logo

сиёсат

СИЁСАТИ ХОРИҶӢ ВА АФЗОИШИ НУФУЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОЛИ 2016

Дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон низ соли 2016, ки соли ҷашнвораи бузурги истиқболи 25 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад, пешравиҳои зиёд ба даст омаданд. Ин соли таърихӣ аз сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Мамлакати Арабистони Саудӣ, зиёрати Хонаи Худо, оромгоҳи Пайғамбари Ислом ҳазрати Муҳаммад (с) ва дар маҷмӯъ бо дуою фотиҳаи неки Сарвари давлат дар ин макони муқаддас дар ҳаққи Тоҷикистон ва сокинони сарбаланди он оғоз гардид.
Соли 2016, ки аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо зиёрати Қиблаи муъминон оғоз ёфт, дар маҷмӯъ бобарор ва судманд буд. Дар давоми сол миллати тоҷдору тоҷбарсар дар партави сиёсати хирадмандона ва бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба комёбию музаффариятҳои беназир ноил шуд. Дар сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мамлакати Арабистони Саудӣ дар маҷмӯи муносибатҳои ду давлати дӯсту шарик таҳаввулоти ҷиддӣ ба вуқӯъ пайваста, аз ҷумла, панҷ санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид, ки таҳкимбахшандаи пояҳои ҳуқуқии робитаҳои байнидавлатӣ дар соҳаҳои илм, технология, маориф, ҷавонон ва варзиш, алоқаи ҳавоӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ мебошанд.
Барои муаррифии ҳарчи бештари Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва дарёфти роҳу усулҳои нави мусоидат ба рушди ҳамкории байнидавлатӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2016 ба кишварҳои дигар сафарҳои расмию давлатӣ ва корӣ анҷом доданд, ки нақши ин боздидҳо дар таҳкими равобити дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон бо кишварҳои минтақа ва ҷаҳон хеле муассир аст. Аз ҷумла, зимни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Амороти Муттаҳидаи Араб Изҳороти муштарак оид ба густариши ҳамкории шарикӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб, Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Амороти Муттаҳидаи Араб оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи амният ва мубориза бо терроризм, Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Амороти Муттаҳидаи Араб оид ба интиқоли маҳкумшудагон, Ёддошти тафоҳум оид ба машваратҳои сиёсӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷӣ ва ҳамкориҳои байналмилалии Амороти Муттаҳидаи Араб, Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои миллии сайёҳӣ ва осори қадимаи Амороти Муттаҳидаи Араб оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ва Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Амороти Муттаҳидаи Араб оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таҳсилоти олӣ ва тадқиқоти илмӣ ба имзо расиданд. Сарвари давлат дар ин сафар бо роҳбарияти Олимақоми ин кишвар ва роҳбарону намояндагони ширкату марказҳои гуногуни хайриявӣ суҳбату мулоқотҳои судманд анҷом доданд.
Моҳи майи соли 2016 Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф оварданд. Дар анҷоми ин сафар, пас аз мулоқоту музокироти сатҳи баланди дуҷониба, Эъломияи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар бораи густариш ва таҳкими муносибатҳои дуҷониба ва Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оид ба истирдод ба имзо расид.
Дар доираи боздиди расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Давлати Кувайт ба имзо расидани Протокол дар бораи доир намудани машваратҳо байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Давлати Кувайт, Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Кувайт оид ба ҳамкории амниятӣ, Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маълумоти олӣ ва тадқиқоти илмӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Кувайт, Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Кувайт оид ба алоқаи ҳавоӣ, Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Кувайт оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди Кувайт оид ба рушди иқтисодиёти арабро метавон қадами устувору боварибахши роҳбарияти сатҳи Олии Тоҷикистон дар роҳи мусоидат ба таҳкими муносибатҳои байнидавлатӣ бо мамолики Араб маънидод намуд. То анҷоми сафари расмии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Кувайт маҷмӯи санадҳои ҳамкории дуҷониба 11 ададро ташкил медоданд, ки дар натиҷаи ин боздид шумораи онҳо ба 17 адад расонда шуд.
Рушду тавсеаи муносибатҳо бо кишварҳои Осиё, Осиёи Шарқӣ ва Ҷанубу Шарқӣ пайваста дар меҳвари сиёсати хориҷии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, дар соли 2016 дар ин самт тадбирҳои сиёсати “дарҳои кушода” ба таври боварибахш идома дода шуд. Бо анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Индонезия дар охири моҳи июл ва оғози моҳи август пояҳои ҳуқуқию қарордодии санадҳои ҳамкории байнидавлатӣ таҳкиму тавсеа ёфта, ҷамъи санадҳои танзимкунандаи муносибатҳои ду давлат ба 10 адад расид.
1 декабр, баъд аз анҷоми боздиди кории бобарор аз Венгрия, сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Чехия оғоз шуд. Дар Ҷумҳурии Чехия пас аз баргузории мулоқоту музокироти сатҳи баланд Изҳороти муштарак миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Чехия оид ба таҳкими ҳамкориҳо қабул гардид. Ҳамчунин, дар ҷараёни ин сафар Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Чехия оид ба алоқаи ҳавоӣ, Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Чехия, Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Конфедератсияи саноатчиёни Ҷумҳурии Чехия ва Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Чехия ба имзо расид.
Абдуфаттоҳ ШАРИФЗОДА,
доктори илмҳои таърих, профессор,
Самариддини АЙНИДДИН,
муовини роҳбари Хадамоти матбуоти
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Субҳиддин ШАМСИДДИНЗОДА,
Аълочии матбуоти Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.01.2017    №: 13    Мутолиа карданд: 1986

10.10.2018


Ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ баргузор мешавад

Таҳкими ҳамкориҳои Бонки миллии Тоҷикистон ва БАТР

Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Чакан» доир мегардад

СУҒД. Бунёд ва таъмири 110 иншооти фарҳангӣ

РАШТ. Сохтмони 140 иншоот

РОШТҚАЛЪА. Вусъати созандагӣ

“SLOW FOOD”. Муаррифии гулмоҳии амударёӣ ва оши палов

МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН ДАР ФИНАЛИ МУСОБИҚАИ "BANGABANDHU GOLD CUP"

09.10.2018


БАЛҶУВОН. Рӯ ба рушд

РАШТ. Авлавият ба ҳифзи муҳити зист

ТАНЗИМ. Қонуншиканон 25 ҳазор сомонӣ ҷарима шуданд

Сипоси сарвари ОПЕК Муҳаммад Баркиндо аз Владимир Путин

Сарони Россия ва Ӯзбекистон ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ карданд

Неруҳои эътилофи байналмилалӣ дар Афғонистон амнияти интихоботро таъмин месозанд

Лондон зери об мемонад?

Ҷаҳон дар як сатр

08.10.2018


Даҳ соли минтақаҳои озоди иқтисодӣ

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ. Мунтахаби Тоҷикистон – барандаи медалҳои нуқра

ДЗЮ-ДО. Натиҷаҳо аз Ҷоми Президенти Тоҷикистон

"ПАЛАНГИ ТИЛЛОӢ". Ғалабаи Ҷомӣ Ҳасанов

Сафари расмии Владимир Путин ба Ҳиндустон

Трамп ба вохӯрияш бо Путин дар Хелсинки баҳои баланд дод

Дар Туркия ҳамоиши чорҷониба оид ба Сурия баргузор мегардад

Селфи бо марг бозӣ кардан аст

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ. Футболбозони навраси тоҷик дар финал

04.10.2018


Анҷоми озмуни. “Маҳалла ва ташкилоти беҳтарин” дар Бохтар

КОНИБОДОМ. Деҳқонон ғолиби мусобиқа

Баргузории фестивали “Оши палов”

ТАНДУРУСТӢ. Назорат пурзӯр мешавад

Як мулоқоти муҳим

НБО - и "РОҒУН". Корҳои сохтмонӣ вусъат мегиранд

Сафари варзишгарони тоҷик ба Буэнос - Айрес

ТОҶИКОБОД. 31 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед