logo

сиёсат

ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР. ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН, КИ БА ДАРДИ БАШАРИЯТ МЕХӮРАД

Қабули қатънома дар бораи  Эъломияи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» (солҳои  2018 – 2028),  аз ҷониби Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид бо пешниҳоди Тоҷикистон имрӯзҳо дар сархати хабарҳост. Ташаббуси  роҳбарияти кишвар, ки ба дарди аҳли башар мехӯрад,  аз сӯйи доираҳои бузурги сиёсию иқтисодии ҷаҳон баҳои баландро сарфароз гашт. Вобаста ба аҳамияти ин иқдоми созанда дар бартарафсозии мушкилоти мавҷуда  ва натиҷаи кори олимону мутахассисони мамлакат дар самти масъалаҳои об, директори Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи илмҳои ҷумҳурӣ, доктори илмҳои техникӣ Зайналобуддин Кобулиев андешаҳои худро чунин баён дошт:

- Хушбахтона, 21 декабри соли 2016 Маҷмаи умумии  Созмони Милали Муттаҳид қатъномаи A/RES/71/222-ро зери унвони Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор», (солҳои 2018-2028)  бо ҳаммуаллифии 177 кишвари узви СММ қабул намуд.  Татбиқи қатъномаи  мазкур  соли 2018  аз Рӯзи ҷаҳонии захираҳои об  -  22  март  оғоз ёфта,  22  марти соли 2028 ба анҷом мерасад. Даҳсолаи нави байналмилалии амал “Об барои рушди устувор», (солҳои 2018 - 2028)  ҳамчун идомаи мутассил ва мантиқии Даҳсолаи байналмилалии амалиёти “Об барои ҳаёт», (солҳои 2005-2015) , ҷиҳати расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор бевосита мусоидат хоҳад намуд. Мувофиқи қатъномаи МУ СММ рушди устувор ва ҳадафҳои  эъломияи нав масъалаҳои зеринро фаро мегиранд:
- мудирияти ҳамгироёнаи захираҳои об ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва муҳитизистӣ;
- роҳандозии барномаю  лоиҳаҳои дахлдор;
- тавсеаи ҳамкорӣ ва шарокат дар ҳамаи сатҳҳо барои мусоидат ба татбиқи вазифаю  ҳадафҳои марбут ба захираҳои об, ки дар арсаи байналмилалӣ мувофиқа шудаанд;
- такмилу интишори дониш, осонгардонии дастрасӣ ба он,  мубодилаи иттилоот роҷеъ ба таҷрибаи беҳтарин ва  баҳрабардорӣ аз иттилооти нав  дар бораи қисмати марбут ба захираҳои оби Ҳадафҳои рушди устувор;
- бунёди шабакаҳо,  мусоидат ба ташаккули шарокат ва фаъолияти тарафҳои манфиатдор барои  иҷрои вазифаҳои марбут ба захираҳои об;
- тақвияти фаъолиятҳои иртиботӣ дар сатҳҳои гуногун  барои дастёбӣ ба ҳадафҳои вобаста  ба захираҳои об.
Қатънома қабл аз ҳама аҳамияти истифодаи оқилонаи обро бо назардошти иртиботи мутақобилаи захираҳои об бо маводи ғизо, энергетика ва муҳити зист дар бар мегирад. Ҳоло тадқиқоти  равандҳои  гидрофизикии дарёҳои Тоҷикистон ҷиҳати истифодаи оқилонаи захираҳои обию энергетикӣ заминаи устувори илмиро тақозо менамояд. Соли гузашта Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи илмҳои мамлакат доир ба мавзӯъҳои истифодаи маҷмаавии захираҳои оби дарёҳои фаромарзӣ ба манфиати гидроэнергетикию ирригатсионӣ, коркарди усулҳои танзими оптималии реҷаи дарё бо ёрии обанбор ва беҳдошти обии ландшафтҳо, арзёбии ҳолати обҳои зеризаминии шаҳри Душанбе бо истифода аз усулҳои гидрологияи изотопӣ ва динамикаи мувозинаи оби ҳавзаи дарёи Кофарниҳон корҳои илмӣ тадқиқотӣ ба анҷом расонд.
Ҳамкории институт  бо пажӯҳишгоҳҳои бонуфузи илмии ҷаҳон дар доираи масъалаҳои муҳими об, гидроэнергетика ва экология ба роҳ монда шудааст. Аз ҷумла, институт тибқи шартномаи байналмилалӣ, ҷиҳати мубодилаи илмӣ  бо Донишгоҳи миллӣ ва  институтҳои география,   масъалаҳои обу  гидроэнергетикаи Академияи илмҳои Қазоқистон фаъолияти муштараки илмию тадқиқотӣ дорад.
Дар доираи  робитаҳои судманди байналмилалии  ин муассисаи илмии кишвар   бо  институтҳои илмӣ -тадқиқотии гидротехника ва мелиоратсияи  Федератсияи  Русия, масъалаҳои обу гидроэнергетикаи Академияи миллии илмҳои Қирғизистон ва шуъбаи бехатарию  ҳимояи радиатсионии Маркази тадқиқотии Олмон -  Juelich GmbH  дар мавриди    омодасозии  кадрҳои баландихтисоси соҳа тадбирҳои зарурӣ андешида шудаанд.
Давоми соли  гузашта  ходимони илмии институт дар  30 чорабинии сатҳи ҷаҳонӣ вобаста ба мушкилоти норасоии об ва гидроэнергетика иштирок намуда, бо мисолҳои мушаххас саҳми роҳбарияти олии кишварро дар таҳкими муносибатҳои неки давлатҳо доир ба масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экология баён карданд.
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.01.2017    №: 6    Мутолиа карданд: 1638

29.05.2017


Иштироки Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи сарвазирони давлатҳои ИДМ

Баргузории ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқ

Баррасии масъалаҳои мубориза бо коррупсия ва роҳҳои пешгирии он

Номаҳои шодбошӣ ба унвони Ҳошим Гадоев

КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВӢ. Мактаби сулҳпарваронаи Пешвои миллат - раҳнамои ҷавонон

Ҷаҳон дар як сатр

Ҳаёти беш аз 24 миллион кӯдак зери хатар аст

Сарони G7 мубориза бо киберҷинояткоронро пурзӯр карданианд

НАТО ба эътилофи байналмилалӣ алайҳи “ДИ” ҳамроҳ мегардад

Маскав ба СММ лоиҳаи конвенсияи мубориза бо киберҷиноятро манзур сохт

Теъдоди ҷиноятҳои террористӣ дар Русия 10 маротиба коҳиш ёфт

28.05.2017


ХАТЛОН. Вохӯрии раиси вилоят бо ҷавонон

Ваҳдати миллӣ ва Соли ҷавонон. Чорабиниҳои идона дар Дубай ва Пекин

Як ҳамоиши муҳим

Гӯшаи кишоварз

23.05.2017


Ҳифзи амнияти шаҳрвандон яке аз вазифаҳои асосии кормандони милитсия аст

Машварати сиёсии Тоҷикистону Австралия

27 май – оғози моҳи шарифи Рамазон

Шаҳри Душанбе ва вилояти Хатлон нақшаро иҷро карданд

Ифтитоҳи маркази иттилоотӣ дар Дарвоз

ДАНҒАРА. Афзалияти боғҳои интенсивӣ

«Бозори ҳунар» дар боғи «Ирам»

Ҷаҳон дар як сатр

Таркондани ситоди «Аҳрор аш - Шам” дар Сурия

Эммануэл Макрон Владимир Путинро дар қасри Версал мепазирад

Назарбоев бо Трампу Тиллерсон мулоқот кард

Туркманистон ба Молдова кӯдакистон туҳфа намуд

Варзиш

22.05.2017


Ярмаркаҳои ҷойҳои кор дар доираи Соли ҷавонон

ХОРУҒ. Авҷи созандагиҳо ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ

ТАНЗИМ. Баррасии амали қонун дар ноҳияи Бохтар

Ҷаҳон дар як сатр

Риёз қароргоҳи маркази мубориза бо ғояи экстремистӣ

Ҷангиён аз шаҳри Хомс пурра бароварда шуданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед