logo

маориф

РАҲНАМО. БАРДОШТ АЗ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ

Дар Паёми навини Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба Маҷлиси Олӣ  дар қатори дигар соҳаҳои муҳими иҷтимоӣ ба маориф ҳамчун соҳаи афзалиятнок чун ҳамешагӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

Таъкид гашт, ки маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ заминаи моддиву техникии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар устувор гардонда шуда, барои азнавсозии ин зинаи таҳсилот, бахусус, ҷорӣ кардани стандартҳои байналмилалӣ, омода намудани кадрҳои босалоҳияте, ки ҷавобгӯи талаботи бозори дохиливу хориҷӣ бошанд, садҳо миллион сомонӣ сарф гардидааст. Фақат дар  соли 2016 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 201 бинои таълимӣ ба маблағи 540 миллион сомонӣ бунёд ва азнавсозӣ гардида, 39 ҳазор ҷойи нишаст муҳайё карда шуд.
Ҳамзамон, дар Паём як силсила вазифаҳо ба миён гузошта шудаанд, ки иҷрои онҳо барои рушди илми кишвар, расидан ба ҳадафҳои стратегии давлат бисёр муҳиманд ва ҳар як шахси масъулиятшиносу ватанпарвар вазифаҳои навбатии худ, равиши зиндагии худро дар нукоти он дида метавонад. Лозим ба ёдоварист, ки маҳз бо мақсади пешбурди иқтисоди миллии кишвар, омода намудани мутахассисони ба талаботи замон ҷавобгӯ Роҳбари давлат  1 - уми  сентябри соли 2015, зимни суханронии хеш бахшида ба Рӯзи дониш ва 70 – солагии таъсиси Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, нақши донишгоҳро «дар давоми ҳафтод соли фаъолияташ дар қатори дигар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар дар тарбияи меъморони маърифату маънавиёт – омӯзгорон ва мутахассисони бахшҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа ва давлат» яке аз «муҳимтарин мактабҳои олии вилоят ва мамлакат» шуморидаанд. Дар посух ба ин донишмандон ва омӯзгорони донишгоҳ бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ барои омӯзиш ва ҷустуҷӯи тадбирҳои шоиста дар ҷамъомади корӣ гирд омада, ҳар нуктаи Паёмро доир ба масъалаи дар амал татбиқ намудани меъёрҳои дар сатҳи байналмилалӣ эътирофшуда, омӯзиши технологияҳои инноватсионӣ, ворид намудани таҷҳизоти ҳозиразамон ва ба ин васила самаранок гардондани сифати таълиму тарбия, мавриди омӯзиш қарор доданд.Таъкид гардид, ки таълими фанҳои табииву риёзӣ, омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ ба беҳбудии ҷиддӣ ниёз доранд ва масъулони факултаҳо водор гардиданд, ки доир ба ин масъала чораҳои муассир андешанд ва аз ҷараёни корҳо пайваста роҳбарият ва шӯрои илмиро огоҳ созанд. Имрӯз шумораи кадрҳои дараҷа ва унвони илмидошта то ба 69 нафар номзади илм ва 16 нафар доктори илму профессор афзудааст ва ҳоло 20 нафар омӯзгорон барои дарёфти унвони номзади илм ва 8 нафар барои унвони доктори илм пажӯҳиш мебаранд. Албатта, ин рақамҳо хурсандибахшанд ва гувоҳи заҳмати омӯзгорон мебошанд. Аммо чуноне равшан аст, илмро амал зинат мебахшад, илме, ки фарҷомаш ихтироъкорӣ бошад. Ҳанӯз дар замонҳои дур ҳам шоир ба таъкиду раҳнамоии мо гуфтааст:

Илмат ба амал чу ёр гардад,
Қадри ту яке ҳазор гардад.

Ҳақ ба ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки фармудаанд: «Мо аз олимони худ, бахусус аз олимони ҷавон умеди калон дорем, ки дар ояндаи наздик илмро дар асоси дастовардҳои инноватсионӣ ба истеҳсолоти ватанӣ васеъ татбиқ карда, бо ҳамин роҳ дар рушди иқтисоди миллӣ саҳми арзишманди хешро мегузоранд».
Тавре дар Паём зикр гардид, дар шароити кунунӣ масъалаи сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот беҳбудиро металабад. Мо, аҳли маорифро зарур аст, ки  бо шукргузорӣ аз истиқлолият ва шароити хуби корӣ  тамоми неру, донишу малакаи худро ба ин самт равона созем.
Масъалаи дигаре, ки дар Паём таъкид шуд, ин омода намудани муҳаққиқони ҷавони ихтироъкору навовар, ташкили озмунҳои илмию эҷодӣ, боло бурдани тафаккури техникию ихтироъкорӣ, бештар азхуд намудани фанҳои дақиқ, забонҳои хориҷӣ ва омӯзиши технологияҳои иттилоотиву иртиботӣ мебошад. Зеро таърих собит сохтааст, ки рушди ҷомеа аз мутахассисони соҳаи техникаю технология вобастагии зиёд дорад. Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушд қадам гузошта истодааст, ҳамасола даҳҳо корхонаҳои саноатӣ ба истифода дода мешаванд. Табиист, ки барои ба роҳ мондани технологияҳои нав дар корхонаҳои саноатӣ зарурати тарбия намудани мутахассисони ин соҳа пеш омадааст.  Аз таҷрибаи давлатҳои рушдёфтаи дунё мебинем, ки онҳо дар ибтидо маҳз ба ҳамин масъала диққати ҷиддӣ дода, мутахассисони ватании худро тарбия намудаанд.
Ба пиндори мо, дар мактабҳои таҳсилоти олии касбӣ, пеш аз ҳама,  як фазои дониш эҷод кардан муҳим аст. Хонандаи дирӯзаи мактабро мебояд барои ворид гаштан ба ҷаҳони андешаи илмӣ во дошт. Донишҷӯ бояд дар мавриди масъалаву муаммоҳои дар ҷомеа вуҷуддошта андешаронӣ кунад, битавонад назари хешро барои бартараф намудани ин ё он муаммо, пешниҳод кунад. Ҳаргиз аз хотир дур намеравад суханҳои Пешвои муҳтарамамон Эмомалӣ Раҳмон, ки гуфта буданд: «Вақте мо дониш ва иттилоотро омили қудрати миллатҳо меномем, он танҳо ба маънои қудрати сиёсӣ ва низомӣ нест. Балки дониш имрӯз барои давлатҳо ва миллатҳо қудрати иқтисодӣ, тавони молиявию амниятӣ ва суди дилхоҳ ба бор меорад. Масалан, баъзе кишварҳои пешрафтаи Аврупо, аз ҷумла Шведсия, Норвегия ва Финландия, ки масоҳати нисбатан хурд ва аҳолии кам доранд, тавонистанд низоми беҳтарин маориф, сатҳи баланди саводи аҳолӣ ва рушди технологиро таъмин намоянд. Ин давлатҳо аз ҳисоби таҳқиқоти илмӣ ва ихтирооту навовариҳои технологӣ даромаде ба даст меоранд, ки аз фоидаи баъзе кишварҳои содиркунандаи нафт зиёдтар мебошад. Онҳо, бо вуҷуди ин ки захираҳои фаровони табиӣ надоранд, маҳз аз ҳисоби сатҳи баланди илму маърифат ва дастовардҳои технологӣ сатҳи шоистаи зиндагии мардуми худро таъмин менамоянд.
Метавон гуфт, ки Паёми Пешвои миллат як бедорие дар миёни донишҷӯён ва омӯзгорони донишгоҳи мо  эҷод кард. Чунончи, Ҷамъияти илмии донишҷӯён, ки ҷиҳати ҷалби донишҷӯён ба маҳфилҳои илмии мубоҳисавӣ созмон ёфта буд, конференсияи ғайринавбатӣ доир намуда, нақшаи кории худро бар пояи нишондодҳои Паёми навбатии Пешвои миллат бозбинӣ ва такмил намуд. Дар назар гирифта шуд, ки аъзои Ҷамъияти илмии донишҷӯён дар атрофи масъалаҳои иқтисодӣ, усули омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ, нақши равшанандешон дар болоравии сатҳи фарҳангии мардум ва монанди он масъалаҳои мубрам, ба таҳқиқоту пажӯҳишҳо бипардозанд.
Чунин ба назар мерасад, ки муҳимтарин вижагии таълиму тарбия, фаъол гардондани донишомӯз ва азбар намудани дониш ба василаи худи ӯст. Бинобар ин, таваҷҷуҳи шоиста доштан ба ташкили маҳфилҳои гуногун дар ҳар факулта ва доир намудани маҳфилҳои умумидонишгоҳиро мо яке аз самтҳои чашмгири фаъолияти худ донистаем. Дар донишгоҳ дар баробари маҳфилҳои фаннии риёзӣ, химия, биология, рӯзноманигорӣ, менеҷер – бозоршинос, забоншиносиву адабиётшиносӣ ва монанди он маҳфилҳои «Шоҳномахонӣ», «Маснавихонӣ», «Адибони ҷавон» ва “Парвози шоҳин” амал мекунанд, ки зеҳни ҷавонон ба таҳқиқу таблиғи масъалаҳои худшиносиву худогоҳӣ, ҳифзи арзишҳои миллии таърихиву фарҳангӣ, тавсеаи ҷаҳонбинии демокративу дунявӣ, пойдории ваҳдат ва суботи ҷомеа ҷалб карда мешаванд.
Падидаи ҷаҳонишавӣ аз баҳсбарангезтарин масъалаҳои рӯз ба шумор меравад. Он дар тасмимгириҳо ва фаъолиятҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии инсонҳо нақши таъйинкунандае дошта, марзҳои ҷуғрофиёиро ба ҳадди ақал мебарад ва манфиатҳои мардуму кишварҳоро беш аз пеш ба ҳам печонда, илова ба колову хизматрасониҳо, афкору дониши башариро низ бемарзу сарҳад мегардонад. Ҳамзамон, равандҳои ҷаҳонишавӣ ба шиддат гирифтани муборизаҳои иттилоотӣ, воридшавии мафкураи бегона ба зеҳни ҷомеа сабабгор мешавад. Вобаста ба ин, таваҷҷуҳи олимону омӯзгорон ба масъалаҳои ривоҷи мафкураи миллӣ, таҳкими давлатдорӣ ва рушди иҷтимоиву сиёсии ҷомеа, баҳам омадани неруҳои созандаи кишвар ва ҳифзи манфиатҳои стратегии Тоҷикистон, мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, хурофотпарастиву ифротгароӣ нигаронда шуда, тасмим гирифта шудааст, ки аз тарафи устодони фанҳои ҷомеашиносӣ дар гурӯҳҳои таълимии факултаҳо лексияҳои тафсилӣ гузаронда шаванд ва дар ин замина ҳамоиши саволу ҷавобҳо доир гардад. Ҳамчунон, барои баланд бардоштани ҳисси худогоҳии миллӣ ва инкишофи ҷаҳонбинии донишҷӯён як силсила омӯзишҳои алоҳида, аз он ҷумла, омӯзишҳое чун «Китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих» - и  Эмомалӣ Раҳмон ва «Шоҳнома» - и Фирдавсӣ; ду раҳнамо дар  бозшинохти ҳувияти миллӣ», «Таърихи динҳои ҷаҳон», «Асосҳои хештаншиносӣ ва худогоҳии миллӣ» ба роҳ монда мешаванд.
Дар Паём ҳамчунин, таваҷҷуҳи хосаи Пешвои миллат ба ҷавонон зоҳир гардид. Онҳо, ки давоми умри мо ва ояндаи давлату миллат ҳастанд, ҳамчун неруи созандаву бунёдкор дар  рушди ҷомеа нақши муҳим доранд. Аз ин рӯ, Сарвари давлат соли 2017 - ро  дар ҷумҳурӣ Соли ҷавонон эълон намуд. Чунин таваҷҷуҳ, эҳтиром ба ҷавонон, боло бурдани мақому манзалати насли ҷавон дар ягон асру дар ягон давлати дигар дида нашудааст. Вобаста ба ин, ҷавонони моро зарур аст, ки бо ҳисси баланди миллӣ, бо ифтихор аз Ватан, миллат,  давлати худ, забон ва фарҳанги хеш баҳри боз ҳам ободу зебо гардидани Тоҷикистони биҳиштосо саъю талош намоянд.
Ҷавҳари Паёми навбатиро масъалаи хеле муҳим – рушди неруи инсонӣ низ  дар бар мегирад. Ҳама тадбирҳои Пешвои муаззами миллат низ ба он  равона гардидааст, ки сатҳу сифати зиндагии мардум рӯз аз рӯз беҳтару хубтар, кишвар ободу зеботар гардад. Рисолат ва ҳикмати Паём низ дар он ифода мегардад, ки роҳнамо барои фардо буда, мардумро ба ояндаи дурахшон ҳидоят менамояд.
Абдулло ҲАБИБУЛЛО,
ректори  Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.01.2017    №: 18    Мутолиа карданд: 3607

23.06.2018


Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Невен Мимитса

Масоили амният ва суботи минтақа матраҳ гардиданд

Ҳамоиш ба муносибати 21 - солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ

Корхонаи коркарди маҳсулоти ширӣ ба кор шурӯъ кард

13.06.2018


Шиносоии Сарвазири мамлакат бо фаъолияти корхонаҳои пойтахт

12 медали варзишгарони тоҷик дар Ҷоми Ӯзбекистон

Боздиди ҳайати Ӯзбекистон аз НБО Роғун ва мавзеи сайёҳии Варзоб

Ҷаҳон дар як сатр

Вохӯрии таърихӣ - муқаддимаи сулҳ

Дар Муғулистон Маркази байналмилалии тадқиқотии кишварҳои рушдкунанда ташкил шуд

Сарвари Сандуқи байналмилалии асъор аз хатар ба иқтисоди ҷаҳонӣ огоҳ сохт

Бонки миллии Қирғизистон 90 дарсади даромадашро ба давлат медиҳад

12.06.2018


Баргузории ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СААД

Баимзорасии созишномаи ҳамкорӣ

Вазорати маориф ва илм ба ҷадвали санҷишу имтиҳонҳо тағйирот ворид кард

Баистифодадиҳии корхонаи коркарди санги хоро

Ҷаҳон дар як сатр

СААД ба Тоҷикистон дар таҳкими марз бо Афғонистон ёрӣ мерасонад

Дар Чин сафари Путинро комёбии мутлақ унвон карданд

Баррасии вазъи Афғонистон, Сурия ва Корея дар Алмаато

Мирзиёев хостори "долони озод"-и тиҷоратии СҲШ шуд

Минск аз Чин 800 миллион юан ёрии ройгон мегирад

08.06.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Никлас Линдквист

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ баргузор мешавад

Иди саиди Фитр дар Тоҷикистон 15 июн таҷлил мегардад

Муҳлати бақайдгирии шаҳрвандони хориҷӣ аз 3 то 10 рӯзи корӣ тамдид шуд

Як вохӯрии судманд

РАШТ. Бунёду азнавсозии муассисаҳои таълимӣ вусъат мегирад

МОҲӢ. Афзоиши истеҳсол

Тақвими бозиҳои Ҷоми ҷаҳон

07.06.2018


Баргузории ҷаласаи навбатии кумитаи тадорукот

Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Алӣ Муборак ал-Муҳаннадӣ

Корхонаи парандапарварӣ ба истифода дода хоҳад шуд

Тоҷикистон боз дар мақоми аввал


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед