logo

ҳуқуқ

СИФАТИ ПАСТ. БОРИ КАҶ БА МАНЗИЛ НАМЕРАСАД

Мутахассисони Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии стандартизатсия, сертификатсия, метрология ва нозироти савдо якҷо бо кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд истеҳсол ва фурӯши маҳсулоти спиртии пастсифатро ошкор ва пешгирӣ карданд.

Дар ҷараёни санҷиши муштарак дар масири Душанбе - Хуҷанд миқдори зиёди маҳсулоти спиртии шубҳанок мусодира гардид. Ташхис муайян кард, ки арақу конякҳои мусодирашудаи навъҳои «Лочин», «Лимон», «Лондон», «Московская», «Деревянская», «Народная марка», «Заначка», «Хӯшаи гандум», «Наполеон», «Аристократ», дар маҷмӯъ зиёда аз 50 номгӯй, ки дар сехҳои истеҳсоли маҳсулоти спиртии шаҳри Хуҷанд, ҶДММ - ҳои «Сахо», «Сайҳун» ва «Шоҳин» истеҳсол карда шудаанд, аз рӯйи нишондодҳои ҳаҷми рехт, сифати истеҳсол, қувватнокӣ ва таркиби моеъ ба талаботи бозори истеъмолӣ ҷавобгӯ нестанд.
Зимнан, дар анбор ва сехи истеҳсоли машруботи спиртии ҶДММ «Кишвар - 2010», воқеъ дар шаҳри Душанбе, низ ҳашт тонна маҳсулоти пастсифат муайян гардид. Ташхис нишон додааст, ки машруботи навъи «Тоҷикистон - кишвари ман», «Ашки гандум», «Арақи бетамға», «Гандумӣ», «Секрет фирмы», «Столичний» ва 60 номгӯи дигар, ки дар ҷараёни санҷиши муштарак ошкор гаштанд, ба саломатии инсон хатар доранд. Аз ҷумла, мувофиқи ташхиси агентӣ конякҳои «Кишвар», «Белий аист», «Жемчуг», «Кремлин» аз рӯи таркиб, сифат ва қувватнокӣ ба талаботи истеъмолӣ мутобиқат намекунанд. Арақҳои «Гандумӣ», «Секрет фирмы» ва ғайра аз рӯйи нишондодҳои ҳаҷми рехт, сифати истеҳсол, таркиби моеъ ба талаботи ҳуҷҷати меъёрии «Шартҳои умумии техникӣ» - и машруботи спиртӣ мухолифат мекунанд.
Тадбирҳои судманд дар мавриди ошкору мусодира ва аз фурӯш боздоштани машруботи спиртии ғайристандартӣ ва ба саломатӣ зараровар далели фаъолияти босамари кормандони сохторҳои марбутаи давлатӣ буда, гирифтани пеши роҳи ин амали хатарнок ба маънои ҳифзи саломатии аҳолист. Зеро ҳодисаи заҳролудшавӣ ва марги пурсарусадои 76 нафар сокини шаҳри Иркутски Федератсияи Русия аз истеъмоли машруботи спиртии ғайристандартӣ ҳушдор дод, ки чунин амали зишт метавонад дар пай қурбонӣ дошта бошад. Аз ин рӯ, дар баробари масъулони соҳа, харидорону истеъмолгаронро низ зарур аст, ки зимни хариди ҳама гуна маҳсулот ба муҳлату сифат ва дигар нишонаҳои қобили истифодаи он аҳамият диҳанд.
Д. РӮЗИЕВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.01.2017    №: 5    Мутолиа карданд: 605

17.01.2017


Вохӯрӣ бо устодону донишҷӯёни Донишкадаи иқтисод ва савдо

Мулоқот бо мудири иҷроияи Сандуқи саудии рушд

Боғи «Истиқлол» ба макони сайру тамошо табдил меёбад

Иштироки Лутфия Абдулхолиқзода дар Форуми байналмилалӣ

"ТОҶИКСТАНДАРТ". Назорат пурзӯр мегардад

Санҷишҳо нишон доданд...

Пардохти нафақаи беш аз 12 ҳазор нафар қатъ гардид

Як ҳафтаи варзиш

16.01.2017


Ҷаласаи Кумитаи тадорукоти таҷлили Ҷашни 20-солагии Ваҳдати миллӣ

Барқарорсозии муносибатҳои дипломатӣ бо Монако

Вусъати корҳои ободонӣ

Данғара. Ифтитоҳи корхонаи дӯзандагӣ

Бунёди маҷмааи варзиш дар Конибодом

КАДР. Норасоӣ эҳсос мешавад

ОБТАЪМИНКУНӢ. Вазъ беҳтар мегардад

ҶАРИМА - 464 ҳазор сомонӣ

Таъсиси чор озмоишгоҳи ҳозиразамон дар ДАТ

ДТТ: авлавият ба ҷавонони ихтироъкор

13.01.2017


Шарҳи ВКХ ба изҳороти мансабдорони афғон

Баррасии татбиқи лоиҳаҳои муштарак

Озмуни беҳтарин сенария эълон гардид

Дастгирӣ аз лоиҳаи сохтмони роҳи оҳан

Сатҳи таваррум муътадил нигоҳ дошта шуд

Сипосномаи академияи илмҳо ба рӯзнома ва хабарнигори "Ҷумҳурият"

Як қадам ба пеш дар бораи маркази илмӣ - таҳқиқотии технологияи инноватсионӣ дар АИ

Донишҷӯёни хориҷӣ забони тоҷикӣ меомӯзанд

Соли ҷавононро чорабиниҳои зиёд интизоранд

Таъсиси 6 ихтисоси нав дар ДДТТ

12.01.2017


Масъалаҳои истифодаи захираҳои об баррасӣ гаштанд

Озмуни ҷумҳуриявии «Биё бо ҳам бихандем»

Беш аз 11 миллион сомонӣ ба бонувони соҳибкор

Хуҷанд. Таъсиси шабакаи телевизионӣ

ТИБ. Аз доруҳои қалбакӣ то ришваситонӣ

Робитаҳои тиҷоратӣ густариш меёбанд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед