logo

маориф

МАКТАБ ВА ОИЛА. ТАНҲО ҲАМКОРӢ САМАР МЕДИҲАД

Тарбияи насли наврас масъалаи муҳим ва зарурии ҷомеаи муосир мебошад. Хонанда ҳам дар муҳити мактаб ва ҳам берун аз он камол меёбад. Дар мактаб агар дар зарфи 5 - 6 соат мактабу муаллим ба ӯ таълиму тарбия диҳад, вақти боқимондаи вай дар муҳити хонаводагӣ мегузарад.
Вазифаи муҳимтарини мактабҳо ин таълим додан ва бо донишҳои муосир фаро гирифтани хонандагон аст. Вале, фаромӯш набояд кард, ки падару модар ба кирдору рафтори фарзанди худ бештар масъуланд, чунки фарзанд хислатҳои нек ё рафтори ношоистаро аз волидайнаш меомӯзад. Ташаккули шахсият кӯдакро бештар дар муҳити хонаводагӣ ташаккул меёбад, ки аз оилаи зиёиву маърифатпарвар фарзандони бадахлоқу нохалаф  ба воя расида бошанд. Мо бештар шиква аз беадабии фарзанд мекунем, аммо андеша намекунем, ки барояш чӣ гуна тарбия додем ва муносибати дағалонаи ӯ ба атрофиён аз куҷо сарчашма мегирад?
Зиёда аз панҷ сол аст, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» амал мекунад. Дар боби дуюми қонуни мазкур,  дар моддаи 8 омадааст: «Кирдорҳои зиддиҷамъиятӣ, муомилаи дағалона бо атрофиён, халалдор намудани оромӣ, истифодаи суханҳои қабеҳ, рафтори дағалона дар кӯча, хиёбон, муассисаҳои фароғатӣ, дохили нақлиёт, хобгоҳ, манзилҳои зист, дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва муносибати тахрибкоронаи фарзандро ба муҳити зист пешгирӣ намоянд».
Аз камтаваҷҷуҳии волидайн дар мактабҳо давомоти сусти хонандагон бештар ба назар мерасад, ки ин зарар ба худи хонанда ва оила мебошад. Хунукназарӣ нисбат ба донишандӯзии наврасон аз оила сарчашма мегирад. Робитаи сусти падару модаронро бо омӯзгорон ва дар ҷаласаҳои Ассотсиатсияи волидайн ширкат наварзидани онҳо ба ин ҳол оварда мерасонад. Боиси таассуф аст, ки дар аксари таълимгоҳҳо  аз 700 – 800 хонанда дар ҷаласаи ассотсиатсия ҳамагӣ 10 – 15 нафар падар ё модар иштирок мекунанду халос. Ва онҳо ҳам волидони хонандагони фаъол. Ҳол он ки дар моддаи 9 - и қонуни номбурда омадааст: «Донишандӯзӣ ва иштироки фарзандро дар раванди таълим назорат карда, бо омӯзгорон, ҳайати кормандон ва роҳбарияти муассисаи таълимӣ оид ба таълими фарзанд мунтазам ҳамкорӣ намоянд».
Агар таъмин набудан ё нарасидани китобҳои дарсӣ ба муассиса ва ё омӯзгор вобаста бошад, пас набудани дафтару қалам, либоси ягонаи мактабӣ ва ашёи хониш, иштироки пурра дар дарсҳо ба уҳдаи падару модар аст. Мутаассифона, ба ин масъала аҳамияти кам дода мешавад.
Тарбия нахуст аз оила, аз муҳити боғча (то синни 7-солагӣ) ва баъд аз мактаб сарчашма мегирад. Дар ин маврид педагоги машҳури рус Антон Макаренко гуфтааст: «Тарбияи дурусти бачаҳо пирии хушбахтонаи мо ва тарбияи бади онҳо ғаму андуҳи ояндаи мо, оби дида ва гуноҳи азими он дар назди дигарон ва дар назди тамоми мамлакат аст». Аз ин рӯ, волидайнро лозим аст, ки омилҳои ҷалби фарзандонро ба таҳсил, варзиш, хондани китобу рӯзномаву маҷалла пайдо намуда, дар ин замина тарбияи дурусти онҳоро ба роҳ монанд.
Фориғболии лаҳзаинаи волидайн сабаб мешавад, ки фарзанд ба қавле «ёру ошноҳои нав» пайдо кунад, тавассути онҳо ба амалҳои ношоиста, тамошои наворҳои ғайриахлоқӣ саргарм шавад ва мафкураву рӯҳияаш тағйир ёбад. Дар моддаи 8 - и Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» махсус таъкид гаштааст: «Ба фарзанд тамошои филмҳои дорои хусусияти шаҳвонӣ, зӯроварӣ, экстремистӣ ва террористиро манъ намоянд».
Қисми зиёди падару модарон дар боби одобу ахлоқ ба фарзанди худ ҳарфе намезананд. Дар хазинаи телефонҳояшон филмҳои ғайриахлоқӣ, фаҳш ва хусусияти зӯроварӣ доштаро сабт намуда, барои хушҳолии чандлаҳзаина, ҳатто  ба аҳли оилаи худ намоиш медиҳанд.
Хуб мешуд, ки волидон бо муассисаҳои таълимӣ робитаи зичро барқарор намуда, ҳафтае як бор дар дарсҳои фарзандонашон иштирок намоянд, маслиҳату машварати омӯзгоронро ба инобат гиранд. Дар чунин ҳолат метавонем камбудиҳоро якҷоя ва ба зудӣ рафъ намоем.
Шоинҷон СИЯРӢ,
омӯзгори МТМУ № 5 – и ноҳияи Ҷайҳун


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.01.2017    №: 5    Мутолиа карданд: 2960
27.02.2017


Баргузории ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсози фаъолияти мақомоти санҷишӣ

Бахши минтақавии «Россотрудничество» ифтитоҳ мегардад

Аҳли ҳунари ВМКБ ба Суғд мераванд

Ҳамоиш оид ба тарзи ҳаёти солим

Бозхонди иҷозатномаҳои «Тоҷпромбонк» ва «Фононбонк»

Дарёфти қариб 13 тонна маҳсулоти куҳна

МЕДАЛИ "ҶАСОРАТ". Ё амали ҷавонмардонае, ки фаромӯш нахоҳад шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Пешниҳоди Олмон, Италия, Фаронса ва Люксембург дар бораи таъсиси федератсия

Дар Ироқ қабр бо чор ҳазор ҷасад дарёфт шуд

32 кушта аз амали террористӣ дар Ҳомс

Арабистони Саудӣ ба мавқеи ҷангиён дар Сурия беш аз 340 зарба зад

Ҷопон ба дронҳо стандартҳои ягона доданист

25.02.2017


Боздиди Рамазон Раҳимзода аз шоҳроҳи Душанбе - Чанак

Баррасии масоили муқовимат бар зидди ифротгароӣ

Мулоқот бо ҳамоҳангсози доимии СММ

Хизмат ба Модар — Ватан шарафи бузург аст

Вусъати корҳои ободонию созандагӣ дар Тоҷикобод

Барои барқарорсозии Сурия миллиардҳо зарур хоҳад шуд

Путин: «Касе ба корҳои Димишқ набояд дахл намояд»

Дар Италия 2,5 ҳазор муҳоҷир аз ғарқшавӣ наҷот ёфт

Бунёди Аврупо бе Русия имконнопазир аст

Ҳавопаймои ширкати Норвегия бо 65 доллар ба ИМА мебарад

23.02.2017


Ҷаҳон дар як сатр

СММ: барои пешгирии фоҷиаи чор кишвар $4,4 миллиард зарур аст

Дархости Маскав аз Димишқ

Канада қабули муҳоҷирони ба ИМА роҳнаёфтаро идома медиҳад

Зан бори нахуст сарвари Скотленд - Ярд шуд

NASA: «Мо дар коинот танҳо нестем»

22.02.2017


САЛОҲИДДИН РАББОНӢ: "РОБИТАҲОИ ИЛМИЮ ФАРҲАНГӢ БОЯД БА САТҲИ СИФАТАН НАВ БАРОВАРДА ШАВАНД"

Ҳамкории байниҳукуматии Тоҷикистону Русия баррасӣ гардид

Шабакаи «Футбол» ба фаъолият оғоз намуд

Дар Душанбе Маркази омӯзишӣ қомат меафрозад

Баргузории мусобиқаи «Сарбози Ватан»

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед