logo

номаҳо

АГАР ДАР ИДИ НАВРӮЗ ҲАМ...

Дар маҷмӯъ хуб аст, ки таҷлили Соли нави мелодиро мардум бо ин қадар шавқу шӯру валвала интизорӣ мекашанд: барои кӯдакон туҳфа омода месозанд, дастархони идона меороянд ва бо роҳандозии рақсу суруд хушҳолӣ мекунанд. Калонсолон ҳам ба он муҳаббат доранду кӯдакон ҳам. Калонсолон аз ин боис, ки дар замони шӯравӣ тӯли солҳо, бидуни танаффус  ба ҷашн гирифтани он  одат кардаанд ва кӯдакон аз ин хотир ки барояшон калонсолон туҳфа тақдим мекунанд. Ин хуб аст, зеро як василаи дилхушиву хурсандист. Дигар ин ки туҳфа намудан ҳикмати худро дорад, яъне агар аз як сӯй нишони таваҷҷуҳ доштан ба гирандаи туҳфа бошад, аз тарафи дигар боис ба зиёд гардидани меҳру муҳаббати миёни туҳфадиҳандаву туҳфагиранда ва дилгармии онон ба зиндагӣ мегардад. Ин ки мегӯянд “туҳфа кафшери муҳаббат аст”, воқеият дорад.
Аммо як чиз маро ба андеша водор месозад, чаро мо наметавонем ҳамин гуна иқдомро дар рӯзи ҷашни сирф миллии худ, ки бо он ифтихор дорему як далели муътамади қадимию мутамаддину дорои фарҳанги пурғановат будани мост, яъне Наврӯзи оламафрӯз, роҳандозӣ намоем. Сохтани ҳамин гуна қуттиҳо бо тасвири нахустгули баҳорӣ, яъне бойчечак, зарфи пур аз суманак ва матни “Туҳфаи Наврӯзӣ” ҳеҷ мушкилӣ надорад. Агар мо ин корро анҷом диҳем, ба он муваффақ хоҳем шуд, ки кӯдаконамон Иди бузурги Наврӯзро бештар аз пештар дӯст доранд, омаданашро бесаброна интизорӣ бикашанд, ҳисси нангу номусу ифтихори миллиашон бедор гардад.
Итминони комил дорам, ки чун дигар солҳо Наврӯзи байналмилалӣ дар кишвари азизи мо ҷашн гирифта хоҳад шуд ва роҳандозии тадбирҳои фарҳангии ҷолибе дар назар аст, чунин иқдом низ амалӣ хоҳад гашт.
Сироҷиддин ИКРОМӢ, шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.01.2017    №: 2    Мутолиа карданд: 5018

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд

НУРОБОД . Эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ

Ҷаҳон дар як сатр

11.04.2019


"Тоҷикон" ба забони ӯзбекӣ нашр шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед