logo

фарҳанг

ФАРҲАНГ. ГИРОМИДОШТИ ОН АЗ СОМОНИЁН ТО ИМРӮЗ

Дар Паёми навини Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мисли паёмҳои пешин ба пешрафти фарҳанг таваҷҷуҳ зоҳир  гардида, аз ҷумла таъкид шудааст, ки «Гиромидошти арзишҳои фарҳанги милливу умумибашарӣ дар сиёсати давлат мавқеи асосӣ дошта, тамоми муассисаҳои фарҳангӣ, воситаҳои ахбори омма, телевизион ва радио, шабакаҳои иҷтимоӣ вазифадоранд, ки фаъолияти худро доир ба ҳалли масъалаҳои зикршуда, пеш аз ҳама, ҳифзи истиқлолият, инчунин, инкишофи  тафаккури  миллӣ, баланд бардоштани  сатҳи маърифату ҷаҳонбинии аҳли ҷомеа, ҳифзи  мероси гаронбаҳои  миллати тоҷик ва муаррифии шоистаи  он ба ҷаҳониён тақвият бахшанд.»
Мардуми тоҷик аз замонҳои қадим  то имрӯз ҳамеша бо фарҳанг пайванди ногусастанӣ доштааст. Кохи фарҳанге, ки ниёгони шарафманди мо офаридаанд, дар тӯли ҳазорсолаҳо бунёд гардида, на танҳо омили мондагорӣ  гаштааст, балки ба пешрафти  тамаддуни башарӣ  мусоидат кардааст. Бахусус, дар аҳди Сомониён Мовароуннаҳр  ба яке, аз марказҳои  қавии  тамаддун табдил ёфта, як зумра нобиғаҳои илму адабу фарҳангро ба олам додааст. Суннатҳои устуворе, ки Рӯдакиву Фирдавсӣ, Ибни Синову Берунӣ ва ҳамсафони онҳо дар илму адаб  пайрезӣ намуданд, то имрӯз идома дорад. Аз ин ҷост, ки аз рӯзҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ Ҳукумати Тоҷикистон ба фарҳанг таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, пешбурду густариши онро аз вазифаҳои асосии худ қарор дод. Ҳанӯз дар замоне, ки хазинаи давлат пас аз фурӯпошии шӯравӣ ва шурӯи ҷанги шаҳрвандӣ холӣ шуда буд, бунёди муҷассамаи бузурги Исмоили Сомонӣ дар пойтахти ҷумҳурӣ оғоз гардид, ҳазорсолагии «Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсӣ дар сатҳи байналмилалӣ ҷашн гирифта шуд. Дар солҳои минбаъда дар остонаи  иди истиқлол ҳар сол  таҷлили ҷашни адибону донишмандон ва падидаҳои фарҳангӣ ба ҳукми анъана даромад.
Ҷашнҳои 800 - солагии шоиру орифи бузург Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, 1150 - солагии «падари шеъри форсӣ», бунёдгузори адабиёти тоҷику форс Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, 1310 - солагии Имоми Аъзам, 600 - солагии шоир ва мутафаккири бузург Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ, 1000 - солагии шоир ва мутафаккири барҷаста Носири Хусрав, 700 - солагии орифу шоири маъруф Мирсайид Алии Ҳамадонӣ, 100 - солагии адибону донишмандони шинохта Бобоҷон Ғафуров ва Мирзо Турсунзода ва амсоли инҳо дар даврони истиқлол бо шукӯҳу тантана баргузор гардиданд. Танҳо дар соли 2016 бо пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Трҷикистон  ва қарори созмони байналмилалии ЮНЕСКО се ҷашни фарҳехтагони илму ҳунар – 1150 - солагии Закариёи Розӣ, 1250 - солагии Ҳаким Тирмизӣ ва 100 - солагии Ғаффор Валаматзода таҷлил гардид. Ба муносибати ҷашнҳои мазкур даҳҳо рисолаву маҷмӯаҳо  ба табъ расида, ҳамоишҳои илмии байналмилалӣ бо иштироки донишмандони кишварҳои гуногуни олам баргузор гардиданд, ки дар баробари  таҳқиқи аҳволу осор ва тарғиби андешаву афкори онҳо ба баланд бардоштани маърифат ва эҳсоси худшиносиву худогоҳии миллии мардум, бахусус ҷавонон мусоидат намуданд.
Дар баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон раҳнамоӣ намуда, дар аксари онҳо суханронӣ кардааст. Ӯ, ҳамчунин таваҷҷуҳи роҳбарони вилояту ноҳияҳо ва мақомоти давлатиро ба рушди фарҳанг дар маҳалҳо ҷалб менамуд. Аз ин ҷост, ки дар даврони истиқлол тақрибан  дар ҳамаи ноҳияҳои ҷумҳурӣ  муассисаҳои гуногуни фарҳангӣ  қомат афрохтанд. Чунин тадбирандешиҳо ба ҳукми анъана даромадаанд. Ин ҳама дар баланд бардоштани сатҳи маърифату ҷаҳонбинии аҳли ҷомеа, ҳифзи мерос ва муаррифии он мусоидат хоҳад кард.
Мирзо МУЛЛОАҲМАД, доктори илми филология


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.01.2017    №: 6    Мутолиа карданд: 2868

11.12.2019


Баррасии масоили тақвияти ҳамкориҳо

Бахтиёр Худоёрзода бо ҳайати Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони САҲА мулоқот намуд

Намоиши филмҳои тоҷикӣ дар Бангладеш

“МАҲБУБИ ВАТАН”

Трамп: «Бо Лавров вохӯрии хубе гузарондем»

Зеленский гуфт, ки бо Путин гуфтушунид кардан мураккаб аст

Сарвазири Эфиопия соҳиби Ҷоизаи сулҳи Нобел шуд

«Толибон» дар шимоли Афғонистон 40 куҳансолро рабуданд

МУСОБИҚАИ СИТОРАҲОИ ДЗЮДО. Бори нахуст кишварро 4 гӯштигир намояндагӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

10.12.2019


Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Хуан Тсзян Жун

Шиносоии Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонии роҳҳои Душанбе

Дар доираи Озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» машварати корӣ баргузор гардид

Дар Париж, Москва ва Киев оид ба муовизаи асирон ба мувофиқа омаданд

Туркия ба рафъи хатари «Давлати исломӣ» дар Афғонистон мусоидат мекунад

Сарвазири нави Финляндия - ҷавонтарин дар ҷаҳон сарвари ҳукумат

Disney дар остонаи рекорди нави ҷаҳонӣ

Ҷаҳон дар як сатр

09.12.2019


Боз як майдончаи нави варзишу бозии кӯдакон кушода шуд

Сохтмони гузаргоҳи зеризаминӣ бо дарозии 260 метр

Чемпионати осиё. Тоҷикистон дар гурӯҳи "А"

Сӯхтор дар фабрикаи Деҳлӣ боиси марги беш аз 40 нафар шуд

Медведев шартҳои бастани шартномаи газ бо Киевро гуфт

Ёрии ҷаҳонӣ ба Афғонистон 46 дарсад коҳиш ёфт

Аморати Муттаҳидаи Араб кайҳоннавард интихоб мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

06.12.2019


Боздиди Рустами Эмомалӣ аз варзишгоҳи «Миллий»

Хуҷанд. Бунёди корхонаи истеҳсоли телевизор, яхдон ва кондитсионер

Масъалаи моҳияти сармояи инсонӣ дар рушди инноватсионӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт

Пекин аз Вашингтон кам кардани боҷи молҳои чиниро дархост намуд

ОПЕК истихроҷи нафтро метавонад кам созад

Дар мактабҳои Қазоқистон гузариш ба алифбои лотиниро мавқуф гузоштанд

Коррупсияро дар Қирғизистон тавассути рақамисозӣ бартараф карданианд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед