logo

фарҳанг

КИТОБ - ЯК РУКНИ МУҲИМИ ТАМАДДУНИ БАШАРӢ

«Китоб як рукни муҳими тамаддуни башарӣ ва ҷузъи ҷудонопазири зиндагии инсон аст»
Эмомалӣ РАҲМОН

Аз қадиммулайём мардуми мо ба китобу китобхонӣ шавқу рағбати зиёд дошт. Ин иддаоро бо пайдо шудани сангнавиштаҳо ва пӯстнигораҳо асоснок намудан мумкин аст. Зеро то имрӯз садҳо катибаҳои сангию пӯстӣ ба дасти муҳаққиқон расидаву аз қаъри қарнҳо ба мо мерос мондаанд, ки дар ҳар кадоми онҳо ҳикматею андарзе ё асноде, ҷиҳати асоснокии давлатдории миллии тоҷикон ҳаккокӣ гардидааст. Яке аз намунаҳои барҷастаи он эъломияи Куруши бузург мебошад, ки аввалин санад ҷиҳати озод будани инсоният ба шумор меравад. Гузашта аз ин номаҳои бостонӣ низ, ба монанди «Дарахти асурик», «Бундаҳишн», «Менуи хирад» ва монанди инҳо, ки бозгӯкунандаи намунаҳои волои фарҳангу тамаддуни миллӣ башумор мераванд, моро ба гузаштаи фарҳангсолори хеш ошно мегардонад.
Яъне дар ҳар давру замон миллати тоҷик, аз Ориён то Оли Сомон ва аз Оли Сомон то даврони истиқлолият мардуми тоҷик аз китоб ҷудо набуд ва нахоҳад гашт.
Аз умқи қарнҳо китоб як рукни муҳими тамаддуни инсоният ба шумор мерафт, махсусан барои миллати тоҷик, ки бо китоб пайвандии равонию ҷисмонӣ дорад. Ҳатто зери сари наврасону кӯдакон ва атфоли навзод китоб мегузоштанду тифлро бо ҳикмати китоб аз неруҳои аҳриманӣ дифоъ менамуданд. Ва кӯдакро бо китоб бузург менамуданд. Ин муносибат муносибати сирф психологӣ буда, кӯдакро бо китоб унс месозад. Ва то наврасию ҷавонӣ ва камолоти инсонияш худро аз ин неъмати фарҳангӣ ҷудо намесозад ва зиндагии худу фарзандонашро бо китоб оро медиҳад. Вақте дар оила падар дар даст рӯзнома ва ё китоб мутолиа намояд, фарзандаш инро дида мехоҳад мисли падар бошад. Ва падар низ дар баробари ин, агар китобу рӯзномаро хонда ба фарзанд аз шавқоварии он ва манфиати  мутолиа қисса намояд, фарзанд бедор хоҳад шуд ва ӯ низ мекӯшад, ки китоберо хонда ба падараш нақл бикунад. Пас, падар  шуури кӯдакро ба корҳои номашруъ нею ба корҳои нофеъ банд намуда, солимии равони кӯдакро таъмин месозад. Албатта, ин ҳам аз ҷониби марду зане, ки соҳиби маърифат, илму ҳунар ва фарҳанги волои инсонию оиладорӣ бошанд.
То соли 2010 дар васоити ахбори омма аз ҷониби шахсони гуногун як сухан аз забон то забон чархиш мехӯрд, ки «ҷавонони тоҷик аз китобу китобхонӣ ва китобхонаву адабу маърифат дур шудаанд». Вале бо бунёди бузургтарин китобхона дар Осиёи Марказӣ - Китобхонаи миллии Тоҷикистон аз ҷониби Пешвои миллат бори дигар исбот шуд, ки сухани боло асоси воқеӣ надорад.  
Танҳо дар соли 2016 шумораи умумии хонандагони ин даргоҳи маърифат ба 398548 нафар расидааст, ки ин рақам дар соли 2013 ба 181461 баробар буд. Бо зикри ин рақамҳо худ муайян мешавад, ки рӯз то рӯз ҷалби хонандагон ба Китобхонаи миллӣ афзуда, ҷавонон ба сӯи бинои китобхонаи бузург ҳамчун макони маърифату маданият ва махзани ирфону адаб нигариста, махзанҳои адабии Китобхонаи миллиро ҳамчун макони маърифатнокии афкор ва шуури худ мешиносанд ва қадр мекунанд.
Ин ташаббусҳо ва бунёдкориҳои Пешвои миллат моро водор мекунад, ки дар ин замина корҳои самарабахш ва барои таъмини ҳамаҷиҳатаи хонандагони худ бо маводи зарурӣ талош намоем ва тамоюли ҷавононро ба китобу китобхона боз ҳам бештар гардонем.
Салима РАҶАБОВА,
муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.01.2017    №: 10    Мутолиа карданд: 3108

21.08.2019


Путин 4 сентябр бо Сарвазири Ҳиндустон музокирот мегузаронад

Амири Қатар даъвати Путинро ба ФИБП пазируфт

Даҳ ҳазор нафар бинобар сӯхтор дар пойтахти Бангладеш бе сарпаноҳ монд

Токио имкони ба мадор баровардани радифҳои ҳарбиро баррасӣ дорад

Ҷаҳон дар як сатр

ШИНОВАРӢ. Варзишгарони тоҷик ба Чемпионати ҷаҳон рафтанд

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед