logo

иҷтимоиёт

ИСФАРА. САМАРИ ЯК ТАҶРИБА

Самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара, сабабҳои воқеии пурра иҷро нагардидани нақшаи даромади андозҳои давлатӣ, зарурати пешгирии санҷишҳои пайдарпайи фаъолияти соҳибкорон аз ҷониби мақомоти назоратӣ, масъалаи ҷудо намудани қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ, бунёди инфрасохтори зарурӣ дар маҳалҳои нави аҳолинишин, ба низом овардани ҳолати ҳудуди бозори марказӣ ва роҳҳои атрофи он, сохтмони Неругоҳи ҳароратии Шӯроб, аз нав таҳия намудани рӯйхати шахсони камбизоат аз ҷумлаи масъалаҳое буданд, ки раиси шаҳри Исфара Дилшод Расулзода дар гуфтугӯи мустақими радиоӣ (радиои маҳаллӣ) бо мардум мавриди баррасӣ қарор дод.
Ҳадаф аз баргузории ин гуфтугӯи мустақими радиоӣ таъмини  иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати густариши ҳамкории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр бо сокинон, вусъати ҳамкории мақомоти давлатӣ бо бахши хусусӣ, омӯзиши афкори ҷомеа оид ба ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ, ҷонибдорӣ аз ташаббусҳои созандаи мардум, дар маҷмӯъ дарёфти роҳҳои беҳсозии рӯзгори сокинон ва боз ҳам ободу зеботар гардондани Исфараи бостонӣ буд.
Бо натиҷабардорӣ аз раванди гуфтугӯи мустақими радиоӣ дастгоҳи раиси шаҳр нақшаи мушаххаси чорабиниҳоро  иборат аз 30 банд таҳия намуд. Ҳамзамон, пешниҳодҳои мушаххаси вобаста ба рушди иқтисодиёту иҷтимоиёти шаҳр ҳамчун самтҳои афзалиятнок ба нақшаи фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара барои соли равон ворид  мешаванд.
Тибқи дастури дигари  раиси шаҳр дар соли равон  муовинони соҳавии ӯ низ дар гуфтугӯҳои мустақими радиоӣ ва телевизионӣ ширкат варзида, вобаста ба соҳаи марбутаи худ  бо мардум ба таври ошкоро гуфтугӯ хоҳанд кард. Иқдоми мазкур, бешак, ҷиҳати масъулиятшиносӣ ва самаранокии фаъолияти муовинон, ҳалли муҳимтарин масъалаву мушкилоти иқтисодӣ ва беҳбуд бахшидани шароити зисту зиндагонии аҳолӣ мусоидат хоҳад кард.
Ҳамчунон, бо истифода аз интернет бо 20 соҳибкори зодаи Исфара, ки дар Русия, Қазоқистон, Олмон, Норвегия, Шведсия ва Амрикову Зеландияи Нав фаъолият доранд, аз тариқи онлайн дар тамос шудааст. Дар ҷараёни ин мулоқот байни мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара ва соҳибкорон 5 ёддошти ҳамкорӣ ба маблағи 4,2 миллион сомонӣ ба имзо расидааст.
Иқбол ТЕШАЕВ,  рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.01.2017    №: 5    Мутолиа карданд: 2021

30.03.2017


Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Филипп Беннетт

Телевизиони "Пойтахт" ТВ "Душанбе" ном гирифт

Машваратҳои байниидоравии Тоҷикистону Фаластин

Ғолибони озмуни «Ганҷҳои ҳунар» муайян шуданд

Ҳамоиш оид ба пешгирии пайвастани ҷавонон ба гурӯҳҳои тундрав

Ҷалолуддини Балхӣ. 7 ҷамоат ба кишти пахта шурӯъ кард

Ҷайҳун. Чигит неш зад

НАВРӮЗ ВА ҶОЙГОҲИ ОН ДАР РУШДИ САЙЁҲӢ

РАШТ. ҶАШН БОЛОИ ҶАШН

Ҷаҳон дар як сатр

Дифои Италия аз ҳуқуқҳои муҳоҷирони ноболиғ

Дастгирии молиявии Русия аз лоиҳаҳои байналмилалӣ

Дарёфти калонтарин кони тилло дар Чин

Соли нави таҳсил дар мактабҳои Ашхобод 1 июл оғоз меёбад

Шахси фалаҷ бо неруи фикр дар ҳаракат шуд

Варзиш

29.03.2017


Вохӯрии Сироҷиддин Аслов ва Мозен Шомия

Баргузории Форуми байналмилалии сатҳи олӣ

Тавсеаи ҳамкориҳои Бонки миллӣ ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд

Чорабиниҳои фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва Соли ҷавонон

Дар Хуҷанд муҷассамаи қаҳрамонҳои филми «Ман бо духтаре вохӯрдам» гузошта шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Муҳориба дар Хома қариб 30 ҳазор нафарро гуреза кард

Эътирози қудратҳои ҷаҳонӣ аз тарҳи манъи силоҳи ҳастаӣ

Парламенти Шотландия ҷонибдори раъйпурсии нав шуд

Қирғизистон: ҳалокати чор корманди вазорат дар зери тарма

Хуруҷи менингит боиси марги 140 сокини Нигерия гашт

Дар Ӯзбекистон дорухонаҳои гароннарх баста мешаванд

28.03.2017


Изҳороти Вазорати корҳои хориҷӣ

Иштироки Сироҷиддин Аслов дар чорабинии сатҳи баланд

Файзулло Холбобоев ба Президенти Молдова эътимоднома супурд

Таҷлили бошукӯҳи Наврӯзи байналмилалӣ дар Москва

Корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар дарёҳои Элок ва Кофарниҳон

Тантанаҳои наврӯзӣ дар Фархор


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед