logo

фарҳанг

ЗИ ҶӮЕ, КИ ХӮРДӢ АЗ Ӯ ОБИ ПОК...

Мусаллам аст, ки яке аз чор унсур, ки боиси ҳастии оламу одам гардида, об мебошад. Ба он ниёгони пуршарафи мо ба дидаи эътибор менигаристанд ва таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекарданд. Об дар ҳикматҳо мақоми волову қимати зиёдро пайдо намуд: обу ободӣ, об рӯшноӣ аст, об аст, ки покиву зебоӣ аст, хунро на ба хун, балки бо об мешӯянд, об додани ташна савоби бузург дорад.
Об дар «Авасто», ки китоби қадими ниёгони мост, ситоиш мешавад:
Обҳои чашмасоронро меситоем,
Обҳои гузаргоҳҳоро меситоем.
Кӯҳҳои обрезонро меситоем,
Дарёчаҳои обзойро меситоем.

Ин ҳама, албатта, нишони қадрдонӣ ва гиромидошти об буд.
Об дар китобҳои осмонӣ низ зикр ва ба навъе тавсиф мегардад. Аз Паёмбари гиромиқадр (с) мепурсанд, ки накутарин саховат кадом аст? Зимни посух изҳор медорад: «Саховат беш аз хайр кардани об нест».
Асадии Тӯсӣ, шоири маъруфи мо, дар хусуси гиромидошти об баён доштааст:
Зи ҷӯе, ки хӯрдӣ аз ӯ оби пок,
Нашояд фикандан дар ӯ сангу хок.

Албатта, боиси ифтихори ҳар тоҷику тоҷикистонист, ки Сарвари давлатамон бо шинохти бештару беҳтари ин фарҳанги воло ва таърихи қадимаи миллатамон ин мушкилот – нарасидани оби тозаро ба хотири ҳалли дурусти он дар дунё ба миён гузошт. То ба ӯ ҳеҷ сарвари давлате ба масъалаи мазкур бо эҳсоси дилсӯзӣ барои инсоният таваҷҷуҳи махсусе зоҳир накарда буд. Ҳол он ки ин масъала барои мо, ки кишвари болообу сарчашмаи об маҳсуб мешавем, масъалаи ташвишовар набуд.
«Вақти он расидааст, ки таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳон ба масъалаи оби тоза ва вобаста ба он ҷалб карда шавад», - таъкид намудааст Президенти мамлакат. Чаро? Чунки тавре худ иброз медорад: «Гузашта аз ин, мо аз он дар ташвиш ҳастем, ки зиёда аз як миллиард одам дар ҷаҳон ба оби тоза дастрасӣ надорад.
Вақте ки ба сабаби нарасидани оби тозаи нӯшокӣ аз панҷ як ҳиссаи аҳолии сайёра азият кашида, ҳар сол тақрибан панҷ миллион одам аз истеъмоли оби ифлос аз бемориҳои вобаста ба он ҷони худро аз даст медиҳанд, мо мардуми Осиёи Марказӣ, ки ин проблема, алалхусус бароямон мураккаб аст, наметавонем мавқеи бетарафиро ихтиёр кунем.»
Ҳамин тавр, бо ташаббуси Президенти мамлакати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид бо қатъномаи махсуси худ соли 2003 – юмро «Соли байналмилалии оби тоза» эълон кард. Бояд ёдовар шуд, ки ин пешниҳоди Сарвари давлатамон он замон аз ҷониби 149 давлати ҷаҳон дастгирӣ ёфта буд. Воқеан, дар ин маврид ҷомеаи ҷаҳонӣ бетараф буда наметавонист.
Созмони Милали Муттаҳид аз оғоз, яъне аз соли 2000 - ум то инҷониб дар ин маврид 7 қатънома қабул кард. Вақте ба натиҷаҳо ва дастовардҳои «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» воқиф мешавем, бисёр шод мегардему ифтихор мекунем. Нахуст, ин натиҷаҳо ва дастовардҳо дар миқёси ҷаҳон аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ мусбат арзёбӣ ва баҳогузорӣ шуданд. Баъдан, ба шарофати он аҳолии ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасинадошта дар ҷаҳон ба 700 миллион нафар коҳиш дода шуд. Инчунин, бо ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ тақрибан 1,5 миллион аҳолии кишвар ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ пайдо карданд.
Зарур аст, ки бо ҳисси ифтихор ва эҳсоси масъулият ба фарҳанги истифодабарии оби тозаи ошомиданӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир бинамоем ва ба қадри ин неъмати худодӣ бирасем.  Сарвари давлат барҳақ иброз доштааст, ки «Арзиши об аз нафту газу ангишт ва дигар анвои сӯзишворию захираҳои энергетикӣ ҷиҳати устувории мамлакат ва минтақа кам нест».
Абдукарим МУСТАФОЗОДА,
сармутахассиси шуъбаи дин,
танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.01.2017    №: 8    Мутолиа карданд: 3625

21.08.2019


Путин 4 сентябр бо Сарвазири Ҳиндустон музокирот мегузаронад

Амири Қатар даъвати Путинро ба ФИБП пазируфт

Даҳ ҳазор нафар бинобар сӯхтор дар пойтахти Бангладеш бе сарпаноҳ монд

Токио имкони ба мадор баровардани радифҳои ҳарбиро баррасӣ дорад

Ҷаҳон дар як сатр

ШИНОВАРӢ. Варзишгарони тоҷик ба Чемпионати ҷаҳон рафтанд

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед