logo

иҷтимоиёт

АНДЕШАҲОИ ОЗОД. САРВАРИ ДАВЛАТ АЗ ҲОЛИ МО ҲАМЕША ВОҚИФАНД

Илёс Ёров, сокини деҳаи Занкон:         
Деҳаи мо дар даромадгоҳи маркази ноҳияи Лахш - шафати Шоҳроҳи абрешим воқеъ гардида, ҳамарӯза садҳо мошинҳои сабукраву боркаш аз Қирғизистону Хитой аз назди хонаи мо ба самти шаҳри Душанбе  раҳсипоранд.
Чандин сол роҳи байни деҳаи Занкон ва маркази ноҳия вайрону валангор буд. Бо ғамхорӣ ва дастгирии бевоситаи Пешвои миллатамон соли сипаришуда ин роҳ бо сифати баланд аз таъмир бароварда шуд. Мо, сокинони ин диёр, ҳамагӣ аз он шоду мамнун ва миннатдор ҳастем, ки Сарвари ғамхори мамлакатамон ҳатто ба дурдасттарин деҳаҳои кӯҳистон таваҷҷуҳ менамоянд, мушкилоти моро мефаҳманд ва барои бартараф намудани он талош меварзанд. Аҳсан мегӯем ба ин Пешвои хирадманду ғамхор ва  аз Худованд умри пурфайзу бобаракатро барояшон хоҳонем.
          
Лайлӣ Турсунова, сокини шаҳраки  Ваҳдат:
Ман шоҳиди бевоситаи он ҳастам, ки дар тӯли 25 соли соҳибистиқлолии кишвари азизамон  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ   Раҳмон 9 маротиба ба ноҳияи Лахш ташриф оварда, бо сокинони ноҳия мулоқоти самимӣ барпо намудаанд. Таҳти таваҷҷуҳ ва ғамхории доимии бевоситаи ӯ соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии аз фаъолият бозмондаи  ноҳия рӯз ба рӯз рушду  такомул ёфта, даҳҳо биноҳои нави таълимӣ, тиббӣ, фарҳангӣ, пулҳо, хатҳои оби нӯшиданӣ ва дигар муассисаҳои иҷтимоӣ сохта ба истифода дода шуданд.
  Соли 2013 ҳангоми ташрифашон ба ноҳия зимни мулоқот бо аҳолӣ дастур доданд, ки ҳар сол майдони боғот то 50 гектарӣ  ва истеҳсоли картошка низ ба маротиб зиёд гашта, сохтмони биноҳои баландошёнаи маъмуриву иншооти гуногуни ҳозиразамон вусъат ёбанд. Ҳамчунин, Сарвари давлат дастур доданд, ки роҳҳои  ноҳия бо сифати баланд асфалтпӯш карда шаванд.
25 сентябри соли 2016 вақте ки Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон  бо сафари навбатӣ ба ноҳияи мо омаданд, мардумони бо ҳам дӯсту бародари ноҳияи Лахш – тоҷикону қирғизҳо бо самимият ва дилгармии хоса  ба истиқболашон баромаданд, зеро медонистанд, ки ҳамаи дастуру супоришҳои қаблан додаи Сарвари давлат ба пуррагӣ иҷро гаштаанд.    
Дилшод АМИРОВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.01.2017    №: 5    Мутолиа карданд: 1963

29.05.2017


Иштироки Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи сарвазирони давлатҳои ИДМ

Баргузории ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқ

Баррасии масъалаҳои мубориза бо коррупсия ва роҳҳои пешгирии он

Номаҳои шодбошӣ ба унвони Ҳошим Гадоев

КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВӢ. Мактаби сулҳпарваронаи Пешвои миллат - раҳнамои ҷавонон

Ҷаҳон дар як сатр

Ҳаёти беш аз 24 миллион кӯдак зери хатар аст

Сарони G7 мубориза бо киберҷинояткоронро пурзӯр карданианд

НАТО ба эътилофи байналмилалӣ алайҳи “ДИ” ҳамроҳ мегардад

Маскав ба СММ лоиҳаи конвенсияи мубориза бо киберҷиноятро манзур сохт

Теъдоди ҷиноятҳои террористӣ дар Русия 10 маротиба коҳиш ёфт

28.05.2017


ХАТЛОН. Вохӯрии раиси вилоят бо ҷавонон

Ваҳдати миллӣ ва Соли ҷавонон. Чорабиниҳои идона дар Дубай ва Пекин

Як ҳамоиши муҳим

Гӯшаи кишоварз

23.05.2017


Ҳифзи амнияти шаҳрвандон яке аз вазифаҳои асосии кормандони милитсия аст

Машварати сиёсии Тоҷикистону Австралия

27 май – оғози моҳи шарифи Рамазон

Шаҳри Душанбе ва вилояти Хатлон нақшаро иҷро карданд

Ифтитоҳи маркази иттилоотӣ дар Дарвоз

ДАНҒАРА. Афзалияти боғҳои интенсивӣ

«Бозори ҳунар» дар боғи «Ирам»

Ҷаҳон дар як сатр

Таркондани ситоди «Аҳрор аш - Шам” дар Сурия

Эммануэл Макрон Владимир Путинро дар қасри Версал мепазирад

Назарбоев бо Трампу Тиллерсон мулоқот кард

Туркманистон ба Молдова кӯдакистон туҳфа намуд

Варзиш

22.05.2017


Ярмаркаҳои ҷойҳои кор дар доираи Соли ҷавонон

ХОРУҒ. Авҷи созандагиҳо ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ

ТАНЗИМ. Баррасии амали қонун дар ноҳияи Бохтар

Ҷаҳон дар як сатр

Риёз қароргоҳи маркази мубориза бо ғояи экстремистӣ

Ҷангиён аз шаҳри Хомс пурра бароварда шуданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед