logo

фарҳанг

3D МОДЕЛСОЗӢ. АКНУН ДАР ҲУНАРИ ДӮЗАНДАГӢ НИЗ ИСТИФОДА МЕШАВАД

Дӯзандагӣ чун қисми таркибии саноати сабук, соҳаи ҳаётан муҳим ба ҳисоб меравад. Бисёр кишварҳои оламро ном бурдан мумкин аст, ки ҳамасола маҳз аз ҳисоби рушди соҳаи дӯзандагӣ фоидаи калон ба даст меоранд. Дӯзандагӣ барои миллати мо низ шуғли қадима ба ҳисоб меравад ва таърихи бой дорад. Мақоми халқии «Одаму либос, хонаву палос» далолат бар он менамояд, ки либоси хуштарҳу шинам пӯшидан, тақозои табиати инсони зебоипараст аст.
Вобаста ба пешравии ҷаҳон талабот ва завқи мардум ҳам дигар мешавад. Аз ҷумла, шаклу намудҳои нав ба нави либос ва матоъҳо ба вуҷуд меоянд, то ба талаботи айём мувофиқ бошанд.
Ҳоло вақти он расидааст, ки навгониҳои илмию техникӣ ба мисли кишварҳои пешрафта дар Ватани мо низ ба соҳаи дӯзандагӣ роҳ ёбанд. Бо назардошти ин, мехоҳем оид ба таҳияи 3D моделсозӣ дар соҳаи дӯзандагӣ нуктаи назари худро иброз дорем. Сохтани тарҳи сеандозагии либос аз рӯи ченаки мизоҷ таҳияи 3D моделсозӣ ном дорад. Лозим ба ёдоварист, ки дар замони муосир 3D моделсозӣ дар соҳаи дӯзандагӣ усули навтарин ва пешқадам ба ҳисоб меравад. Мутаассифона, усули мазкур ҳоло ба коргоҳҳои дӯзандагии мо қариб, ки роҳ наёфтааст.
Тарроҳии либос бо усули маъмулӣ, ки дӯзандагӣ мебошаду дар сатҳи ҳамвор сурат мегирад, суръати дӯхти либосро кашол медиҳад. Илова бар ин, баъди бо ин усул омода гардидани либос, ба он ягон тағйирот дароварда намешавад.
Мо метавонем чандин одами баробарқадро пайдо кунем. Аммо онҳо бо харобию фарбеҳӣ аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Як ҷиҳати муҳими моделсозии 3D ҳамин аст, ки ҳангоми тарроҳии либос ҳамин хусусиятҳо ба назар гирифта мешаванд.
Чуноне ки қаблан зикр шуд, 3D моделсозӣ сеандозагӣ мебошад. Бо ибораи дигар тарҳи либос на дар сатҳи ҳамвор, балки дар фазо ба вуҷуд меояд. Барои муайян намудани андозаи одам, аксбардорӣ аз се самт - пеш, қафо ва паҳлу сурат гирифта, дар барнома шакли одами ростистода пайдо мешавад. Албатта, маникенро ҳам дар ин маврид истифода бурдан мумкин аст. Бо усули  3D моделсозӣ андозаи ҳамаи қисмҳои бадан дақиқ муайян мегардад. Ҳамчунин,  навъи матоъ барои дӯхтани либоси фармоишӣ, буриши он, нақшу нигор ва ороишот, намуди кӯк, васеиву тангии қисмҳои либос нишон дода мешавад. Дар ин маврид барои дигаргун намудани модел, ворид кардани тағйирот ё иловае ба тарҳи пироҳан имкониятҳои бисёр мавҷуд аст.  Дар ин ҳолат либос баъди пурра ба талаботи мизоҷ ва ё фармоишгар мувофиқ шуданаш дӯхта мешавад.
Агар мо бо усули маъмулӣ либос дӯзонем, баъди андозагирию буридани либос дар марҳилаи аввал корҳо дастӣ анҷом дода мешавад, зеро баъди бо мошинаи дӯзандагӣ дӯхтан ҷудо кардани қисмҳо мушкил аст. Мизоҷ либоси фармудаашро пӯшида мебинад. Пас аз он, ки либосро ба тани ӯ мувофиқ сохтанд, ҷойҳои нолозимиро мебуранд ва сипас, медӯзанд, ки ин раванд, яъне дӯхтани либос чанд рӯзро дар бар мегирад. 3D моделсозӣ бошад, тамоми пешниҳоду дархости мизоҷро ба инобат мегирад ва тарҳи офаридаю дӯхташуда ҳатман ба муштарӣ писанд меояд.
Дар хотима ҳамин нуктаи муҳимро таъкид карданиям: 3D моделсозии либос бе донистани дониши компютерӣ ғайриимкон аст. Аз ин рӯ, тарроҳону дӯзандагонро лозим аст, ки техникаю технологияи компютериро омӯзанд. 
Нодира ДОМУЛЛОҶОНОВА,
ассистенти кафедраи дизайн ва меъмории Донишкадаи политехникии Донишгоҳи Техникии Тоҷикистон ба номи М.С. Осимӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.01.2017    №: 13    Мутолиа карданд: 3029

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал

ХАТЛОН. Таъсиси 31 корхона дар 6 моҳ

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГӢ. Ҳамкориҳо самар медиҳанд

"ТОҶИК ЭЙР". Парвозҳо аз нав шурӯъ гаштанд

Таъсиси 26 ширкати сайёҳӣ дар ним сол

ДДК. Шумораи омӯзгорони унвондор меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ. Музди миёнаи меҳнат – 1350 сомонӣ

ТИББИ ОИЛАВӢ МУҲИМТАРИН РУКНИ ТАНДУРУСТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед