logo

фарҳанг

ХУШО АМИРЕ, КИ БА ХОНАИ ФАҚИР ОЯД... ДАР БОРАИ АДАБПАРВАРИИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

Танҳо ихлосу муҳаббати профессор Усмонҷон Ғаффоров ба абармарди адабиёту таърих Сотим Улуғзода сабаб шудааст, ки аз солҳои ҳафтодуми асри ХХ сар карда, тамоми асарҳои устод, маводу ҳуҷҷат ва санадҳои ба эшон вобастабударо ҷамъ оварад. Ҳатто кӯчактарин мақолаву хабарро оид ба устод Улуғзода ӯ дар хазинаи худ дорад. Дар заминаи маводи мазкур китоби «Сотим Улуғзода» рӯйи кор омад. Дар он аз адабпарварии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва муносибати ӯ бо адиб низ сухан меравад.
Соли 1991, ки ба давраи мустақилияти кишварҳои собиқ шӯравӣ рост омад, барои Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо бо сабабҳои маълум мушкилоти зиёде ба дунбол дошт. Рӯз аз рӯз сохторҳои давлатӣ фалаҷ ва зиндагӣ мушкил мегашт. Дар он солҳо вазъи саломатии устод Улуғзода чандон хуб набуд. Онҳо бо завҷаашон  Любов Андреевна аз ноилоҷӣ ба шаҳри Москваи Федератсияи Русия кӯч бастанд.
Дурӣ аз Ватан барояш мушкил буд. Барои аҳли илму адаби  тоҷик низ душвор буд, ки дар айёми пирӣ адиби маҳбуби худро дар мусофират бинад. Устод он ҷо хомӯшу бесадову талх бар умри рафта мегирист. Хастагӣ, беморӣ ва мушкилоти рӯзгор ҳар рӯз таҳдид мекарданд. Шукрона, ки баъзе вақт тоҷикони Москва ба аёдати эшон меомаданд ва устодро хушҳол мекарданд.
Рӯзноманигорони Русия Владимир Сухомлинов ва Геннадий Шалаев дар қиссаи ҳуҷҷатии ба Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бахшидашуда – «Дорога к согласию», ки дар нашриёти «Собеседник» - и Москва соли 2002 ба табъ расидааст, як лаҳзаро аз рӯзгори Сотим Улуғзода меоваранд, ки чунин аст: «Дуои хайри одами пиронсолро, алалхусус вай аз падар бошад, тоҷикон дар баробари дуои авлиё медонанд. Шояд дуоҳои падар ба писар мадад карданд, ки ӯ ба кулли имтиҳону воқеаҳои шадид, ки солҳои минбаъда рух доданд, тоб оварад…
Дертар, соли 1995 Президент дар Москва ба хонаи нависандаи машҳури тоҷик Сотим Улуғзода, ки бемори бистарӣ буд, ба аёдат рафт. Ва ба писари ӯ муроҷиат карда гуфт:
- Зариф, ба ту душвор аст. Аммо мебояд, ки ба падари ранҷуру бемадорат нигаҳбон бошӣ. Ман вазъи туро хуб мефаҳмам. Муддати даҳ сол падари ман ҳам дар чунин ҳолат буд…».
Дар он лаҳзаҳои таърихие, ки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон рӯ ба рӯи устод Сотим Улуғзода нишаста, ҳолпурсӣ мекард, бегумон пеши назари устод ҳикояте аз китоби «Фиҳӣ мо фиҳӣ» - и Мавлонои Балхӣ падид омад:
«Набии акрам саллаллоҳи алайҳи ва саллам фармуд: «Бадтарин олиму адиб он аст, ки зиёрати амирон равад ва беҳтарин амирон он аст, ки ба дидори адибон ояд». Байт:
Хушо амире, ки ба хонаи
фақир ояд,
Ва бадо фақире, ки ба
даргоҳи амир равад».
Ин ҳикоят ҳамоно амали неку адабпарваронаи Эмомалӣ Раҳмонро нишон медиҳад. Ба дидорбиниаш омадани Сарвари давлат устод Улуғзодаро рӯҳи тозаву болу пар бахшид. Хоки Тоҷикистон Сотим Улуғзодаро мисли меҳри модар ба худ мекашид. Ва шукри Яздон, ки дар он рӯзҳои вазнин бо супориши Сарвари давлат кормандони сафоратхонаи Тоҷикистон дар Москва аз ҳоли адиб муттасил хабар мегирифтанд. Чароғи рӯзгори устод Улуғзода 25 июни соли 1997 (ду рӯз қабл аз ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ) дар яке аз беморхонаҳои Москва хомӯш гардид.
Ҳамсари нависанда Любов Андреевна он рӯзро чунин ба ёд меорад: «Дар бемористон пас аз марги Сотим меҳрубонӣ ва марҳамати ходимони Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русияро ҳис намудам. Агар онҳо намебуданд, намедонистам чӣ кор кунам. Маҳз бо ёриву дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон ҷисми Сотимро ба Душанбе бурданд. Шахсан аз Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сипосгузорам, ки мушкилоти моро осон карданд, вагарна бо машаққати зиёд ҷисми устодро дар Москва ба хок месупурдем.
… Баъди ташрифи Президент ва раиси шаҳри Душанбе андешаи зудтар ба Меҳани азиз баргаштан устодро осуда намегузошт. Вале, пириву ба замми ин дардмандӣ ба ӯ имкон намедод, ки ба мушкилиҳои сафар тоб оварад.
Сотим то нафасҳои вопасин ёди Тоҷикистон мекард, аз шунидани исми Тоҷикистон ё Душанбе рӯҳ ва неруи тоза гирифта, кӯшиши аз ҷой бархестан менамуд, дар ҳасрати ёрони азиз дар дидааш ашк ҳалқа мезад».
Эмомалӣ Раҳмон шурӯъ аз соли 1995 ҳамчун Сарвари фарҳангдӯст ба таври мураттаб аз ҳоли устод Улуғзода тавассути кормандони масъули давлатӣ ва ҳам сафоратхонаи Тоҷикистон дар Москва огоҳ буданд. Бо супориши махсуси он кас ҷасади ин абармард ба Душанбе интиқол ёфт ва дар мавзеи Лучоб ба хок супурда шуд.
Профессор Усмонҷон Ғаффоров бо баробари ба қалам додани ҷавонмардиии Эмомалӣ Раҳмон, инчунин, барои гиромидошти рӯҳи Сотим Улуғзода хидмати бузурге кардааст, ки боиси ифтихору омӯзиш аст.
Таҳияи Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.01.2017    №: 2    Мутолиа карданд: 2710

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал

ХАТЛОН. Таъсиси 31 корхона дар 6 моҳ

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГӢ. Ҳамкориҳо самар медиҳанд

"ТОҶИК ЭЙР". Парвозҳо аз нав шурӯъ гаштанд

Таъсиси 26 ширкати сайёҳӣ дар ним сол

ДДК. Шумораи омӯзгорони унвондор меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ. Музди миёнаи меҳнат – 1350 сомонӣ

ТИББИ ОИЛАВӢ МУҲИМТАРИН РУКНИ ТАНДУРУСТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед