logo

иқтисод

«БОҒДОРӢ. МУТАХАССИСОН НАБОЯД БЕТАРАФ БОШАНД»

Мақолаи рӯзноманигор Худойдод Зайниддин «Боғдорӣ. Мутахассисон набояд бетараф бошанд», ки 21 ноябри соли 2016 дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» нашр шудааст, дар Вазорати кишоварзӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар ноҳияи Рашт майдони умумии боғҳо дар хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) 1832 гектар ва аҳолӣ 3157 гектарро ташкил медиҳад. Аз рӯи мушоҳидаҳои мутахассисону олимони соҳа, дар майдонҳои боғоти ҷамоатҳои деҳоти Нустратулло Махсум, Қалъаи Сурх, Навдӣ, Қалъанак, Ҷафр дарахтони мевадиҳанда асосан аз зараррасонҳо – сипарболакҳо, ширинчаи сабз ва хунин, асалаки нок, лесаки рандача, кирми себ ва аз касалиҳои саратони сиёҳ, қӯтураки себу нок, гардзании себ, ва доғзании сӯрохмонанди донакдорон, ки вобаста ба иқлими маҳал ба дараҷаи гуногун паҳн гаштаанд, зарар мебинанд. Вазорат дар доираи «Барномаи мубориза бар зидди ҳашароти зараррасон ва касалиҳои боғу токзори Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011 – 2015» ҷиҳати пешгирии паҳншавии зараррасону касалиҳои боғот барои ноҳияи Рашт 2525 литр заҳрдоруҳо, 8 дорупошаки дастии муҳаррикдор ва 8 адад либосҳои махсуси муҳофизатӣ дастрас кардааст. Инчунин, соли 2011 аз ташкилоти зертобеи вазорат ба ноҳия 1 трактори тамғаи МТЗ – 82 бо дорупошаки тракторӣ барои коркарди боғоти хоҷагиҳо ва аҳолӣ дода шуд.
Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 – 2020» тасдиқ гардид, ки дар доираи он ивазкунии боғу токзорҳои куҳнаю камҳосил ва тадриҷан зиёд намудани майдони боғу токзорҳо ва бунёди боғҳои интенсивӣ аз ҳисоби  заминҳои талу теппаҳои бо намнокӣ таъминбуда ба нақша гирифта шудааст.
Ҷиҳати амалисозии Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҷараёни сафари корӣ ба ноҳияҳои Сангвор, Нуробод, Тоҷикобод, Лахш, Рашт ва деҳоти Сағирдашти ноҳияи Дарвоз (аз 25 то 28 сентябри соли 2016) баён доштанд, кишоварзони ноҳия соли 2016 дар майдони 74 гектар боғҳои нави навъҳои хуби содиршавандаи мева шинонданд. Сол то сол тараққӣ додани соҳа дар назар аст. Аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия соли ҷорӣ 7 гектар боғҳои интенсивӣ бунёд гардиданд. Вазорат тасмим гирифтааст, ки моҳи феврали соли 2017 семинар – машварати минтақавиро оид ба тарзи мубориза бо зараррасонҳо дар ноҳияи Рашт баргузор намояд.
Мутахассисони вазорат дар ҳамкорӣ бо олимони соҳа тавсияномаи «Оид ба чораҳои мубориза бар зидди ҳашароти зараррасон ва касалиҳои боғу токзор дар Тоҷикистон» - ро бо расмҳои ранга ба чоп расонда, барои истифодабарӣ ба кишоварзони ноҳия, роҳбарони хоҷагиҳои боғу токпарварӣ, мутахассисони  муҳофизати рустаниҳо, агрономҳо ва ҳавасмандони парвариши боғу токзор пешниҳод карданд. Дар ноҳия сармутахассис оид ба муҳофизати рустаниҳо аз ҳисоби Муассисаи давлатии муҳофизати рустаниҳо ва химикунонии кишоварзии вазорат кор мекунад.
Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳамкории судманд бо рӯзномаи «Ҷумҳурият» ибрози қаноатмандӣ  намуда, боварӣ дорад, ки он дар оянда низ дар сатҳи баланд ҷараён хоҳад гирифт.
Ҷ. САИДОВА,  муовини вазири кишоварзӣ   


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.01.2017    №: 3    Мутолиа карданд: 2202

17.09.2019


“ДУШАНБЕ – ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН”. САЗОВОРИ ҶОЙИ АВВАЛ

16.09.2019


Мулоқоти Маҳмадсаид Убайдуллоев бо Муҳаммадтақии Собирӣ

Ҳамкориҳо бо Созмони ҷаҳонии гумрук густариш меёбанд

Дар шаҳри Хоруғ маркази нави хизматрасонии ширкати Тсеll кушода шуд

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН

ҚАЛЪАИ ҲУЛБУК. Бозёфти таърихии мансуб ба асрҳои IX – X

Ҷаҳон дар як сатр

Тоҷикистону Британия Палатаи савдо таъсис доданд

Сарвазири Шӯрои давлатии Чин Россияро барои кишвараш шарики калидӣ хонд

Пристайко: «Дар муносиботи Киев ва Москва «ях об мешавад»

05.09.2019


Ҷаҳон дар як сатр

СОҲИБКОР СОҲИБВАТАН АСТ

НОҲИЯИ АЙНӢ. Зиндагӣ ранги тоза мегирад

03.09.2019


Россия ба пешниҳоди ҳамкорӣ ба Макрон посух дод

Миллион нафар амрикоӣ ба ҷойҳои бехавф кӯчонда хоҳанд шуд

Ҳалокати 20 сарбози неруҳои амниятӣ дар вилояти Қундуз

ИМА ва Чин ба молҳои якдигар боҷҳои нав ҷорӣ карданд

ТАЭКВОН – ДО. Дурахши варзишгарони тоҷик дар чемпионати ҷаҳон

Ҷаҳон дар як сатр

РОFУН. Таъсиси хатсайрҳои нави сайёҳӣ

29.08.2019


Раҳмон Озода Эмомалӣ сафири Созмони байналмилалии «Занони сиёсатмадори роҳбар» дар Тоҷикистон таъйин гардид

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Ҷейми Флай

ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН НАСИБИ ТЕННИСБОЗОНИ ТОҶИКУ ӮЗБЕК ГАРДИД

САРИДОРАИ БОЙГОНӢ. Мизи мудаввар бахшида ба Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ

Ҷаҳон дар як сатр

ИШТИРОКИ ҲАЙАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ҲИФЗИ МЕРОСИ ФАРҲАНГӢ

МТС. ЯК КОНФРОНСИ МУҲИМ

28.08.2019


ИДИ КАДУ ДАР ДУШАНБЕ

«БАҲОРИ ИСТИҚЛОЛ». ХАТСАЙРИ НАВИ САЙЁҲӢ ДАР ТУРСУНЗОДА

21.08.2019


Путин 4 сентябр бо Сарвазири Ҳиндустон музокирот мегузаронад

Амири Қатар даъвати Путинро ба ФИБП пазируфт

Даҳ ҳазор нафар бинобар сӯхтор дар пойтахти Бангладеш бе сарпаноҳ монд

Токио имкони ба мадор баровардани радифҳои ҳарбиро баррасӣ дорад

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед