logo

фарҳанг

РОҲНАМО

Пешвои миллат дар Паёми имсолаи хеш қайд намуданд, ки дар сиёсати давлат масъалаҳои мустаҳкам кардани пояҳои ахлоқии ҷомеа, ташаккули афкори эҷодиву созандаи халқ ва гиромидошти арзишҳои фарҳанги милливу умумибашарӣ мавқеи асосӣ дошта, тамоми муассисаҳои фарҳангӣ, воситаҳои ахбори омма, телевизион ва радио, шабакаҳои иҷтимоӣ вазифадоранд, фаъолияти худро доир ба ҳалли масъалаҳои зикршуда, пеш аз ҳама, ҳифзи истиқлолият ва мероси гаронбаҳои миллати тоҷик ва муаррифии шоистаи он ба ҷаҳониён, инчунин, инкишофи тафаккури миллӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифату ҷаҳонбинии аҳли ҷомеа тақвият бахшанд.
Ин дастури пурарзиш мо - аҳли илму фарҳангро водор месозад, ки баҳри гиромидошти арзишҳои фарҳанги милливу умумибашарӣ ва ҳифзи мероси гаронбаҳои миллати тоҷик саъю талош варзида, онҳоро мавриди омӯзишу гирдоварӣ ва таҳқиқоти ҳамаҷониба қарор диҳем. Инчунин, намунаҳои беҳтарини фарҳанги тоҷиконро, ки бозтобкунандаи чеҳраи фарҳангии миллӣ мебошанд, дар сатҳи байналмилалӣ таблиғу муаррифӣ намоем.
Ҷиҳати татбиқи ин дастурҳо Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ  (ПИТФИ) нақша дорад, ки дар соли 2017 як қатор фаъолиятҳои илмию амалиро дар самти омӯзиши мероси фарҳанги моддию ғайримоддӣ, таҳқиқу интишори онҳо дар шаклҳои мақолаву рисола, феҳристу маҷмӯаҳо ба роҳ монад. Аз ҷумла, пажӯҳишгоҳ бо Маркази ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддии Осиёи Марказӣ ва кишварҳои уқёнуси Ором, ки созмони категорияи 2-юми ЮНЕСКО ба шумор меравад, дар масъалаи таълифу таҳия ва чопи китоби мусаввари “Мероси фарҳанги ғайримоддии халқи тоҷик” ҳамкорӣ намояд. Китоб аз ҷониби олимони тоҷик дар заминаи маводи аз экспедитсияҳои илмӣ гирдоваришуда ва маводи бойгонии фарҳанги ғайримоддии пажӯҳишгоҳ таълиф шуда, бо забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ ба чоп хоҳад расид.
Инчунин, дар соли 2017 аз ҷониби олимони ПИТФИ бо мақсади муаррифии намунаҳои беҳтарини фарҳанги миллӣ номинатсияҳо барои сабти феҳристҳои ЮНЕСКО таълифу таҳия хоҳанд шуд. Ногуфта намонад, ки дар соли 2016 номинатсияҳои «Оши палов ҳамчун хӯроки анъанавӣ ва фазои иҷтимоию фарҳангии он дар Тоҷикистон» ва «Наврӯз», ки расман ба Феҳристи репрезентативии ЮНЕСКО оид ба мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид карда шуданд, натиҷаи фаъолияти ходимони илмии пажӯҳишгоҳ буданд.
Пешвои миллат дар Паём масъалаи ҳифзи мероси гаронбаҳои миллати тоҷикро махсусан таъкид намуданд. Зеро фарҳанги миллӣ мояи пойдорӣ ва ҳастии миллат аст. Фарҳанг падидаи ҳувиятсоз мебошад, унсурҳои фарҳангӣ дар баробари дигар нишонаҳои боарзиши миллӣ боиси ифтихор ва бедоркунандаи эҳсосоти худшиносӣ мебошанд. Дар навбати худ фарҳанги миллӣ ва арзишҳое чун Забони давлатӣ, Парчами давлатӣ, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ ба таҳкими ваҳдати миллӣ мусоидат мекунанд.
Дилшод РАҲИМОВ,
муовини директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ - тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.01.2017    №: 1    Мутолиа карданд: 2687

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал

ХАТЛОН. Таъсиси 31 корхона дар 6 моҳ

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГӢ. Ҳамкориҳо самар медиҳанд

"ТОҶИК ЭЙР". Парвозҳо аз нав шурӯъ гаштанд

Таъсиси 26 ширкати сайёҳӣ дар ним сол

ДДК. Шумораи омӯзгорони унвондор меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед