logo

иқтисод

БМТ: САТҲИ ТАВАРРУМ МУЪТАДИЛ ВА ҚУРБИ АСЪОРИ МИЛЛӢ УСТУВОР АСТ

Бонки миллии Тоҷикистон натиҷагирӣ аз таҳлили сатҳи таваррумро дар моҳи декабри соли гузашта ва дар соли 2016 (маҷмӯан) расонаӣ намуд. Тибқи маълумот, таваррум дар моҳи декабр дар сатҳи 0,3 % нигоҳ дошта шуд, ки муътадил арзёбӣ гардида, нисбат ба моҳи ноябр 0,3 банди фоизӣ ва назар ба моҳи декабри соли 2015 - ум 0,1 банди фоизӣ камтар аст.
Моҳи гузашта дар ҷумҳурӣ нархи молҳои ғайриозуқа асосан бетағйир монда, арзиши хизматрасониҳои пулакӣ ба аҳолӣ 1,2% коҳиш ёфтаанд. Таварруми ҳосилшударо асосан 1% болоравии нархи молҳои ғизоӣ, аз ҷумла равғани пахта, чой, шир ва маҳсулоти  мавсимӣ, назири картошка, пиёз, себ ташкил додаанд.
Соли 2016 дар маҷмӯъ, бо вуҷуди таъсири номатлуби омилҳои берунӣ, нархҳо дар бозори истеъмолии кишвар муътадил  нигоҳ дошта шуданд. Сатҳи таваррум дар ҷамъбасти сол 6,1% - ро ташкил дод, ки асосан аз ҳисоби  афзоиши нархи маҳсулоти озуқаворӣ (6,8%), ғайриозуқаворӣ (5,7%) ва хизматрасониҳои пулакӣ (4,5%) таркиб ёфтааст. Ин нишондиҳанда назар ба натиҷаи интизории дурнамои соли 2016 (дар Дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016, ки бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида, 2 декабри соли 2015 дар сомонаи БМТ ба нашр расидааст, нигоҳ доштани таваррум дар сатҳи 7% пешбинӣ шудааст) 0,9 банди фоизӣ кам мебошад.
Аввали соли 2016 вобаста ба таъсири буҳрони сиёсию иқтисодӣ дар кишварҳои шарикони савдо ва тағйирёбии нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ болоравии нархи баъзе аз маҳсулоти бо асъори хориҷӣ аз беруни кишвар воридшаванда ва таъсири ин омил ба нархи маҳсулоти дохилӣ ба мушоҳида расид. Хусусан ҷаҳиши қурби асъори миллӣ – сомонӣ нисбат ба доллар барои сокинони кишвар мушкилот пеш овард. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нигаронӣ аз вазъи мавҷуда бо иштироки Сарвазир, муовини аввали Сарвазир, раиси Бонки миллии Тоҷикистон, роҳбарони вазорату идораҳои бахши иқтисоду молия, мақомоти андоз, гумрук, назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Палати ҳисоб ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ  доир ба роҳҳои таъмини рушди босуботи иқтисодӣ, фаровонӣ дар бозори истеъмолӣ ва муътадил нигоҳ доштани қурби пули миллӣ машварати корӣ доир намуда, масъулонро муваззаф сохт, ки барои ба низом даровардани вазъи молиявӣ – асъорӣ ва устувории қурби сомонӣ тадбирҳои қатъии фавриро роҳандозӣ намоянд. Президент супориш дод, ки тамоми амалиёти харидуфурӯш дар қаламрави ҷумҳурӣ бояд танҳо бо пули миллӣ ҷараён гирад ва барои аз миён бурдани монеаҳои сунъии доираҳои манфиатдору ҳаннотон шумораи нуқтаҳои бонкии мубодилаи расмии асъор зиёд карда шавад. Ҳамчунин, Президент ба масъулон дастур доданд,  ки ба қонунгузории амалкунандаи низоми бонкии мамлакат доир ба танзими асъор ва ҷавобгарӣ барои вайрон кардани он дар кӯтоҳтарин муҳлат тағйиру иловаҳо таҳия ва пешниҳод намоянд. “Тамоми корҳои вобаста ба сиёсати пулию қарзию асъорӣ ва тартиби амали он дар ҳамаи муассисаҳои ин соҳа, новобаста аз шакли моликият, бояд ба таври шаффофу назоратшаванда ба роҳ монда шавад ва мафҳумҳои “қурби давлатӣ” ва “қурби бозор” аз байн бурда шаванд. Қурб бояд якто бошад ва он на дар кӯча, балки аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон муайян ва танзим карда шавад”, — таъкид карданд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Боиси қаноатмандист, ки соли 2016  дар  арафаи моҳи шарифи Рамазон низ нархи гӯшт, биринҷ, тухм, шакар, пиёз, картошка, сабзӣ  ва маҳсулоти дигари асосии истеъмолии сокинон тағйир наёфт. Баръакс, шумораи соҳибкороне, ки ҳимматбаландӣ зоҳир намуда, дар ин моҳ ва арафаи ид молҳои мавриди ниёзи аввалро бо нархҳои арзонтар ба савдо бароварданд, хеле афзуд. Ҳукумати ҷумҳурӣ тавассути қабул ва татбиқи барномаҳои мухталифи соҳавӣ барои фаровонию арзонии маҳсулоти бозори истеъмолии кишвар ва нигоҳдории муътадилии нархи маҳсулот аз тадбирҳои босамар кор гирифт. Натиҷаҳои соли 2016 собит намуданд, ки роҳандозии тадбирҳои босамар, назири назорати қатъӣ, истифодаи фишангҳои пулию қарзӣ ва асъорӣ, нигоҳдории муътадили ҳаҷми пул дар гардиш ва пешгирии таъсири омилҳои берунию дохилӣ ба арзиши мол боиси устувории  нархҳои маҳсулоти  бозори истеъмолии кишвар ва қурби асъори миллӣ мегарданд.
С. АЗИЗ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.01.2017    №: 10    Мутолиа карданд: 1641

17.09.2019


“ДУШАНБЕ – ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН”. САЗОВОРИ ҶОЙИ АВВАЛ

16.09.2019


Мулоқоти Маҳмадсаид Убайдуллоев бо Муҳаммадтақии Собирӣ

Ҳамкориҳо бо Созмони ҷаҳонии гумрук густариш меёбанд

Дар шаҳри Хоруғ маркази нави хизматрасонии ширкати Тсеll кушода шуд

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН

ҚАЛЪАИ ҲУЛБУК. Бозёфти таърихии мансуб ба асрҳои IX – X

Ҷаҳон дар як сатр

Тоҷикистону Британия Палатаи савдо таъсис доданд

Сарвазири Шӯрои давлатии Чин Россияро барои кишвараш шарики калидӣ хонд

Пристайко: «Дар муносиботи Киев ва Москва «ях об мешавад»

05.09.2019


Ҷаҳон дар як сатр

СОҲИБКОР СОҲИБВАТАН АСТ

НОҲИЯИ АЙНӢ. Зиндагӣ ранги тоза мегирад

03.09.2019


Россия ба пешниҳоди ҳамкорӣ ба Макрон посух дод

Миллион нафар амрикоӣ ба ҷойҳои бехавф кӯчонда хоҳанд шуд

Ҳалокати 20 сарбози неруҳои амниятӣ дар вилояти Қундуз

ИМА ва Чин ба молҳои якдигар боҷҳои нав ҷорӣ карданд

ТАЭКВОН – ДО. Дурахши варзишгарони тоҷик дар чемпионати ҷаҳон

Ҷаҳон дар як сатр

РОFУН. Таъсиси хатсайрҳои нави сайёҳӣ

29.08.2019


Раҳмон Озода Эмомалӣ сафири Созмони байналмилалии «Занони сиёсатмадори роҳбар» дар Тоҷикистон таъйин гардид

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Ҷейми Флай

ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН НАСИБИ ТЕННИСБОЗОНИ ТОҶИКУ ӮЗБЕК ГАРДИД

САРИДОРАИ БОЙГОНӢ. Мизи мудаввар бахшида ба Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ

Ҷаҳон дар як сатр

ИШТИРОКИ ҲАЙАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ҲИФЗИ МЕРОСИ ФАРҲАНГӢ

МТС. ЯК КОНФРОНСИ МУҲИМ

28.08.2019


ИДИ КАДУ ДАР ДУШАНБЕ

«БАҲОРИ ИСТИҚЛОЛ». ХАТСАЙРИ НАВИ САЙЁҲӢ ДАР ТУРСУНЗОДА

21.08.2019


Путин 4 сентябр бо Сарвазири Ҳиндустон музокирот мегузаронад

Амири Қатар даъвати Путинро ба ФИБП пазируфт

Даҳ ҳазор нафар бинобар сӯхтор дар пойтахти Бангладеш бе сарпаноҳ монд

Токио имкони ба мадор баровардани радифҳои ҳарбиро баррасӣ дорад

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед