logo

туризм

САЙЁҲӢ. НАҚШИ БАХШИ ХИЗМАТРАСОНӢ ДАР ОН

Бино ба маълумотҳо, дар кишварҳои мутараққӣ нисфи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба бахши хизматрасонӣ рост меояд, ки дар рушди иқтисодиёти онҳо саҳми назаррас дорад.
Саноати сайёҳии муосир дар баробари фаъолияти туроператорҳо ва намояндагиҳои сайёҳӣ,  ҳамчунин, хоҷагии меҳмонхонаӣ, хӯроки умум, ташкили вақтхушиву фароғат, табобат, нақлиёт, истеҳсоли маҳсулоти хусусияти сайёҳидошта, реклама, ҳифзи табиат ва нигоҳдории ёдгориҳои таърихиро дар бар мегирад.
 Хоҷагиҳои меҳмонхонаӣ, хӯроки умум, нақлиёт, истеҳсоли маҳсулоти хусусияти сайёҳидошта, фароғат дар пойтахт ва баъзе шаҳрҳои дигари мамлакат рушд ёфтаанд, вале дар мавзеъҳои сайёҳии дур аз пойтахт вазъ беҳбудиро талаб менамояд.
Имрӯзҳо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон лоиҳаи хуб дар шакли хостел ва пентхаус амалӣ мешавад. Яъне, сокинони сари роҳ хонаҳояшонро барои будубоши муваққатӣ ба сайёҳон пешниҳод менамоянд. Ин як шакли хуби муосири хизматрасонӣ ба сайёҳон маҳсуб меёбад, ки дар як маврид ҳам соҳибхона даромади хуб ба даст меорад ва ҳам сайёҳ бо урфу одат ва фарҳанги хонадони тоҷик шинос мегардад.
Феълан, туризм чун падидаи иҷтимоӣ - иқтисодӣ матраҳ мешавад, ки ба тамоми инфрасохтори бо вай алоқаманд таъсири бевосита ва бавосита мерасонад. Вале дар Тоҷикистон, ки дорои иқтидори азими сайёҳӣ мебошад, он ҳоло ба сатҳи зарурии рушд нарасидааст.   
Тибқи маълумоти оморӣ, ҳаҷми маҷмӯи хизматрасониҳои пулакӣ ба аҳолӣ моҳҳои январ – декабри соли 2016 10009,8 миллион сомониро ташкил дод. Ташрифи сайёҳон дар се соли охир ду баробар афзуд (аз 207 ҳазор то 414 ҳазор нафар). Танҳо дар нуҳ моҳи соли гузашта ба кишвар 312602 шаҳрванди хориҷӣ омадааст. Аз ҳисоби онҳо иқтисодиёти мамлакат ба маблағи 156 миллиону 301 ҳазор доллари ИМА фоида дид. Ҳамаи ин кишвари моро ба мавқеи асосӣ наздик месозад, вале барои расидан то сатҳи ниҳоӣ монеаҳо ҷой доранд. 
Коршиносон иброз медоранд, ки рушди соҳаи сайёҳӣ аз сатҳу сифати хизматрасонӣ вобастагии зиёд дорад. Ва, агар сатҳи хизматрасонӣ беш аз пеш беҳтар гардад, саноати сайёҳии Тоҷикистон ба таври гӯшношунид тараққӣ хоҳад кард. 
Туризм на танҳо сарчашмаи даромад, балки омили беҳтарини баландшавии нуфузи  кишвар дар арсаи байналмилалӣ ба ҳисоб меравад. Дар Тоҷикистон соҳаи сайёҳӣ зери таваҷҷуҳи бевоситаи Сарвари давлат қарор дорад. Ин ҷиҳат мутмаин месозад, ки солҳои наздик соҳаи сайёҳӣ боз ҳам густариш ёфта, ҳар сайёҳи аз Тоҷикистон боздидкарда, на танҳо аз табиати зебову мардуми меҳмондӯсти он, балки аз хизматгузории сатҳи баландаш низ мутаассир мегардад.
Ш. ҚУРБОН,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.01.2017    №: 20    Мутолиа карданд: 5020

23.04.2019


ДЗЮ – ДО. Медали нуқраи Темур Раҳимов аз Чемпионати Осиё

Тиб. Муваффақияти камназири ҷарроҳони рус

Пирӯзии Зеленский дар интихоботи Украина

Фоҷиа дар Шри-Ланка Теъдоди қурбониён ба 300 нафар расид

Лукашенко Россияро ҳомии истиқлолияти Беларус номид

Ёрии низомию техникии Қазоқистон ба Тоҷикистон

Ҷаҳон дар як сатр

22.04.2019


НИММАРАФОНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДУШАНБЕ. Фенти Тилахан дар мақоми аввал

Ваҳдат ҳусни тоза мегирад

ХОРУҒ. Бунёди бинои шабакаи ёрии таъҷилӣ

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед