logo

иқтисод

ГУМРУК. ЧАРО ВОРИДОТИ МОЛУ НАҚЛИЁТ КОҲИШ ЁФТ?

Тибқи маълумоти омории мақомоти гумрук, гардиши тиҷорати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2016 дар маҷмӯъ 3 миллиарду 930 миллиону 300 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2015 396,7 миллион доллар кам мебошад. Аз маблағи умумии гардиши тиҷорати хориҷӣ 3 миллиарду 31 миллион доллар ба воридот ва қариб 900 миллион доллар ба содирот рост меояд.

- Омӯзиш ва таҳлили гардиши тиҷорати хориҷии ҷумҳурӣ дар соли гузашта собит сохт, ки дар ин сол бинобар сабаби идома ёфтани ноустувории вазъияти молиявӣ дар бозори ҷаҳонӣ ва вазъияти сиёсӣ дар як қатор давлатҳо, аз ҷумла, пастравии рушди иқтисодиёти шарикони асосии тиҷоратӣ ва коҳиш ёфтани талабот ба як қатор молу маҳсулоти содиротию воридотӣ, ба амал омадааст, - мегӯяд муовини аввали сардори хадамот Хуршед Каримзода. - Иҷрои дурнамои воридоти пардохтҳои гумрукӣ дар шаҳри Душанбе ба қадри 94,2 дарсад, вилояти Суғд 91,8 дарсад, шаҳри Турсунзода 70,8 дарсад, вилояти Хатлон 73,5 дарсад ва ВМКБ 110,8 дарсади дурнаморо ташкил додааст. Дар ин давра маблағи воридшудаи пардохтҳои гумрукӣ нисбат ба дурнамо ба андозаи 407,1 миллион сомонӣ ё 9,6 дарсад камтар ва нисбат ба пардохтҳои гумрукии ҷамъовардашудаи соли пешӣ 207,6 миллион сомонӣ зиёд аст.
Аз  таҳлили натиҷаи фаъолият бармеояд, ки соли 2016 ба иҷро нашудани нақшаи пардохтҳои гумрукӣ, асосан коҳишёбии воридоти мол ва воситаҳои нақлиёт таъсир расондааст. Тибқи маълумоти омори гумрукӣ, соли рафта нисбат ба соли 2015 воридоту содироти молу воситаҳои нақлиёт тавассути сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 396 миллион доллари амрикоӣ камтар сурат гирифтааст.
Таҳлилҳо нишон доданд, ки қисми зиёди молҳои дар соли 2016 кам воридгардида, онҳое мебошанд, ки махзани асосии андозбандишавандаро ташкил менамоянд, аз ин рӯ, тағйирёбии нархи мол дар бозори ҷаҳонӣ, махсусан номуназзамии нархи маҳсулоти нафтӣ, ба иҷрои дурнамои пардохтҳои гумрукӣ бетаъсир намонд. Танҳо аз ҳисоби коҳишёбии ҳаҷм ва арзиши 20 номгӯи молҳои воридотӣ, ба ҳисоби миёна 791 миллион сомонӣ пардохтҳои гумрукӣ ситонда нашудааст.
Бинобар коҳишёбии нархи нафт дар бозори ҷаҳонӣ арзиши воҳиди маҳсулоти нафтӣ низ коҳиш ёфт. Дар маҷмӯъ, нисбат ба соли 2015 арзиши гумрукии як тонна бензин 140 доллар ё 22,4 дарсад, сӯзишвории дизелӣ 118 доллар ё 19,0 дарсад ва сӯзишвории ҳавопаймоӣ 179 доллар ё 19,8 дарсад паст рафтааст. Танҳо аз ҳисоби коҳиш ёфтани нархи маҳсулоти нафтӣ зиёда аз 57,3 миллион сомонӣ ворид нагардид, ки ба иҷро нашудани дурнамои воридоти пардохтҳои гумрукӣ таъсири манфӣ расонд.
Мирзои ФИРӮЗ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.01.2017    №: 14-15    Мутолиа карданд: 1611

17.09.2019


“ДУШАНБЕ – ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН”. САЗОВОРИ ҶОЙИ АВВАЛ

16.09.2019


Мулоқоти Маҳмадсаид Убайдуллоев бо Муҳаммадтақии Собирӣ

Ҳамкориҳо бо Созмони ҷаҳонии гумрук густариш меёбанд

Дар шаҳри Хоруғ маркази нави хизматрасонии ширкати Тсеll кушода шуд

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН

ҚАЛЪАИ ҲУЛБУК. Бозёфти таърихии мансуб ба асрҳои IX – X

Ҷаҳон дар як сатр

Тоҷикистону Британия Палатаи савдо таъсис доданд

Сарвазири Шӯрои давлатии Чин Россияро барои кишвараш шарики калидӣ хонд

Пристайко: «Дар муносиботи Киев ва Москва «ях об мешавад»

05.09.2019


Ҷаҳон дар як сатр

СОҲИБКОР СОҲИБВАТАН АСТ

НОҲИЯИ АЙНӢ. Зиндагӣ ранги тоза мегирад

03.09.2019


Россия ба пешниҳоди ҳамкорӣ ба Макрон посух дод

Миллион нафар амрикоӣ ба ҷойҳои бехавф кӯчонда хоҳанд шуд

Ҳалокати 20 сарбози неруҳои амниятӣ дар вилояти Қундуз

ИМА ва Чин ба молҳои якдигар боҷҳои нав ҷорӣ карданд

ТАЭКВОН – ДО. Дурахши варзишгарони тоҷик дар чемпионати ҷаҳон

Ҷаҳон дар як сатр

РОFУН. Таъсиси хатсайрҳои нави сайёҳӣ

29.08.2019


Раҳмон Озода Эмомалӣ сафири Созмони байналмилалии «Занони сиёсатмадори роҳбар» дар Тоҷикистон таъйин гардид

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Ҷейми Флай

ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН НАСИБИ ТЕННИСБОЗОНИ ТОҶИКУ ӮЗБЕК ГАРДИД

САРИДОРАИ БОЙГОНӢ. Мизи мудаввар бахшида ба Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ

Ҷаҳон дар як сатр

ИШТИРОКИ ҲАЙАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ҲИФЗИ МЕРОСИ ФАРҲАНГӢ

МТС. ЯК КОНФРОНСИ МУҲИМ

28.08.2019


ИДИ КАДУ ДАР ДУШАНБЕ

«БАҲОРИ ИСТИҚЛОЛ». ХАТСАЙРИ НАВИ САЙЁҲӢ ДАР ТУРСУНЗОДА

21.08.2019


Путин 4 сентябр бо Сарвазири Ҳиндустон музокирот мегузаронад

Амири Қатар даъвати Путинро ба ФИБП пазируфт

Даҳ ҳазор нафар бинобар сӯхтор дар пойтахти Бангладеш бе сарпаноҳ монд

Токио имкони ба мадор баровардани радифҳои ҳарбиро баррасӣ дорад

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед