logo

иқтисод

СОХТМОН ВА МЕЪМОРӢ. ТАТБИҚИ НАҚШАҲОИ ГЕНЕРАЛӢ ВУСЪАТ МЕЁБАД

Тайи чанд соли охир тибқи нақшаи генералӣ биноҳои нави замонавӣ  дар   шаҳру ноҳияҳои вилоятҳои кишвар  низ сохтаю   ба истифода дода шудаанд ва ин раванд ҳанӯз ҳам ҷараён дорад.  

Ҷамшед Аҳмадзода, раиси Кумитаи  меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати ҷумҳурӣ,  изҳор  намуд, ки   айни замон аз  65 шаҳру ноҳияҳои кишвар  нақшаи генералии 39 шаҳру ноҳия бо қарори Ҳукумат тасдиқ гардида ва татбиқи он дар доираи нақша ҷараён дорад. Нақшаҳои генералии шаҳраки Обикиики ноҳияи Хуросон ва шаҳри Турсунзода бо вазорату идораҳо мувофиқа  гардида, барои тасдиқ ба Ҳукумат пешниҳод шудаанд. Пажӯҳишгоҳҳои лоиҳакашӣ ва корхонаҳои воҳиди давлатии кумита дар соли сипаришуда ба маблағи 27 миллиону  590 ҳазор сомонӣ корҳои лоиҳакашӣ, хизматрасонӣ, ҷустуҷӯию тадқиқотиро ба анҷом расонданд.
Рафти санҷишҳо аз ҷониби  мутахассисони кумита дар вилояти Хатлон  маълум намуд, ки  дар ин минтақа  камбудиҳо  бобати риоя нагардидани  талаботи  Кодекси шаҳрсозӣ  ба чашм мерасанд. Ҳамчунин,  назоратчиён  муайян намуданд, ки  дар минтақа  ҷараёни сохтмони биною иншооти ғайриқонунӣ ба роҳ монда шудааст.  Барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ба мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон мактуби расмӣ ирсол шуда, иҷроиши он зери назорат қарор дорад. Роҳбарияти кумита нисбат ба натиҷагирии санҷишҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон тасмим гирифтааст, ки  моҳи феврали соли 2017 дар шаҳри Қӯрғонтеппа ҷаласаи корӣ баргузор намояд. 
- Мо,  роҳбарияти кумита,  ҷидду ҷаҳдамонро баҳри амалисозии дастуру супоришҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ  оид ба  дурнамо -  ба кишвари рушдёбанда табдил додани Тоҷикистон  равона сохта, минбаъд дар доираи  татбиқи нақшаҳои генералӣ   корҳои созандагиро  боз ҳам вусъат мебахшем, -  мегӯяд Ҷ. Аҳмадзода. 
Иронбӣ МӮСОЗОДА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.01.2017    №: 18    Мутолиа карданд: 1694

20.02.2020


РУШДИ УСТУВОРИ ШАҲРСОЗӢ. ДАР ДУШАНБЕ ДОИР БА ИН МАВЗӮЪ СЕМИНАРИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДОИР ГАРДИД

ҶАМЪБАСТИ ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНИ "ДАСТАРХОНОРОӢ"

ДУШАНБЕ. ОМОДАГИҲО БА ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ. МУЛОҚОТИ ИНТИХОБКУНАНДАГОН БО ГУРӮҲИ КОРИИ КМИ ҲХДТ

РАШТ. ҲАМОИШИ СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГУ МЕҲНАТ

ГӮШТӢ. МЕДАЛИ БИРИНҶИИ ПАҲЛАВОНИ ТОҶИК АЗ ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ

ДАР ӮЗБЕКИСТОН ҲАМА АГЕНТИИ ХУСУСИИ ШУҒЛРО МЕБАНДАНД

ҚАЗОҚИСТОН: 90 ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ БАЪДИ БЕТАРТИБИҲО ДАР ҶАНУБИ КИШВАР

ДАР УХАН БОЗ 12 БЕМОРХОНАИ МУВАҚҚАТӢ БАРОИ БЕМОРОНИ COVID-19 КУШОДАНД

ПЙЕР ВИМОН: «ТАҲРИМОТИ ЗИДДИРУСӢ БАР ЗАРАРИ ХУДИ АВРУПО ШУДАНД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ КОМИССИЯ ОИД БА ОМОДАГӢ БА МАВСИМИ «ҲАҶ-2020»

КОДЕКСИ ОБ ИСТИФОДА ВА ҲИФЗИ ЗАХИРАҲОИ ОБИРО БА ТАНЗИМ МЕДАРОРАД

МАСОИЛИ ГУСТАРИШИ РОБИТАҲОИ ФАРҲАНГӢ МАТРАҲ ШУДАНД

КОНФРОНС БАХШИДА БА РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ

ЛИЖАРОНӢ. ҒОЛИБОН МУАЙЯН ШУДАНД

ДАР ӮЗБЕКИСТОН ДОДАНИ ЛИТСЕНЗИЯРО ТАҶДИДИ НАЗАР МЕКУНАНД

ҚАЗОҚИСТОН. 13 ФУРУДГОҲИ МАСИРИ ҲАВОИИ МАҲАЛЛӢ МЕСОЗАД

САРВАРИ ФЕЪЛИИ АФҒОНИСТОН АШРАФ ҒАНӢ БОЗ ПРЕЗИДЕНТ ИНТИХОБ ШУД

ТИҶОРАТ БАЙНИ ТОҶИКИСТОНУ ЧИН МОҲИ ЯНВАР ДУ БАРОБАР БОЛО РАФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

18.02.2020


ВКД. 161 УЗВИ ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТӢ ДАСТГИР ШУД

ФАРХОР. ҲОЛАТИ ҒАЙРИМЕЛИОРАТИВИИ ЗАМИНҲО МАВЗӮИ ДОҒ БОҚӢ МЕМОНАД!

18 ДОЛОНИ ЗИДДИТАРМАВӢ СОХТА МЕШАВАД

БОНУВОНИ НОҲИЯИ МУРҒОБ – ҒОЛИБИ ДАВРИ ВИЛОЯТИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ДАСТАРХОНОРОӢ»

ГРЕНЛАНДИЯ ОБИ ПИРЯХҲОРО БА САВДО БАРОВАРДАНИСТ

ДАР БЕЛАРУС СОЛИ 2023 ИСТИФОДАИ ЗАРФҲОИ ПЛАСТИКИРО МАНЪ НАМУДАНИАНД

ПЕКИН ДАР 6 РӮЗ КОРХОНАИ НАВИ ИСТЕҲСОЛИ НИҚОБҲОИ ТИББӢ СОХТАНИСТ

ЧИН ВА АСЕАН ДАР МАСЪАЛАИ КОРОНАВИРУС ВОХӮРИИ МАХСУС ДОИР МЕКУНАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.02.2020


"РУШДИ ЧОРВОДОРӢ ВА ЧАРОГОҲҲО". ТАТБИҚИ ЗЕРЛОИҲАҲО

ШАҲРИНАВ. ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД

ФАЪОЛИЯТИ 32 ГУРӮҲИ МУТАШАККИЛИ ҶИНОЯТӢ ҚАТЪ ГАРДИД

ҲАМКОРИҲО БО ШАРИКОНИ РУШД ТАҲКИМ МЕЁБАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед