоистаи давлати тоҷикон ва баланд бардоштани нуфузу обрӯи он дар арсаи ҷаҳон саҳми ватандӯстона мегузоранд. Умедворам, ки Соли нави мелодии 2017 соли амалишавии орзуву мақсадҳои неки давлату миллати тоҷик мегардад ва мардуми шарифи мо дар ин Соли нав дар самти рушду пешрафт ва ободиву бунёдкорӣ бо қадамҳои устувор пеш мераванд. Бо ҳамин орзуҳои нек бори дигар ҳамаи сокинони ҳимматбаланду заҳматпеша ва саодатманду сарбаланди кишвар, инчунин, кулли ҳамватанони бурунмарзиамонро ба ифтихори Соли нави мелодии 2017 самимона табрик гуфта, барои ҳар яки шумо сулҳу оромӣ, хонаи обод, тандурустиву иқболи нек, файзу баракат ва ба Тоҷикистони озоду соҳибихтиёрамон ободиву пешрафти ҳамешагӣ орзу менамоям. Соли нави мелодӣ муборак, ҳамватанони азиз!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.01.2017    №: 1    Мутолиа карданд: 6399

20.02.2018


Бизнес-форуми доираҳои соҳибкорӣ баргузор мешавад

Хисрав Соҳибзода бо Султон Саъд ал-Мурайхӣ мулоқот намуд

Дурнамои рушди сиёсати давлатии ҷавонон матраҳ мегардад

ҶДММ “Суғуртаи асри XXI” соҳиби иҷозатнома шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Вячеслав Володин: «Дар Сурия миёни «ДИ» - ро Русия шикаст»

Гуфтушуниди Чин бо ҷудоихоҳони покистонӣ

Қазоқистон: «Шустан» - и $500 миллион ва 8 сол маҳрумӣ аз озодӣ

Барои барқарорсозии Мехико баъди заминҷунбӣ шаш сол зарур аст

19.02.2018


Сироҷиддин Аслов бо Валбурга Рос мулоқот намуд

Муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ бо Япония густариш меёбанд

Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ мешавад

Барориши нахустини коғазҳои қиматнок ба иқтисоди кишвар 500 миллион доллар ворид намуд

Нуъмон Абдуғаффорзода: "Ба шарофати имтиёзҳои андозию гумрукӣ инфрасохтори сайёҳӣ рушд меёбад"

Ҷаҳон дар як сатр

Масъулияти куштори одамон дар Қизлярро «ДИ» ба зимма гирифт

ИА воридсозии сулҳофарон ба Донбассро воситаи қатъи таҳрими зиддирусӣ мешуморад

Мексика дар 33 мунитсипалитет ҳолати фавқулода роҳандозӣ кард

Садамаи чархбол боиси марги 13 нафар гашт

Дар Венесуэла ҳавопаймо ба болои хона афтид

Варзиш

17.02.2018


Сироҷиддин Аслов бо Ясмин Гуедар мулоқот намуд

Баррасии рушди муносибатҳои Тоҷикистону Озарбойҷон

Густариши ҳамкориҳо дар соҳаи сайёҳӣ

Ванҷ. Корҳои ободонӣ вусъат меёбанд

ХАТЛОН. Ба ҳунар арҷ мегузоранд

ИШКОШИМ. Беморон таҳти назорат қарор доранд

Хадамот ба буҷети мамлакат 92799, 26 сомонӣ ворид намуд

"ТОҶИК – ЭЙР". Камбудиҳо бартараф мешаванд

АГЕНТИИ ОМОР. Пешниҳоди шакли нави ҳисоботи ҷойҳои кории навтаъсис

Шералӣ Сиддиқзода: "Шароити муосири таҳсилро фароҳам меорем"

Агентӣ 1980 ҷинояти коррупсиониро ошкор кард

Бекоршавии ақди никоҳ аз мушкилоти мубрам боқӣ мемонад

14.02.2018


ҲИСОР. Аз таъмини дурнамои пахта то иҷрои барзиёди даромади буҷет


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед