logo

иқтисод

ИСТЕҲСОЛОТИ ХАТАРНОК. ИЛОҶИ ВОҚЕА ПЕШ АЗ ВУҚӮЪ

Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2016 оид ба танзими санадҳои меъёрии ҳуқуқии бехатарии саноатӣ ва назорати риояи қонунгузорӣ дар соҳаи истифодаи оқилона ва ҳифзи қаъри замин, муомилот бо моддаҳои тарканда корҳои зиёдро ба анҷом расонд.

Дар корхона ва иншоот 709 назорати техникӣ гузаронда, бехатарии корҳо дар саноати кимиё ва металлургӣ, истифодаи гази моеъ ва зарфҳои зери фишор коркунандаро санҷидааст. Барои бартараф намудани камбудиҳо ба роҳбарон ва шахсони масъули корхонаю иншоот 769 нишондод пешниҳод намудааст, ки 101 - тоаш оид ба бартараф намудани камбудӣ то қатъи фаъолияти кор мебошад.
Дар соли сипаригардида нозироти давлатии назорати саноати кимиё ва металлургии хадамот низ фаъолияти густурда дошт. Дар 95 корхона ва 212 иншоот, ки зери назорати кормандони он қарор дошт, бисёр камбудиҳо ошкор ва бартараф гаштанд.
- Соли  2016 барои саноати кишвар соли пешравӣ буд. Дар  ноҳияи Ёвон корхонаи муҳташами креолит ва алюминийи фтордор ва дар шаҳри Ҳисор коргоҳи металлургӣ ба кор даромаданд, - мегӯяд Ҳайбулло Тиллоев, сардори ин нозирот. – Фаъолияти корхонаи креолити Ёвон, ки дар бобати индустрикунонии кишвар нақши назаррас хоҳад гирифт, ба назорати доимӣ ниёз дорад. Зимни  назорати техникӣ дар корхонаи креолит,  КВД «Ширкати алюминийи тоҷик», комбинати маъдантозасозии Такоб, ҶСК “Обшорон”, ҶДММ “Хишти Хуҷанд, ҶДММ “Гушикай ЛТД”, ҶДММ”Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой”  камбудиҳои зиёд ошкор гардиданд. 
Ҳайати нозироти мо назоратро аз болои корхонаҳои навтаъсис ҷиддӣ ба роҳ монда, барои пешгирии ҳодисаҳои нохуш  кӯшиши зиёд намуданд.
Бо  мутахассисони корхонаҳои зери назорат, ки ба бехатарии корҳо вобастаанд,  робитаи хуб дорем ва онҳоро ба омӯзиш фаро гирифта, нозукиҳои корро ёд медиҳем. Ҳама кӯшиш ба он равона гардидааст, ки дар корхонаҳои истеҳсолоташ хатарнок садамаҳо рух надиҳанд.
Соли  гузашта нозирон роҳбарону мутахассисони як қатор корхонаҳоро барои роҳ додан ба камбудиҳо ба маблағи 35480 сомонӣ ҷарима бастанд.
Мирзои ФИРӮЗ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.01.2017    №: 19    Мутолиа карданд: 1695

17.09.2019


“ДУШАНБЕ – ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН”. САЗОВОРИ ҶОЙИ АВВАЛ

16.09.2019


Мулоқоти Маҳмадсаид Убайдуллоев бо Муҳаммадтақии Собирӣ

Ҳамкориҳо бо Созмони ҷаҳонии гумрук густариш меёбанд

Дар шаҳри Хоруғ маркази нави хизматрасонии ширкати Тсеll кушода шуд

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН

ҚАЛЪАИ ҲУЛБУК. Бозёфти таърихии мансуб ба асрҳои IX – X

Ҷаҳон дар як сатр

Тоҷикистону Британия Палатаи савдо таъсис доданд

Сарвазири Шӯрои давлатии Чин Россияро барои кишвараш шарики калидӣ хонд

Пристайко: «Дар муносиботи Киев ва Москва «ях об мешавад»

05.09.2019


Ҷаҳон дар як сатр

СОҲИБКОР СОҲИБВАТАН АСТ

НОҲИЯИ АЙНӢ. Зиндагӣ ранги тоза мегирад

03.09.2019


Россия ба пешниҳоди ҳамкорӣ ба Макрон посух дод

Миллион нафар амрикоӣ ба ҷойҳои бехавф кӯчонда хоҳанд шуд

Ҳалокати 20 сарбози неруҳои амниятӣ дар вилояти Қундуз

ИМА ва Чин ба молҳои якдигар боҷҳои нав ҷорӣ карданд

ТАЭКВОН – ДО. Дурахши варзишгарони тоҷик дар чемпионати ҷаҳон

Ҷаҳон дар як сатр

РОFУН. Таъсиси хатсайрҳои нави сайёҳӣ

29.08.2019


Раҳмон Озода Эмомалӣ сафири Созмони байналмилалии «Занони сиёсатмадори роҳбар» дар Тоҷикистон таъйин гардид

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Ҷейми Флай

ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН НАСИБИ ТЕННИСБОЗОНИ ТОҶИКУ ӮЗБЕК ГАРДИД

САРИДОРАИ БОЙГОНӢ. Мизи мудаввар бахшида ба Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ

Ҷаҳон дар як сатр

ИШТИРОКИ ҲАЙАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ҲИФЗИ МЕРОСИ ФАРҲАНГӢ

МТС. ЯК КОНФРОНСИ МУҲИМ

28.08.2019


ИДИ КАДУ ДАР ДУШАНБЕ

«БАҲОРИ ИСТИҚЛОЛ». ХАТСАЙРИ НАВИ САЙЁҲӢ ДАР ТУРСУНЗОДА

21.08.2019


Путин 4 сентябр бо Сарвазири Ҳиндустон музокирот мегузаронад

Амири Қатар даъвати Путинро ба ФИБП пазируфт

Даҳ ҳазор нафар бинобар сӯхтор дар пойтахти Бангладеш бе сарпаноҳ монд

Токио имкони ба мадор баровардани радифҳои ҳарбиро баррасӣ дорад

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед