logo

маориф

СОҲАИ МАОРИФ. 600 МИЛЛИОНИ ҶУДОШУДА ҲАДДИ НИҲОӢ НЕСТ

Дар Паёми навини Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи маориф, бавижа, сохтмону барқарорсозии биноҳои таълимӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Аз ҷумла, таъкид гашт, ки дар соҳаи маориф аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ шумораи муассисаҳои таълимии аз хонаҳои шахсӣ ва вагонҳо баровардашуда, азнавсозӣ ва бунёдгардида беш аз 800 адад ва маблағи умумии барои ин кор сарфшуда 600 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Аммо, бо вуҷуди вусъати бунёдкориҳо дар ин самт дар манотиқи дурдасти кишвар ба хонандагон ҳоло ҳам дар хонаҳои шахсӣ ва вагонҳо таълиму тарбия медиҳанд. Мусаллам аст, ки баробари зиёд шудани шумораи хонандагони мактаб ниёз ба синфхонаҳои иловагӣ ва муассисаҳои таълимӣ низ меафзояд. Мувофиқи маълумоти дастрасгардида, дар қаламрави кишвар соли гузашта 201 бинои муассисаи таълимӣ барои 39028 ҷойи нишаст ва бо маблағи умумии 537 миллиону 562 ҳазор сомонӣ сохта ба истифода дода шуд.
Дар баробари ин, бино ба гуфтаи Абдуқодир Зарифов, сардори раёсати сохтмони асосии Вазорати маориф ва илм дар асоси «Барномаи давлатии сохтмон, таъмир ва азнавсозии мактабҳои миёна барои солҳои 2008 – 2015» дар миқёси мамлакат 101 бино аз хонаи шахсӣ ва 136 мактаб аз вагонҳо бароварда шуд. Ин бахши фаъолияти вазорат ҳанӯз идома дорад ва танҳо дар ҳудуди вилояти Хатлон то ҳол рӯйхати 22 мактаби дигар мураттаб гардидааст, ки синфхонаҳои алоҳида дар вагону хонаҳои шахсӣ таъсис ёфтаанд.
 - Албатта, 22 мактаб, - шарҳ медиҳад Абдуқодир Зарифов, - муассисаҳое нестанд, ки танҳо дар вагонҳо ё хонаҳои шахсӣ ҷойгир бошанд. Агар ғунҷоиши лоиҳавии ин ё он муассисаи таълимӣ пур шуда бошаду дар наздаш ҳадди ақал як вагонро ҳамчун синфхона истифода баранд, аллакай он ба рӯйхати барномаи мо шомил мешавад.
Ё худ, се – чор хоҷагӣ ба минтақаи дуртари деҳа мекӯчад, ё пештар кӯчида бошанд, соҳиби фарзанд шаванд. Аз сабаби дурии роҳ, обу ҳаво, бавижа, дар фасли зимистон барои кӯдакони худ хонаи шахсиеро ба  сифати синфхона мавриди истифода қарор дода, омӯзгор ҷалб мекунанд. Дар натиҷа, он хона низ ҳамчун хонаи шахсии таълимӣ ҳисобида мешавад.
Вазорат дар баробари муайян гаштани шумораи чунин муассисаҳо ҳатман онҳоро ба рӯйхат гирифта, пайи ислоҳаш мешавад.
Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.01.2017    №: 14-15    Мутолиа карданд: 3510

22.09.2017


Мулоқоти Сироҷиддин Аслов бо Кай Микканен

Баррасии татбиқи қонун «Дар бораи таҳсилоти калонсолон»

Масоили густариши ҳамкориҳо дар соҳаи маориф матраҳ гаштанд

Ҷаласаи XVI Кумитаи ҳамкории гумрукӣ

10 комбайни нав дар шолизор

21.09.2017


Вохӯрии Сироҷиддин Аслов ва Хосе Гратсиано да Силва

Баргузории конференсияи илмӣ-назариявӣ

Баррасии тавсеаи ҳамкориҳо дар соҳаи таҳсилоти олӣ

Дар Хуросон ҳосили хуб ба даст оварданд

Теъдоди қурбониёни заминларзаи Мексика ба 230 нафар расид

Дар Арабистони Саудӣ ба иди миллӣ бори нахуст занонро даъват намуданд

Насли нави рақамӣ иқтисоди Чинро дигар мекунад

20 миллиони фонди Ди Каприо ба ҳимояи муҳити зист

Дар дунё 40 миллион дар ғуломӣ қарор дорад

20.09.2017


Мулоқоти Сироҷиддин Аслов ва Петер Сиярто

Абдулхалил Бахтиёр: «Мардуми Афғонистон аз кумакҳои халқи тоҷик сипосгузоранд»

Таҷлили 26 - солагии Истиқлолияти давлатӣ дар Япония

Дар Тошканд Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мешавад

5 – УМИН БОЗИҲОИ ОСИЁ. 14 медал дар чаҳор рӯз

«Истиқлол» боз қаҳрамони мусобиқоти футболи кишвар

Истеҳсоли асал меафзояд

ҚАЛЛОБӢ кам, вале худсарона ишғол намудани замин зиёд шудааст

Ҷаҳон дар як сатр

Дар Мексика заминларзаи мудҳиш боиси ҳалокати 139 нафар гашт

Гутерреш ҳафт хатари ҷиддӣ ба инсониятро ном бурд

ИМА дар Сурия бо Русия сабқат намекунад

Макрон: «Созишномаи Париж оид ба иқлим таҷдиди назар нахоҳад шуд»

Минагузории сарҳад бо Бангладеш

Чин ҳуқуқи моликияти зеҳнии ширкатҳои хориҷиро ҳифз мекунад

19.09.2017


Мулоқоти Сарвазир бо намояндагони ширкати «Grupo АСS»

Густариши ҳамкориҳо бо Арабистони Саудӣ

Аввалин воситаи таълимӣ оид ба сиёсати хориҷии Тоҷикистон

Баргузории Форуми байналмилалии «Помир Инвест»

Як нишасти муҳим


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед