logo

иқтисод

КИШОВАРЗОН: ОҒОЗИ СОЛ ФАРАҲБАХШ АСТ

Кишоварзони ноҳияи Ҷаббор Pасулови вилояти Суғд соли 2016 - ро бо натиҷаҳои шоён ҷамъбаст намуданд. Иҷрои дурнамои зироати асосии ноҳия – пахтаро 107,8 дарсад таъмин карданд, ки дар чанд соли охир нишондиҳандаи беҳтарин мебошад.

- Дар муваффақияти пахтакорони мо ассотсиатсияҳои истифодабарандагони оби ба номи Абдуғафур Самадов, ба номи Ҳаким  Олимов, «Зафари Тоҷикистон» ва ба номи Бобо Турдибоев саҳми калон гузоштанд,  - мегӯяд сардори раёсати кишоварзӣ Илҳомҷон Аҳмадов. -   Самараи заҳмати бобаракати пахтакорон буд, ки дар соли гузашта ба ҷойи 9670 тоннаи дурнамо 10423 тонна ашёи хоми саноатӣ истеҳсол кардем. Ассотсиатсияҳои истифодабарандагони оби зикршуда иҷрои дурнаморо мутаносибан 142 - 154 - дарсадӣ таъмин намуданд. Пахтакорони АИО - и Ҳаким Олимов ба ҷойи 1100 тоннаи дурнамо 1556 тонна пахта ҷамъоварӣ карда, иҷрои нақшаро 1,5 баробар ба ҷо оварданд.
Тибқи нақшаи кишоварзон бояд  дар майдони 2400 гектар ғалладона ва 50 гектар сабзавоти барвақтӣ мекориданд. Дар ин давра тадбирҳои тирамоҳию зимистониро сари вақт гузаронда, дар 2425 гектар ғалла ва 54 гектар сабзавот кишт карданд. Ҳоло ғизодиҳии якуми зироатҳои ғалладона давом дорад. Аллакай ба 1027 гектар нуриҳои маъданӣ андохта шудааст.
Аз сабаби боришоти зиёди тирамоҳу аввали зимистон шудгори заминҳои пахта ба таъхир афтодааст. Кишоварзон аз рӯзҳои мусоид пурсамар истифода бурда, шудгори заминҳо, шӯршӯӣ, яхобмонӣ ва ғизодиҳию дигар тадбирҳои фаровонсозии ҳосилро анҷом дода истодаанд.
Мирзои ФИРӮЗ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.01.2017    №: 10    Мутолиа карданд: 1600

17.09.2019


“ДУШАНБЕ – ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН”. САЗОВОРИ ҶОЙИ АВВАЛ

16.09.2019


Мулоқоти Маҳмадсаид Убайдуллоев бо Муҳаммадтақии Собирӣ

Ҳамкориҳо бо Созмони ҷаҳонии гумрук густариш меёбанд

Дар шаҳри Хоруғ маркази нави хизматрасонии ширкати Тсеll кушода шуд

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН

ҚАЛЪАИ ҲУЛБУК. Бозёфти таърихии мансуб ба асрҳои IX – X

Ҷаҳон дар як сатр

Тоҷикистону Британия Палатаи савдо таъсис доданд

Сарвазири Шӯрои давлатии Чин Россияро барои кишвараш шарики калидӣ хонд

Пристайко: «Дар муносиботи Киев ва Москва «ях об мешавад»

05.09.2019


Ҷаҳон дар як сатр

СОҲИБКОР СОҲИБВАТАН АСТ

НОҲИЯИ АЙНӢ. Зиндагӣ ранги тоза мегирад

03.09.2019


Россия ба пешниҳоди ҳамкорӣ ба Макрон посух дод

Миллион нафар амрикоӣ ба ҷойҳои бехавф кӯчонда хоҳанд шуд

Ҳалокати 20 сарбози неруҳои амниятӣ дар вилояти Қундуз

ИМА ва Чин ба молҳои якдигар боҷҳои нав ҷорӣ карданд

ТАЭКВОН – ДО. Дурахши варзишгарони тоҷик дар чемпионати ҷаҳон

Ҷаҳон дар як сатр

РОFУН. Таъсиси хатсайрҳои нави сайёҳӣ

29.08.2019


Раҳмон Озода Эмомалӣ сафири Созмони байналмилалии «Занони сиёсатмадори роҳбар» дар Тоҷикистон таъйин гардид

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Ҷейми Флай

ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН НАСИБИ ТЕННИСБОЗОНИ ТОҶИКУ ӮЗБЕК ГАРДИД

САРИДОРАИ БОЙГОНӢ. Мизи мудаввар бахшида ба Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ

Ҷаҳон дар як сатр

ИШТИРОКИ ҲАЙАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ҲИФЗИ МЕРОСИ ФАРҲАНГӢ

МТС. ЯК КОНФРОНСИ МУҲИМ

28.08.2019


ИДИ КАДУ ДАР ДУШАНБЕ

«БАҲОРИ ИСТИҚЛОЛ». ХАТСАЙРИ НАВИ САЙЁҲӢ ДАР ТУРСУНЗОДА

21.08.2019


Путин 4 сентябр бо Сарвазири Ҳиндустон музокирот мегузаронад

Амири Қатар даъвати Путинро ба ФИБП пазируфт

Даҳ ҳазор нафар бинобар сӯхтор дар пойтахти Бангладеш бе сарпаноҳ монд

Токио имкони ба мадор баровардани радифҳои ҳарбиро баррасӣ дорад

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед