logo

сиёсат

ИФТИХОР ВА МАСЪУЛИЯТИ БУЗУРГ

«Сарзамини азизи мо – Тоҷикистон табиати бою рангин, иқлими мусоид, хоки ҳосилхез, маъданҳои нодир, ҷангал, марғзорҳои сабзу хуррам дорад. Мо бояд аз ин шукрона гӯем, ки ҳамин обу хоки бафайз, ҳамин табиати босаховат дар мушкилтарин рӯзҳои ба сарамон омада баракату раҳматашро аз мо дареғ надошт». 
                                                                                                                                    Эмомалӣ РАҲМОН

 

Табиат барои инсони хирадманд неъмат асту об  арзишмандтарин сарвати табиат. Бе об ҳаёт нест, зиндагии  мавҷудоти олам ба об иртиботи ногусастанӣ дорад. Тоҷикистони биҳиштосои мо дар саргаҳи обҳои мусаффо воқеъ аст. Қисмати асосии қаламрави кишварро кӯҳҳои баланди барфпӯш ва пиряхҳои азим – манбаи бузурги  обҳои мусаффо ташкил медиҳанд.  Аз домани ин кӯҳсорон дарёҳои хурду калон ба водиҳо ҷорӣ шуда, заминҳои на танҳо Тоҷикистон, балки қариб тамоми минтақаро шодоб  мекунанд.
Заминҳои ташналаби замоне биёбони хушку беоби Осиёи Марказӣ асосан аз файзи ҳамин обҳо шодобу гулистон шудаанд. 60 % - и обҳои тамоми минтақа аз Тоҷикистон сарчашма  мегиранд. Тоҷикистон аз рӯи захираҳои об дар миқёси кишварҳои пасошӯравӣ дуюм ва дар Осиёи Марказӣ якум мебошад, дорои беш аз 1300 кӯл аст, ки ҳаҷми оби онҳо дар маҷмӯъ 46,3 километри мукааб, аз ҷумла беш аз 20 километри мукааб обҳои мусаффои нӯшоиро ташкил медиҳад. Қарокӯл, Зоркӯл, Чапдара, Ҳазорчашма, Искандаркӯл  калонтарин,  кӯли зебои Сарез калонтарину ҷавонтарини онҳост, ки 17,5 миллиард метри мукааб оби тозаю мусаффо дорад. Дар Тоҷикистон 947 дарё ва беш аз 200 чашмаи шифобахш мавҷуд аст.
Ин дар ҳолест, ки як қисми калони сокинони сайёра ба мушкилоти сахти норасоии об мувоҷеҳанд. Аз рӯи маълумоти  муассисаҳои соҳавии Созмони Милали Муттаҳид,  тақрибан 800 миллион сокини сайёра ба оби тозаи нӯшоӣ ва наздик ба 2,5 миллиард нафар ба шароити санитарию беҳдоштӣ  дастрасӣ надоранд. Буҳронҳои шадиди экологӣ, ки ҷаҳонро фаро  гирифтаанд, гармшавии глобалии иқлим, обшавии пиряхҳо, коҳиши гуногунии биологӣ, шӯршавии заминҳо  ва офатҳои дигари табиӣ пайомадҳои нохуш бор меоранд. Офатҳои афзояндаи табиӣ ҳамасола даҳҳо миллиард доллар хисорот оварда, одамонро ба фақру нодорӣ ва бехонумонӣ мубтало  месозанд. Дар пайи ин талабот ба оби тоза ба сабаби зиёд шудани аҳолӣ пайваста меафзояд. Чунин вазъ сиёсатмадори хирадманди ҷаҳон Сарвари тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмонро водор сохт, ки бо ташаббуси нави байналмилалӣ дар назди  ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ниҳоди муътабари он – Созмони Милали Муттаҳид ҷиҳати ҳалли мушкилоти доғу дарди башар пешниҳодҳои  арзишманд намоянд.
Аз ҷониби аксари кулли аъзои Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шудани ташаббуси нави башардӯстонаи  Сарвари тоҷикони ҷаҳон дар бораи эъломи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018 - 2028 шаҳодати равшани он аст, ки ҷаҳониён ба асолати башардӯстӣ ва хиради азалии  ин абармарди дунёи сиёсат ба чашми умеду эътимод менигаранд. Ин, албатта, обрӯву эътибори Тоҷикистонро дар чашми ҷаҳониён, дар арсаи байналмилалӣ боло мебарад ва дар ниҳоди ҳар як тоҷикистонии ватандӯст ифтихори бузургро бармеангезад.   
Ҳар яки мо аз чунин Сарвар, аз чунин кишвар ифтихор дорем. Аммо набояд фаромӯш созем, ки эъломи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018 – 2028 дар баробари ифтихори бузург ба дӯши мо ҳамчун кишвари пешоҳанги ин ташаббуси башардӯстона, ҳамчунин, масъулияти бузург низ мегузорад. Ҳадафи асосӣ аз эъломи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» ҷалб намудани таваҷҷуҳи кишварҳои ҷаҳон ба ҳалли мушкилоти марбут ба об, мудирияти беҳтару истифодаи самараноки захираҳои обӣ, ҳифзи шариконаи муҳити зист ва тавсеаи ҳамкорӣ, амалҳои молиявӣ, техникӣ ва афоиши маблағгузорӣ дар ин самт мебошад.
Кишвари мо дар саргаҳи оби тоза ҷойгир аст, бо вуҷуди ин, аз проблемаҳои марбут ба об вораста нест. Яке аз мушкилоти умдаи марбут ба об обшавии босуръати пиряхҳо бар асари гармшавии глобалии сайёра, дар натиҷа аз маҷрои худ берун баромадани  оби дарёҳо ва сар задани офатҳои табиӣ мебошад. Танҳо тобистони соли 2015 офатҳои табиии марбут ба обшавии босуръати пиряхҳо ба хоҷагии халқи ҷумҳурӣ беш аз 600 миллион доллар хисорот оварданд. Тайи 30 соли охир пиряхҳои Тоҷикистон дар пайи  тағйирёбии иқлим ва зиёд шудани ҳаҷми партови газҳои гулхонаӣ беш аз 1000 адад кам шудаанд. Дар ин ҷода ҷалби маблағҳои инвеститсионӣ ва густариши ҳамкориҳо бо мамолики ҳамсоя ва шарикони рушд муҳим аст. Дар таъминоти аҳолӣ бо оби тозаи нӯшоӣ низ ҳанӯз проблемаҳои  ҳалталаб кам нестанд.
Бо афзоиши корхонаҳои хурду калони саноатӣ, нақлиёту таҷҳизоти бо сӯзишвории нафтӣ коркунанда, ҳамзамон бо суръати баланд кам шудани масоҳати ҷангалзору чаманистонҳо мутаносибан партови газҳои гулхонаӣ ба фазо ва муҳити зист низ меафзояд.  Гарчанде Тоҷикистон аз ҷиҳати партови газҳои  зарарноки  гулхонаӣ ба атмосфера дар ҷаҳон яке аз ҷойҳои  охиринро ишғол намуда, дар қатори 6 кишвари дорои «иқтисоди сабз»  эътироф  шудааст, аз зиёни газҳои гулхонаии кишварҳои дигар, ки тавассути фазо ба қаламрави мамлакат ворид мешаванд, эмин нест. Рушди ташаккули «иқтисоди сабз» яке аз роҳҳои асосии коҳиш додани ҳаҷми  газҳои зиёновари гулхонаӣ ба атмосфераи сайёра мебошад. Дар ин раванд Тоҷикистон бо ниҳодҳои байналмилалии ҳифзи муҳити зист ҳамкории пайваста дорад. Зимнан, барномаҳои энергетикии кишвари мо дар ҷодаи истеҳсоли неруи барқ аз манбаъҳои барқароршавандаю аз нигоҳи экологӣ тозаи энергия  (98 дарсади неруи барқи истеҳсолнамудаи мамлакатро «энергияи сабз»  ташкил медиҳад) ба Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсолаи Созмони Милали Муттаҳид ва созмонҳои байналмилалии ҳифзи экология, муҳити зист, олами набототу ҳайвонот, замин, об ва фазо мутобиқат мекунанд.
Хайрулло Ибодзода, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, изҳор дошт, ки кормандони кумита барои амалӣ намудани масоили марбут ба ҳифзи муҳити зист ва нуктаҳои дигари Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018 -2028,  ки бо ташаббуси наҷиби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ шудааст,  аз ҳоло дар доираи салоҳияти худ омодагии ҷиддӣ гирифта истодаанд.
- Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ба масъалаҳои баланд бардоштани сифату тозагии об тавассути коҳиш додани ифлосшавии муҳити зист, таъмини дастрасӣ ба оби тозаи нӯшоӣ ва беҳдошт,  ҳифзи шабакаҳои экологии об ва густариши ҳамкориҳои судманд дар соҳаи идораи муштараки захираҳои обӣ таваҷҷуҳи хоса доранд. Ҳифзи табиат қарзи шаҳрвандии ҳар фарди бомаърифат аст. Аз ин рӯ, бояд  маърифати экологиии ҷомеаро баланд бардорем. Барои амалӣ намудани сиёсати  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи табиат, бахусус пешгирии  ифлосшавии об, хатарҳои марбут ба об, таъмини истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ татбиқи Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли  2020 идома дорад, - зикр намуд раиси кумита.
Ҳамкориҳои байналмилалии Тоҷикистон тайи Соли байналмилалии «Оби тоза», Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт»,  баргузории конфронсу 7 симпозиуми байналмилалии сатҳи баланд ва баррасии масъалаҳои  марбут ба обу экология бо кишварҳои узви ИДМ, минтақа, ҷаҳон, ниҳодҳои соҳавии СММ ва созмонҳои дигари байналмилалӣ хеле густариш ёфтаанд.
Тоҷикистон  боз макони гуфтугузорҳои муҳими роҳбарони кишварҳои ҷаҳон, созмонҳои байналмилалӣ, сармоягузорон ва ҳалли масоили дорои аҳамияти ҷаҳонӣ хоҳад буд. Даҳсолаи нави байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” ба ин раванд такону неруи тоза бахшида, барои густариши робитаҳои судманди Тоҷикистон  бо кишварҳои дуру наздик заминаҳои нав фароҳам хоҳад овард.
С. АЗИЗӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.01.2017    №: 7    Мутолиа карданд: 1556

19.09.2017


Мулоқоти Сарвазир бо намояндагони ширкати «Grupo АСS»

Густариши ҳамкориҳо бо Арабистони Саудӣ

Аввалин воситаи таълимӣ оид ба сиёсати хориҷии Тоҷикистон

Баргузории Форуми байналмилалии «Помир Инвест»

Як нишасти муҳим

Кристин Лагард: «Дар дунё соле 2 триллион доллари ИМА пора мегиранд»

Пентагон ба Афғонистон боз сарбоз мефиристад

Дар Чин беш аз 5 ҳазор мансабдор мӯҷиби ҷазо гашт

Далай – Лама: «Русия бояд узви НАТО бо қароргоҳаш дар Маскав шавад»

СҲШ мубориза бо терроризм ва экстремизмро тақвият мебахшад

18.09.2017


Низомиддин Зоҳидӣ бо Ҳаҷимэ Китаока мулоқот намуд

Баррасии масъалаҳои зӯроварии хонаводагӣ

ИДМ муқовимат бо терроризмро пурзӯр менамояд

Ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Финляндия густариш меёбанд

Бунёди мактабҳои замонавӣ дар шаҳри Роғун

Зимни озодсозии Мусул 1,2 ҳазор сокини осоишта қурбон шуд

СММ: теъдоди гурезаҳои роҳинҷа метавонад то 1 миллион расад

Дар Ҳиндустон дуюм сарбанди калонтарини ҷаҳон мавриди истифода қарор гирифт

Марин Ле Пен барои террористҳо суди вижа мехоҳад

Дубай калонтарин дар дунё неругоҳи офтобӣ месозад

15.09.2017


Бинои нави дафтари Котиботи байниидоравӣ ба истифода дода шуд

Вохӯрии Заробиддин Қосимӣ бо Солеҳ ибни Абдулазиз

Густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Туркия

Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии World Food Moskov

Нахустин Фестивали байналмилалии «Шашмақом» баргузор мегардад

Рейтинг: сокинони Тоҷикистон дасткушодтар шуданд

Торумори «Давлати исломӣ» фаро мерасад

Сарвазири Малайзия ҳодисоти Мянмаро геносид номид

Дар Остона шаш санад ба тасвиб мерасад

14.09.2017


Баргузории Форуми соҳибкорон ва шарикони рушд

Намоиши мусаввараҳои рассомони тоҷик дар Суғд

Сағирдашт. Захираи алафи табиӣ ба 4200 тонна расид

Зимистон. Дар Мурғоб омодагии ҷиддӣ мегиранд

«Истиқлол» ба марҳилаи финалии интерминтақавӣ Ҷоми КФО – 2017 роҳ ёфт


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед