logo

иҷтимоиёт

ВАТАН ОНРО НА БО СУХАН, БАЛКИ БО ДИЛ БОЯД ДӮСТ ДОШТ

Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврае ироа шуд, ки кишвар ба марҳалаи нави рушд ворид гардида, он шаҳрвандони ватандӯсти кишвар, хусусан ҷавононро баҳри саъю талоши доимӣ ва меҳнати содиқона ҷиҳати фардои дурахшони Ватан муваззаф месозад.
Президенти кишвар оид ба беҳтар гардидани вазъи иҷтимоии аҳолӣ баёни андеша намуда, саъю талошҳои Ҳукуматро баҳри ноил гардидан ба дастовардҳои боз ҳам баландтар ва беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагӣ таъкид сохтанд. Ҳамзамон, дар назди аҳли илму фарҳанг ва омӯзгорон  вазифаҳои мушаххас гузоштанд, ки, бешак, ҳаётан муҳим буда, кафили асосии ноилшавӣ ба дастовардҳои азими иҷтимоию иқтисодӣ ва илмиву фарҳангӣ мебошанд.  Аз ҷумла, таъкид намуданд, ки: «Дар шароити кунунӣ баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот вазифаи аввалиндараҷаи кормандони соҳаи илму маориф мебошад». Воқеан,  бидуни беҳтар намудани сифати таълиму тарбия мо ҳеҷ гоҳ мутахассиси ҷавобгӯи талаботи замони муосир омода намуда наметавонем. Бинобар ин, Пешвои миллат баланд бардоштани сифати таълимро аз вазифаҳои аввалиндараҷаи аҳли илму маориф гуфтанд. Дар самти мазкур на танҳо омӯзгорон, балки падарону модарон низ муваззаф шуданд, ки диққати наврасону ҷавононро ба фарогирии  донишҳои муосир, хусусан омӯзиши амиқи фанҳои дақиқ ҷалб сохта, ҳамзамон таълими забонҳои хориҷӣ ва технологияҳои иттилоотиву коммуникатсиониро ба роҳ монанд.  Ҷиҳати ноил гардидан ба ин ҳадафҳои олӣ, яъне боз ҳам таҳким бахшидани пояҳои Истиқлолияти давлатию баланд бардоштани  сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар, ки тавассути дастовардҳои назаррас дар соҳаи иқтисодиёт таъмин карда мешавад, зарур аст, ки неруи зеҳнии ҷавонон пурсамар истифода бурда шавад. Тибқи дастури Пешвои миллат «Ҷавонон бояд аз ҳамаи қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд». Ба ғайр аз иштироки фаъолона дар ҳаёти иқтисодиву сиёсии ҷомеа,  онҳо бояд тамоми саъю талоши худро баҳри ҳифзи шарафу номуси ватандорӣ сарф намуда, парчамбардори кишвари хеш бошанд.
Ба таъкиди Сарвари давлат, вазифаи дигари ҷавонон доштани ҳисси баланди миллист. Онҳо барои ҳимояи Ватан бояд ҳамеша омода бошанд, ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд. Ба миён гузоштани масъалаи мазкур аз тарафи Пешвои миллат бесабаб нест. Зеро, мутаассифона, дар ҷомеаи мо ҷавононе низ ҳастанд, ки ба сабаби нодонӣ ва ноогоҳии хеш фирефтаи ваъдаву таблиғоти бепояи душманони миллату дин гардида, на танҳо Ватан, балки падару модарашонро низ ба гӯшаи фаромӯшӣ месупоранд. Ин тоифаи ҷавонон барои наздикону пайвандони худ ва аҳли ҷомеа хатарбор маҳсуб меёбанд. Бинобар ин, омӯзгорон, падару модар ва ҷавонони бофарҳангу ватандӯсти кишварро зарур аст, ки нисбат ба тақдири насли ояндасози кишвар бетараф набошанд ва ҷиҳати дар онҳо тарбия намудани ҳисси ватандӯстию  меҳанпарастӣ саъю талоши доимӣ  намоянд. Ин талабу масъулият дар яке аз вохӯриҳои Пешвои миллат бо аҳли ҷомеа ба муносибати 25 - солагии Истиқлолияти давлатӣ хеле ҳакимона садо дода буд: «Ин Ватанро на бо сухан, балки бо қалб бояд дӯст дошт ва онро бо амал бояд исбот кард».
Кароматулло АБДУЛҲАЕВ,
Ҳасан ИБРОҲИМОВ,
устодони  Донишгоҳи давлатии
тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.01.2017    №: 6    Мутолиа карданд: 2205

18.04.2018


Вохӯрии Сироҷиддин Аслов ва Рашид Мередов

Сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ матраҳ гардиданд

Тақвияти мубориза алайҳи терроризм

Тавсеаи ҳамкориҳои гумрукӣ

Футболи соҳилӣ дар Тоҷикистон

МАЛАЙЗИЯ. Дастоварди навбатии хонандагони тоҷик дар олимпиада

Меркел зарурати вохӯрӣ бо Путинро таъкид намуд

Могерини: «24-25 апрел дар Брюссел қазияи Сурия баррасӣ мегардад»

Аз чор се ҳиссаи аҳолии Яман ниёзманди ёрии башарист

Туркманистон бандари $2 миллиардиро мекушояд

17.04.2018


Омодагӣ ба интихоботи миёнадаврӣ

«Роҳбалади беҳтарин» озмуни КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб

Рӯзи илм таҷлил гардид

Дурахши дзюдогарони кишвар дар ҷомҳои Аврупову Осиё

Вашингтон вақтҳои наздик низомиёнашро аз Сурия мебарорад

Нигаронии президенти Олмон аз дуршавии бештари Русия ва Ғарб

Департаменти ИМА барои идомаи муколама бо Димишқ шарт гузошт

Коршиносон то 100 доллар расидани нархи нафтро пешгӯӣ карданд

16.04.2018


Баргузории ҷаласаи Кумитаи тадорукоти Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд

Вохӯрии Сироҷиддин Аслов ва Ли Ён Хо

Иҷлосияи 23-юми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории иқтисодӣ доир мешавад

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Ифтитоҳи ду бинои таълимӣ

13.04.2018


Оғози бунёди «Қасри Бахт»

Густариши ҳамкориҳои байнипарлумонӣ

Мулоқоти Ҳамрохон Зарифӣ ва Кэйҷи Фуруя

Баррасии масъалаи дастрасии хизматрасониҳои молиявӣ ба соҳибкории хурду миёна ва аҳолӣ

«Шоми мақом»

Варзиш

Меркел ба зарбазании Сурия ҳамроҳ шудан нахост

Пушков: «Бе Русия СММ дуюм НАТО мешавад»

Меваю сабзавоти Осиёи Миёна бо ёрии Вашингтон ба Прибалтика меравад

Ҷанҷоли «нобелӣ» дар академияи Шведсия

Роҳандозии низоми шинохти фаврии чеҳра дар Чин

12.04.2018


НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ 93 км роҳ таъмир мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед