logo

қарорҳои ҳукумат

ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН аз 25 январи соли 2017, № 31, ш. Душанбе Дар бораи Қоидаҳои барасмиятдарорӣ, додани раводид ва раводиди электронии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд

Мутобиқи моддаи 13 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Қоидаҳои барасмиятдарорӣ, додани раводид ва раводиди электронии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд тасдиқ карда шаванд (замима мегарданд).
2. Вазорату идораҳо, инчунин шахсони ҳуқуқӣ ва воқеии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми даъвати шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд Қоидаҳои мазкурро дастури амал қарор диҳанд.
3. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоҳангсозии фаъолият ва назорати иҷрои қатъии қарори мазкурро аз ҷониби воҳидҳои сохторӣ ва муассисаву ташкилотҳои тобеи худ таъмин намоянд.
4. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2009, №122 «Дар бораи тасдиқи Қоидаҳо оид ба тартиби барасмиятдарорӣ ва додани раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд» аз эътибор соқит дониста шавад.
 

Раиси Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                    Эмомалӣ РАҲМОН


Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 январи соли 2017, № 31, тасдиқ шудааст
ҚОИДАҲОИ БАРАСМИЯТДАРОРӢ, ДОДАНИ РАВОДИД ВА РАВОДИДИ ЭЛЕКТРОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ ВА ШАХСОНИ БЕШАҲРВАНД
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Қоидаҳои мазкур навъ, намуд, каратнокӣ, тамдид, барқарор ва бекор намудан, тағйир додан, тартиби содаи додани раводид, тартиби барасмиятдарорӣ, додани раводид ва раводиди электронӣ, тасдиқи даъвати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, инчунин ваколати шахсони мансабдори мақомоти ваколатдорро муқаррар менамоянд.
2. Дар Қоидаҳои мазкур мафҳумҳои зерин истифода бурда мешаванд:
а) раводид - иҷозатест, ки ба шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд ҳуқуқи убури Сарҳади давлатиро бо мақсади ворид гардидан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ё берун шудан аз Ҷумҳурии Тоҷикистон, будубош дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ё ба таври транзитӣ гузаштан аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар давоми муҳлати дар раводид зикргардида медиҳад;
б) раводиди электронӣ – иҷозати шаклаш тасдиқшуда, ки тавассути шабакаи иттилоотии электронӣ ба шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд барои убур намудани Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба истиснои ҳолатҳои дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардида, дода шуда, ба ӯ ҳуқуқи вуруд, будубош, хуруҷ ва ба тариқи транзитӣ гузаштанро медиҳад;
в) шабакаи электронии барасмиятдарории раводиди электронӣ - барномаи махсуси компютерии худкор барои қабул, коркард ва баррасии дархости шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд ҷиҳати дастрас намудани раводид ва раводиди электронии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
г) тасдиқи даъват – даъватномаи шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд, ки барои ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омадан аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба расмият дароварда шудааст;
ғ) ҳуҷҷати сафар – шиносномаи хориҷӣ ё дигар ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият, ки ба шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд дода шуда, ҳуқуқи убур намудани Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро медиҳад;
д) муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон – намояндагии дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа;
е) дархост – муроҷиати хаттии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ оид ба додани раводид;
ё) дастури Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷӣ – қарори фаврии шахсони ваколатдори Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои ҳалли масъалаҳои мушаххас, супоришҳои роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муроҷиати муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти давлатӣ, намояндагиҳои дипломатӣ, муассисаҳои консулии давлатҳои хориҷӣ ва намояндагиҳои ташкилотҳои байналмилалии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсияшуда судур гардидааст;
ж) ҳолатҳои форс - мажор – ҳодисаи ғайричашмдошт ва рафънопазире, ки дар натиҷаи ҳолатҳои фавқулода (офати табиӣ, амалиёти ҷангӣ ва дигар ҳодисаҳои ба он монанд) ба вуқӯъ омадааст;
з) ташкилотҳои байналмилалӣ – ташкилотҳои байнидавлатӣ ва байниҳукуматӣ;
и) аъзои оила - ҳамсар, фарзандон, фарзандхондшудагони ба синни 18- солагӣ нарасида, инчунин падару модари шаҳрванди хориҷӣ, шахси бешаҳрванд ва дигар шахсон, ки дар парасторӣ ва таъминоти шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд қарор доранд.
3. Мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба додан, тамдиди муҳлат, тағйир, барқарор ва бекор кардани раводид инҳо мебошанд:
а) муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи тартиби муқаррарнамудаи Қоидаҳои мазкур тамоми навъи раводидҳоро медиҳанд, бекор ва барқарор менамоянд;
б) Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тамоми намуд ва навъҳои раводид, аз ҷумла раводиди электрониро медиҳад, раводидҳои шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандро тамдид, тағйир, барқарор ва бекор менамояд;
в) намояндагиҳои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бюрои консулӣ дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе, ки раводидро бо тартиби дар низомномаи худ ва Қоидаҳои мазкур муқарраргардида медиҳанд.
4. Агар бо шартномаи байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, қоидаҳои дигар нисбат ба Қоидаҳои мазкур пешбинӣ гашта бошад, пас меъёрҳои шартномаи байналмилалӣ татбиқ карда мешаванд.
5. Иҷозати вуруд ба минтақаи сарҳадӣ ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагиҳои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи талаботи муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад. Иҷозати вуруд ба минтақаи сарҳадӣ ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар баробари ба расмият даровардани раводиди электронӣ дода мешавад.
 
2. НАВЪҲОИ РАВОДИД
6. Вобаста ба мақсади вуруд ва будубош дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон раводидҳо ба навъҳои зерин тақсим  мешаванд:
- раводиди дипломатии навъи «Д»;
- раводиди хизматии навъи «Х»;
- раводиди сармоягузории навъи «С»;
- раводиди кории навъи «К»;
- раводиди меҳнатии навъи «М»;
- раводиди сайёҳии навъи «Т»;
- раводиди таҳсилотии навъҳои «О1» ва «О2»;
- раводиди  хусусии навъҳои «ХС1» ва «ХС2»;
- раводиди минтақаи озоди иқтисодии навъи «МОИ»;
- раводиди нақлиётии навъи «Н»;
- раводид барои истиқомати доимии навъи «ИД»;
- раводиди воситаи ахбори оммаи навъи «Ж»;
- раводиди табширии навъи «ТБ»;
- раводиди башардӯстонаи навъи «Б»;
- раводиди транзитии навъи «ТР»;
- раводиди хуруҷии навъи «Хуруҷӣ».
 7. Раводиди навъи «Д» – ба сарони давлатҳо, раисони ҳукуматҳои давлатҳои хориҷӣ, аъзои ҳайати расмии давлатҳои хориҷӣ, агентҳои дипломатии намояндагиҳои дипломатӣ ва шахсони мансабдори консулии муассисаҳои консулӣ, кормандони идораҳои сиёсати хориҷӣ, курйерҳои дипломатӣ ва консулии хориҷӣ, кормандони намояндагии ташкилотҳои байналмилалӣ, ки мақоми дипломатии онҳоро Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, мушоҳидоне, ки тибқи шартномаҳои эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон назоратро ба амал мебароранд ва аъзои оилаҳои шахсони номбурда, ки дорои шиносномаи дипломатӣ мебошанд, дода мешавад. Дар ҳолате ки мақоми дипломатии шаҳрванди хориҷии шиносномаи дипломатӣ надошта аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф шуда бошад, ба ӯ раводиди дипломатӣ додан мумкин аст. Дар ҳолате ки шаҳрванди хориҷӣ шиносномаи дипломатӣ дошта бошаду мақоми дипломатии ӯ аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф нашуда бошад (дар ҳолати сафари хусусӣ), ба ӯ мумкин аст раводиди навъи дигар вобаста ба мақсади сафараш дода шавад.
8. Раводиди навъи «X» - ба аъзои ҳайати расмии хориҷӣ, кормандони техникӣ - маъмурӣ ва хизматрасонии намояндагиҳои дипломатӣ, хизматчиёни консулӣ ва кормандони соҳаи хизматрасонии муассисаҳои консулии давлатҳои хориҷӣ, кормандони ташкилотҳои байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, шахсоне, ки бо худ почтаи дипломатӣ доранду шиносномаи дипломатӣ надоранд, консулҳои фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа, шаҳрвандони хориҷие, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади хизматӣ бо супориши вазорату идораҳои давлати хориҷӣ ва ё бо даъвати вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, новобаста аз навъи шиносномаҳояшон ва инчунин аъзои оилаи шахсони номбурда дода мешавад.
9. Раводиди навъи «С» - ба роҳбарони ширкату корхонаҳое, ки ба таври воқеӣ дар сармоягузории иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок менамоянд, инчунин ба аъзои оилаи онҳо дода мешавад.
10. Раводиди навъи «К» - ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд ва аъзои оилаи онҳо, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсадҳои зерин ташриф овардаанд, дода мешавад:
а) иштирок дар гуфтушунидҳои корӣ, маҷлисҳо, симпозиумҳо, форумҳо, конференсияҳо, тендерҳо, музоядаҳо, намоишгоҳу ярмаркаҳо, чорабиниҳои фарҳангӣ ва варзишӣ;
б) барои бастани қарордодҳо бо шахсони ҳуқуқӣ ва воқеии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкили корхонаҳои муштарак, омӯзиши бозори дохилӣ, васлкунӣ, таъмир ва хизматрасонии минбаъдаи таҷҳизот, таҷрибаомӯзӣ ва пешниҳоди хизматрасонии машваратӣ ва аудитӣ.
11. Раводиди навъи «М» - ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади машғул шудан ба фаъолияти меҳнатӣ ташриф оварданианд ё ин ки овардаанд, инчунин ба аъзои оилаи чунин шахсон дода мешавад.
12. Раводиди  навъи «Т» - ба шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун сайёҳ ташриф меорад, дода мешавад.
13. Раводиди навъи «О1» - ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсадҳои зерин сафар менамоянд, дода мешавад:
а) барои гирифтани таҳсил, дохил шудан ба муассисаҳои таҳсилотие, ки барномаҳои таълимии низоми таҳсилоти миёна, миёнаи техникӣ ва касбӣ, таҳсилоти олӣ, инчунин барномаҳои мубодилаи донишҷӯён ва курсҳои тайёриро амалӣ менамоянд;
б) барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилотӣ ба ҳайси аспирантҳо, докторантҳо ва аъзои оилаи шахсони номбурда.
14. Раводиди навъи «О2» - ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки барои таълим, гузарондани тадқиқоти илмӣ ва иштирок дар курсҳои омӯзиши забон ё курсҳои такмили ихтисос ташриф оварданианд, дода мешавад.
15. Раводиди навъи «ХС1» - ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои табобат, ташхис ва аёдати хешовандону дӯстон ва барои дигар мақсадҳои шахсӣ (иштирок дар тӯю маъракаҳо, маросими дафн ва дигар маъракаҳои шахсӣ) ташриф оварданианд, дода мешавад.
16. Раводиди навъи «ХС2» танҳо ба собиқ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба аъзои оила ва хешовандони наздики шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташрифи муваққатӣ дода мешавад.
17. Раводиди навъи «МОИ» - ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодӣ фаъолияти меҳнатӣ, соҳибкорӣ ва тиҷоратиро ба амал мебароранд, дода мешавад.
18. Раводиди навъи «Н» - ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд - ронандагони воситаҳои нақлиёт, ки ҳамлу нақли байналмилалии бору мусофиронро ба амал мебароранд, дода мешавад.
19. Раводиди навъи «ИД» - ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки бо мақсади истиқомати доимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дархост намудаанд, то гирифтани иҷозати иқомати доимӣ дода мешавад.
20. Раводиди навъи «Ж» - ба мухбирон, наворбардорон, рӯзноманигорон ва дигар кормандони воситаҳои ахбори оммаи хориҷӣ, инчунин аъзои оилаи шахсони номбурда, дар сурати аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсия шудани онҳо, дода мешавад.
21. Раводиди навъи «ТБ» - ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки ба ҳайси корманд дар ташкилотҳои динӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон расман ба қайд гирифта шудаанд, фаъолият менамоянд ё карданианд, дода мешавад.
22. Раводиди навъи «Б» - ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки бо мақсади овардан ё ҳамроҳӣ намудани борҳои кумаки башардӯстона ва ё дигар шахсоне, ки барои расондани ёрии башардӯстона дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок мекунанд, дода мешавад.
23. Раводиди навъи «ТР» – ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки бо мақсади транзит тавассути ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба давлати таъйинот ба воситаи нақлиёти ҳавоӣ ва заминӣ сафар доранд, ба муҳлати то 72 соат дода мешавад. Ба шаҳрванди хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки тавассути фурудгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба давлатҳои сеюм транзит дорад, раводид талаб карда намешавад, ба шарте ки ӯ Сарҳади давлатиро тавассути нуқтаи гузаргоҳи Сарҳади давлатӣ убур нанамояд. Дар ҳолатҳои форс-мажор (заминларза, обхезӣ ва дигар ҳолатҳое, ки дар натиҷаи он парвози нақлиёти ҳавоӣ бештар аз 24 соат номумкин мегардад), шаҳрвандони хориҷӣ, ки ба давлатҳои сеюм транзит доранд, метавонанд бе раводид то ба эътидол омадани вазъият ба меҳмонхонаҳо эвакуатсия карда шаванд. Ба шаҳрванди хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд ки тавассути нақлиёти сабукрави заминӣ ба давлати таъйинот сафар дорад, раводиди транзитӣ ба муҳлати барои транзит зарурӣ бо хатсайри кӯтоҳтарин дода мешавад. Муҳлати мазкур аз гашти шабонарӯзии воситаи нақлиёт баробар ба 400 км ҳисоб карда мешавад. Раводиди транзитӣ ба шарте дода мешавад, ки агар аризадиҳанда дорои раводиди давлате бошад, ки ба он тавассути ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон сафар дорад  ё  ин ки раводид барои сафар ба давлати сеюм зарур набошад. Раводиди транзитии бисёркарата дар ҳолате дода мешавад, ки агар аризадиҳанда раводиди мутобиқан бисёркаратаи давлатеро, ки ба он сафар дорад, дошта бошад, ё ин ки барои сафар ба давлати сеюм раводид талаб карда нашавад.
24. Раводиди навъи «Хуруҷӣ» - аз ҷониби Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар ҳолатҳои истисноӣ аз ҷониби намояндагиҳои Вазорати корҳои хориҷии  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми дар муҳлати ҳудудро тарк накардани шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд бо қарори мақомоти дахлдор дар бораи номатлуб будани будубоши шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд ва ё қатъ гаштани шартномаи меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ба шаҳрвандони хориҷӣ ё шахсони бешаҳрванде, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойи истиқомати доимӣ доранду аз Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истиқомати доимӣ ба кишварҳои дигар мераванд, дода мешавад. Раводиди хуруҷӣ ба муҳлати на зиёда аз 7 рӯз дода мешавад. Дар ҳолати дар муҳлати нишондода, бо сабабҳои узрнок ҳудудро тарк накардани шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд, ба ӯ раводиди дигари хуруҷӣ ба муҳлати то 3 рӯз дода мешавад. Шахсе, ки раводиди хуруҷӣ дораду бе сабабҳои узрнок дар муҳлати нишондода аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон намебарояд, кирдори ӯ ҳамчунин амали вайрон намудани қоидаи будубош дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобида шуда, ба таври маъмурӣ аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон берун карда мешавад. Ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванде, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойи истиқомати доимӣ доранду аз Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истиқомати доимӣ ба кишварҳои дигар мераванд, раводиди хуруҷӣ дар асоси иҷозати Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад.
25. Аз шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд, ки парвози бетаваққуфро ба воситаи нақлиёти ҳавоӣ аз фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон дорад, раводид талаб карда намешавад. Ҳайати экипажи ҳавоӣ дар асоси Эъломияи умум мутобиқи талаботи ИКАО тариқи гурӯҳӣ вуруду хуруҷ мешаванд.
26. Раводиди навъи муносиб ба аъзои оилаи шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд бо шарти будубоши якҷоя бе ҳуқуқи машғул шудан ба фаъолияти меҳнатӣ бидуни навъҳои сайёҳӣ ва транзитӣ дода мешавад, агар тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва созишномаҳои байналмилалӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад.
27. Ҳангоми ба фаъолияти меҳнатӣ ё дигар намуди фаъолият машғул шудани аъзои оилаи шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд, раводиди ӯ бояд вобаста ба намуди фаъолияташ тибқи Қоидаҳои мазкур иваз карда шавад.
28. Тартиби барасмиятдарории раводид барои аъзои оилаи шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд тибқи тартиби муқаррарнамудаи Қоидаҳои мазкур ба амал бароварда мешавад.
 
3. НАМУДҲОИ РАВОДИД
29. Аз рӯи намуд раводидҳо тақсим мешаванд ба:
а) раводид;
б) раводиди электронӣ.
 
4. КАРАТНОКИИ РАВОДИД
30. Мақомоти ваколатдори давлатӣ, ки дар банди 3 Қоидаҳои мазкур омадаанд, раводиди яккарата ва бисёркарата медиҳанд.
31. Раводиди яккарата ба шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд ҳуқуқи як маротиба вуруд ва хуруҷ шуданро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми муҳлати дар раводид нишондода медиҳад.
32. Раводиди бисёркарата ҳуқуқи якчанд маротиба (зиёда аз 2 маротиба) вуруд ва хуруҷ ва ё хуруҷ ва вуруд шуданро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми муҳлати дар раводид нишондода медиҳад.
33. Раводиди электронӣ танҳо яккарата, ба истиснои ҳолатҳои дар банди 36 Қоидаҳои мазкур пешбинишуда, дода мешавад.
 
5. ҲУҶҶАТҲО БАРОИ ГИРИФТАНИ РАВОДИД ВА РАВОДИДИ ЭЛЕКТРОНӢ,  МУҲЛАТИ АМАЛ
34. Дархостҳо барои гирифтани раводид ва раводиди электронӣ тариқи шабакаи иттилоотии электронӣ пешниҳод мешаванд. Варақаи раводид ва раводиди электронӣ аз тарафи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон  таҳия ва тасдиқ карда мешавад.
35. Баъди ворид намудани маълумот ба шабакаи иттилоотии электронӣ барои гирифтани раводид ба мақомоти ваколатдори давлатӣ ҳуҷҷатҳо бо риояи талаботҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
а) ҳуҷҷати сафар;
б) варақа барои ба расмият даровардани раводид;
в) варақаи раводид, ки бо истифода аз воситаҳои техникӣ тавассути Интернет хонапурӣ шуда, баъд аз ирсол намудани варақа тариқи шабакаи иттилоотии электронӣ ба мақомоти ваколатдор аз ҷониби аризадиҳанда чоп карда мешавад;
г) варақаи раводиди электронии тавассути Интернет дар шакли электронӣ хонапуришуда ба Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон  фиристода мешавад. Дар варақаи  раводиди электронӣ имзои аризадиҳанда дар шакли тасдиқи розигӣ барои қабул намудани уҳдадориҳо тибқи талаботи шабакаи иттилоотии  электронӣ гузошта мешавад;
ғ)  акси дархосткунанда тибқи ҳаҷм ва сифати муқарраршуда;
д) маълумотномаи тиббӣ дар бораи ташхиси тиббӣ ба ВНМО/БПНМ аз муассисаҳои тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё давлати иқомати шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд (дар ҳолати муроҷиати шаҳрвандони хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд барои гирифтани раводид ба муҳлати зиёда аз се моҳ, ба ғайр аз навъҳои раводиде, ки дар бандҳои 7, 8, 9 ва 22 Қоидаҳои мазкур ишора шудаанд);
е) расид дар бораи пардохти боҷи давлатӣ ва хироҷи консулӣ.
36. Пардохти маблағи хироҷи консулӣ барои баррасии таҳияи раводиди электронӣ тавассути пардохти электронӣ сурат мегирад.
37. Дар сурати рад гардидани дархост ба дархосткунанда хироҷи консулӣ баргардонда намешавад.
38. Ба ғайр аз ҳуҷҷатҳои дар банди 35 Қоидаҳои мазкур номбаршуда, вобаста ба навъи раводид талаботи зерин муқаррар карда мешавад:
а) барои гирифтани раводиди навъи «Д» - муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагиҳои Вазорати корҳои хориҷӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бюрои консулӣ раводиди навъи     «Д»-ро дар асоси дархост ва ё ёддошти намояндагиҳои дипломатӣ, муассисаҳои консулии давлатҳои хориҷӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ё намояндагии ташкилотҳои байналмилалии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсияшуда, ба муҳлати дар он нишондода, вале  на зиёда аз 3 моҳ ба расмият медароранд. Дар ёддошт бояд маълумот дар бораи мансаби шахси таъйиншаванда ва дар сурати ротатсия, мансаб, насаб, ном, номи падари шахсе, ки ӯро иваз мекунад, дарҷ гардида бошад. Тамдиди минбаъдаи чунин раводид дар Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси корти аккредитатсионӣ ва муҳлати он, вале на зиёда аз 3 сол сурат мегирад;
б) барои гирифтани раводиди «Х» - муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагиҳои Вазорати корҳои хориҷӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бюрои консулӣ раводиди навъи «Х»-ро дар асоси дархост ва ё ёддошти намояндагиҳои дипломатӣ, муассисаҳои консулии давлатҳои хориҷӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ё намояндагии ташкилотҳои байналмилалии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсияшуда, ба муҳлати дар он нишондода, вале на зиёда аз 3 моҳ  ба расмият медароранд. Дар дархости мазкур бояд маълумот дар бораи давраи будубоши даъватшаванда ва мақсади сафари ӯ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон  дарҷ гардида бошад. Тамдиди минбаъдаи чунин раводид дар Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси корти аккредитатсионӣ ва муҳлати он, вале на зиёда аз 3 сол сурат мегирад;
в) барои гирифтани раводиди навъи «С»- раводиди навъи «С» аз ҷониби Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дархости Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё тасдиқномаи Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани сармояи хориҷии мустақим ба Ҷумҳурии Тоҷикистон  на камтар аз 500,000 доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва ё  тасдиқномаи маъмурияти минтақаи озоди иқтисодӣ, агар сармоягузор дар минтақаи озоди иқтисодӣ ҳамчун субъект ба қайд гирифта шуда бошад ва ё маълумотнома аз бонки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи доштани суратҳисоб бо маблағи на камтар аз 500,000 доллари ИМА ва ё маълумотнома аз Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи сармояи оинномавӣ на камтар аз 500,000 доллари ИМА ба муҳлати то 3 сол дода мешавад;
г) барои гирифтани раводиди навъи «К»- муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон раводиди навъи «К»-ро дар асоси дархости ҷониби даъваткунанда ба муҳлати дар он нишондода, вале на зиёда аз 3 моҳ медиҳанд. Раводиди навъи «К» аз ҷониби Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад ба муҳлати дархост, вале на зиёда аз 1 сол тамдид карда шавад;
ғ) барои гирифтани раводиди навъи «М» - муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагиҳои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бюрои консулӣ дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе раводиди яккаратаи навъи «М»-ро ба муҳлати дар тасдиқи даъват ё дастури Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишондода, вале на зиёда аз 3 моҳ медиҳанд. Раводиди навъи «М» аз ҷониби Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳлати дархостшуда ё дар шартномаи меҳнатии шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд пешниҳодшуда, вале на зиёда аз 1 сол тамдид карда мешавад. Муассиса ва ташкилоте, ки шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрвандро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо раводиди навъи «М» даъват кардааст, дар муддати 3 рӯзи корӣ аз рӯзи бекор кардани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ ё шартномаи гражданӣ - ҳуқуқии ба иҷро расондани корҳо (хизматрасонӣ) ба Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад. Дар ин ҳолат раводиди шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд бекор карда шуда, ба ӯ раводиди хуруҷӣ барои тарк намудани ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба расмият дароварда мешавад. Барои гирифтани раводиди навъи «М» тасдиқи даъват, дархости шахси ҳуқуқӣ, ки иҷозатномаи ҷалби қувваи кории хориҷиро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дорад, пешниҳоди нусхаи шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ ё шартномаи гражданӣ - ҳуқуқии ба иҷро расондани корҳо (хизматрасонӣ), агар тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, зарур аст;
д) барои гирифтани раводиди навъи «Т» дархости ширкатҳои сайёҳӣ, ки барои амалӣ намудани фаъолияти сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозатнома доранд, зарур аст. Дар ҳолати сафари фардии мустақилонаи шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванди давлате, ки дар замимаи Қоидаҳои мазкур омадааст, дархости ширкати сайёҳӣ талаб карда намешавад. Шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванде, ки раводиди навъи «Т» доранд, бояд аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати дар раводид муқарраргардида хуруҷ шаванд. Раводиди сайёҳӣ тамдид ва ба навъи дигари раводид иваз карда намешавад. Мақомоти ваколатдори давлатӣ раводиди яккаратаи навъи «Т» - ро ба муҳлати на зиёда аз 45 рӯзи тақвимӣ медиҳад. Дар ҳолати асоснокии дархост (пешниҳод кардани хатсайри ҳаракат), раводиди бисёркарата дода мешавад. Шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд, ки бо раводиди навъи «Т» вуруд шудаанд, дар муҳлати муқарраршудаи раводид аз қайд дар мақомоти корҳои дохилӣ озод мебошанд;
е) барои гирифтани раводиди навъи «О1» - муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дархости муассисаҳои таҳсилотии Ҷумҳурии Тоҷикистон раводиди навъи «О1» - ро ба муҳлати дархостшуда, вале на зиёда аз 3 моҳ ба расмият медароранд. Дорандаи раводиди навъи «О1» ҳуқуқи машғул шудан ба дигар фаъолият, ба ҷуз фаъолияти таълимӣ ва илмӣ, надорад. Ҳангоми хориҷ намудани шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванди бо раводиди навъи «О1» даъватшуда аз муассисаи таҳсилотӣ ё аз ҷониби шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд худсарона тарк намудани муассисаи таҳсилотии мазкур раводиди шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд бекор карда шуда, ба ӯ раводиди навъи хуруҷӣ барои баромадан аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад. Раводиди бисёркаратаи навъи «О1» метавонад ба муҳлати дархостшуда ё муҳлати амали шартномаи таҳсилотӣ, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба расмият дароварда шудааст, вале на зиёда аз 1 сол тамдид гардад. Тамдиди раводиди навъи «О1» аз тарафи Сарраёсати консулӣ дар асоси дархости мақомоти ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф ва илм ё муассисаҳои таҳсилотии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зерин сурат мегирад:
- нусха аз фармони муассисаи таҳсилотӣ ё илмӣ дар бораи қабул шудани шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилотӣ, аспирантура ё докторантура;
- нусхаи билети донишҷӯ ва китобчаи имтиҳонӣ барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ;
- шартнома дар бораи таҳсилот;
ё) барои гирифтани раводиди навъи «О2» - раводиди навъи «О2» аз ҷониби муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагиҳои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бюрои консулӣ дар асоси дархост ва муҳлати дар он нишондода, вале на зиёда аз 3 моҳ дода мешавад. Тамдиди чунин раводид аз ҷониби Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дархости муассисаҳои таҳсилотии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад. Дар ҳолати ба ҷуз таҳсилот бо фаъолияти дигар машғул шудани шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд, муҳлати будубоши шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд бо раводиди таҳсилотӣ метавонад аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии  Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дархости мақомоти ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф ва илм ё муассисаҳои таҳсилотии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдуд карда шавад. Дар ин ҳолат, раводиди шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд бекор карда шуда, ба ӯ раводиди навъи хуруҷӣ барои баромадан аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад;
ж) барои гирифтани раводиди навъи «ХС1» - раводиди навъи «ХС1» аз ҷониби муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳлати дархостшуда,  вале на зиёда аз 3 моҳ дода мешавад.  Раводиди навъи «ХС1» тамдид карда намешавад, ба истиснои ҳолатҳои форс-мажор ва бемории вазнини шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд, ки сафар намудан ба ҳаёти ӯ хатаровар мебошад. Барои гирифтани раводиди навъи «ХС1» ҳуҷҷатҳои зерин заруранд:
- дархости муассисаи табобатӣ ба шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванде, ки бо мақсади муолиҷа, ташхис ва машварат ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафар намуданӣ аст;
- огоҳиномаи Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шахсоне, ки бо дигар мақсадҳои шахсӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шуданианд;
- дар ҳолатҳои истисноӣ (марг ва ё бемории вазнини шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ё шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври доимӣ истиқомат мекунад ва шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд - раводидгиранда, ки бо ин шахсон робитаи хешовандӣ дорад) раводиди навъи «ХС1» бе огоҳиномаи Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси аризаи шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд ва маълумотномаи тиббӣ, ки аз ҷониби  духтур тасдиқ гардидааст, ба муҳлати на зиёда аз 1 моҳ дода мешавад;
з) муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон раводиди навъи «ХС2» - ро ба муҳлати дархостшуда, вале на зиёда аз 6 моҳ медиҳанд. Дар сурати агар собиқ шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳиши дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври доимӣ иқомат намуданро дошта бошад, раводиди навъи «ИД» тибқи тартиби муқаррарнамудаи Қоидаҳои мазкур ба расмият дароварда мешавад. Барои гирифтани раводиди навъи «ХС2» ҳуҷҷатҳои зерин заруранд:
- барои собиқ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳодатномаи таваллуде, ки аз ҷониби мақомоти  ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудааст;
- барои аъзои оила ва хешовандони наздики шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон - ҳуҷҷати тасдиқкунандаи хешовандӣ;  
и) барои раводиди навъи «МОИ» - муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагиҳои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бюрои консулӣ раводиди яккаратаи навъи «МОИ» - ро дар асоси тасдиқи даъвати Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва дархости маъмурияти минтақаи озоди иқтисодӣ ба муҳлати дар он нишондода медиҳанд. Тамдиди раводиди навъи «МОИ» аз ҷониби Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дархости маъмурияти минтақаи озоди иқтисодӣ ба муҳлати дархостшуда, вале на зиёда аз 1 сол сурат мегирад. Навъи раводиди «МОИ» тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодӣ амал менамояд. Минтақаи озоди иқтисодие, ки шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрвандро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо раводиди навъи «МОИ»  даъват кардааст, дар муддати 3 рӯзи корӣ аз рӯзи бекор кардани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ ё шартномаи гражданӣ-ҳуқуқии ба иҷро расондани корҳо (хизматрасонӣ) ба Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин бора хабар медиҳад. Дар ин ҳолат раводиди шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд бекор карда шуда, ба ӯ раводиди хуруҷӣ барои тарк намудани ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад;
к) барои гирифтани раводиди навъи «Н» - муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон раводиди навъи «Н» - ро дар асоси дархости ширкатҳои ҳамлу нақли бор бо  пешниҳод намудани рухсатнома, ки аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дода мешавад, ба расмият медароранд. Барои воридоту содирот ва гузариши транзитӣ тавассути ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷудияти нусхаи полиси суғуртавии байналмилалии воситаи нақлиёт зарур шумурда мешавад. Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар ҳолати боздошт ва бекор кардани рухсатнома уҳдадор аст дар муддати 3 рӯзи корӣ дар ин бора ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар диҳад;
л) барои гирифтани  раводиди «ИД» - раводиди навъи «ИД» аз ҷониби Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дархости хаттии мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳалли истиқомати ояндаи шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд, ки қаблан бо мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа шудааст, ба муҳлати  дархостшуда, вале на зиёда аз 9 моҳ дода мешавад;
м) барои гирифтани раводиди навъи «Ж» - муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон раводиди навъи «Ж» - ро дар асоси   нусхаи корти аккредитатсионӣ, ки аз ҷониби раёсати иттилоотии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудааст, ба муҳлати дархостшуда, вале на зиёда аз се моҳ медиҳанд. Тамдиди раводиди навъи «Ж»  аз ҷониби Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси  нусхаи корти аккредитатсионӣ, ки аз ҷониби раёсати иттилоотии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудааст, ба муҳлати дархостшуда, вале на зиёда аз 1 сол сурат мегирад;
н) барои гирифтани раводиди навъи «ТБ» - муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон раводиди навъи «ТБ» - ро дар асоси дархости ташкилоти динӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида ба қайд гирифта шудааст ва маълумотнома дар бораи бақайдгирӣ ва фаъолият аз мақомоти ваколатдор оид ба дин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба муҳлати дархостшуда, вале на зиёда аз 3 моҳ медиҳанд. Тамдиди раводиди навъи «ТБ» аз ҷониби Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дархости ташкилоти динӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида ба қайд гирифта шудааст ва маълумотнома дар бораи бақайдгирӣ ва фаъолият аз мақомоти ваколатдор оид ба дин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳлати дархостшуда, вале на зиёда аз як сол сурат мегирад;
о) барои гирифтани раводиди навъи «Б» - муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон раводиди навъи «Б» - ро дар асоси  дархости мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагиҳои дипломатии кишварҳои хориҷӣ, намояндагии ташкилотҳои байналмилалӣ ва муассиса ё дигар ташкилотҳои таҳвилгари кумаки башардӯстона, новобаста аз шакли моликият, ки кормандашро ба сафари хизматӣ фиристодааст, ба муҳлати дархостшуда, вале на зиёда аз 3 моҳ медиҳанд. Тамдиди раводиди навъи «Б» аз ҷониби Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси  дархости мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагиҳои дипломатии кишварҳои хориҷӣ, намояндагии ташкилотҳои байналмилалӣ ва муассиса ё дигар ташкилотҳои таҳвилгари кумаки башардӯстона, новобаста аз шакли моликият, ки кормандашро ба сафари хизматӣ фиристодааст, ба муҳлати дархостшуда, вале на зиёда аз 1 сол сурат мегирад. Раводиди навъи «Б» метавонад ройгон бошад. Қарор дар бораи озод намудани шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд аз пардохти хироҷи консулӣ аз ҷониби вазири  корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарони муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешавад.


6. ТАРТИБ ВА МУҲЛАТИ БАРРАСИИ ДАРХОСТҲО, ПАРДОХТИ ХИРОҶИ КОНСУЛӢ БАРОИ ДОДАНИ РАВОДИД ВА АСОС БАРОИ РАД КАРДАНИ РАВОДИД
39. Баррасии дархост барои додани раводид дар он ҳолат шурӯъ карда мешавад, ки агар дар шабакаи иттилоотии электронӣ варақаи раводидгиранда мавҷуд бошад.
40. Шахси мансабдори консулӣ баъд аз тасдиқи мавҷудияти варақаи раводидгиранда бо ишораи макони додани раводид дар шабакаи иттилоотии электронӣ шахсияти дархосткунанда ва ваколати намояндаи дархосткунандаро муайян мекунад, ҳуҷҷатҳои тибқи талаботи Қоидаҳои мазкур пешниҳодшударо аз ҷиҳати саҳеҳнокии барасмиятдарорӣ, пуррагӣ, эътимоднокӣ ва дурустии навъи раводиди дархостшуда бо мақсади сафар тафтиш менамояд.
41. Дар ҳолати ба талаботи Қоидаҳои мазкур ҷавобгӯ набудани дархости пешниҳодшуда ва дуруст набудани навъи раводиди дархостшуда ба мақсади сафар аз шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд ё ташкилоти дархосткунанда талаб карда мешавад, ки камбудиҳои ҷойдошта дар муддати се рӯзи корӣ ислоҳ карда шаванд.
42. Агар шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд барои ҷавоби дархосташ дар муддати 30 рӯзи корӣ аз рӯзи ворид намудани маълумот дар шабакаи иттилоотии электронӣ муроҷиат нанамояд ва ё ҳуҷҷатҳояшро пешниҳод намояду барои барасмиятдарории раводид муроҷиат накунад, ҳуҷҷатҳои ӯ ба бойгонӣ супурда мешаванд. Дар сурати баъди 30 рӯзи корӣ аз рӯзи барои баррасӣ супурдани ҳуҷҷатҳо муроҷиат намудани шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд, дархост барои додани раводид дубора талаб карда мешавад.
43. Ҳангоми қабули ҳуҷҷатҳо, дар дархост муҳри чоркунҷа бо ишораи санаи қабули ҳуҷҷатҳо ва рақами бақайдгирии муросилоти воридшаванда гузошта мешавад.
44. Барномаи шабакаи иттилоотии электронӣ баъд аз ворид намудани маълумоти зарурӣ аз ҷониби корманди масъул ба таври худкор мавҷудияти насаб, ном, номи падари тамоми шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандро, ки барои гирифтан ва ё тамдид намудани раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намудаанд, аз рӯи «рӯйхати мамнӯъшудагон» тафтиш менамояд.
45. Муҳлати баррасӣ ва барасмиятдарории раводид на зиёда аз 20 рӯзи корӣ аз рӯзи муроҷиати шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд, ғайр аз ҳолатҳои дар Қоидаҳои мазкур пешбинигардида, инчунин агар тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаҳои байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, муқаррар карда мешавад. Санаи муроҷиат барои додани раводид аз рӯзи пешниҳод намудани тамоми ҳуҷҷатҳои тибқи Қоидаҳои мазкур пешбинигардида, ба ҳисоб гирифта мешавад. Дар ҳолатҳои алоҳида, муҳлати баррасии дархост барои додани раводид, агар баррасии дақиқи ҳуҷҷатҳо зарур бошад, метавонад ба муҳлати на зиёда аз 10 рӯзи корӣ тамдид карда шавад.
46. Дар ҳолати муқаррар намудани муҳлати зиёдтари баррасии қарори додани раводид барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби давлатҳои хориҷӣ, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси принсипи байналмилалии мутақобила  метавонад муҳлати баррасии дархостҳои раводиди шаҳрвандони давлати хориҷиро тағйир диҳад.
47. Барои баррасии дархост ва додани раводид аз шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон хироҷи консулӣ ситонда мешавад.
48. Хироҷи консулӣ барои баррасии дархост мавриди супурдани ҳуҷҷатҳо гирифта шуда, ҳангоми рад намудани додани раводид ё нодуруст пешниҳод шудани ҳуҷҷатҳо баргардонда намешавад. Дар ҳолати муроҷиати такрорӣ, хироҷи консулӣ барои баррасии дархост ба таври пурра, агар тартиби дигар бо шартномаҳои байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, пешбинӣ нашуда бошад, ситонда мешавад.
49. Боҷи давлатӣ ва хироҷи консулӣ барои додани раводид баъди қабули қарор дар бораи додани он, тибқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ситонда мешавад.
50. Ҳангоми баррасии таъҷилии дархости шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд барои додани раводид, ҳаҷми пардохти консулӣ зиёд мегардад.
51. Додани раводид ва ё тамдиди муҳлати амали он метавонад бо асосҳои пешбининамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» рад карда шавад, агар шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд:
- ҳангоми пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои додани раводид дар бораи худ маълумоти бардурӯғ ё ҳуҷҷатҳои қалбакӣ, сохта, беэътиборро пешниҳод кунад ва ё ҳуҷҷатҳои заруриро пешниҳод накунад;
- ба рӯйхати шахсоне дохил карда шудааст, ки вуруди онҳо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ мебошад;
- шахс барои будубош дар Ҷумҳурии Тоҷикистон номатлуб эълон карда шудааст;
- ба фаъолияти террористӣ ё дигар намуди фаъолияти экстремистӣ, харидуфурӯши одамон, силоҳ, маводи тарканда, муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, воситаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо, ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва дигар кирдорҳои ғайриқонунӣ, ки ба иқтидори мудофиавӣ, амнияти давлат ё тартиботи ҷамъиятӣ зарар меоварад, муносибат дошта бошад;
- дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ё дигар давлат барои содир намудани ҷинояти вазнин ё махсусан вазнин маҳкум шуда бошад ва доғи судиаш бардошта нашуда бошад;
- мубталои бемориест, ки ба рӯйхати бемориҳои барои аҳолӣ хатарнок дохил карда шудааст;
-  бо фаъолияти сиёсӣ ва ё ҷамъиятии худ нуфузи манфӣ дошта бошад.
52. Ба шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд иҷозат барои хориҷ шудан аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ё додани раводид барои хуруҷ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон рад карда шавад, агар ӯ:
- дар парвандаи ҷиноятӣ гумонбар, айбдоршаванда ва ё судшаванда ҳисобида шуда бошад - то ба итмом расидани пешбурди парванда ё қувваи қонунӣ пайдо кардани ҳукми суд оид ба ин парванда;
- уҳдадориҳои молумулкӣ, андозӣ ё дигар уҳдадориҳоро дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон, шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, ки тибқи қарори ба қувваи қонунӣ даромадаи суд муқаррар карда шудааст, иҷро накарда бошад - то иҷрои ин уҳдадориҳо.
53. Рад кардани раводид ба муроҷиаткунанда асоснок ва шарҳ дода намешавад. Ҳангоми аз ҷониби муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон рад шудани додани раводид бояд Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷӣ дар бораи асоси радкунӣ огоҳ карда шавад.


 7. ТАРТИБИ БАРАСМИЯТДАРОРӢ ВА ДОДАНИ ТАСДИҚИ ДАЪВАТ
54. Тасдиқи даъват ҳуҷҷатест, ки дар асоси он шаҳрванди хориҷӣ  ва шахси бешаҳрванд метавонад раводиди навъи муносибро дар муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагиҳои Вазорати корҳои хориҷии  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бюрои консулӣ ба даст орад.
55. Тасдиқи даъват аз ҷониби Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо асосҳои дар Қоидаҳои мазкур ишорашуда ва вобаста ба мақсади сафари шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд ба расмият дароварда мешавад.
56. Тасдиқи даъват дар варақаи аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраршуда ба расмият дароварда мешавад.
57. Рад кардани додани тасдиқи даъват асоснок карда намешавад.
58. Тасдиқи даъват дар нусхаи асл ба расмият дароварда шуда, ба дархосткунанда супурда мешавад. Нусхаи дуюми он ба нуқтаи барасмиятдарории раводид (муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагиҳои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  бюрои консулӣ)  фиристода мешавад.


 8. ТАРТИБИ БАРАСМИЯТДАРОРИИ РАВОДИД
59. Раводид дар варақаи аз тарафи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардида тасдиқ ва ба расмият дароварда мешавад.
60. Раводид дар коғази махсуси дорои хусусиятҳои ҳифозатӣ аз сохтакорӣ ба иҷро расонда шуда, дар шакли ширешкоғаз ба варақаи махсуси барои раводид ҷудокардашудаи шиноснома ё ҳуҷҷати онро ивазкунанда часпонда мешавад.
61. Вобаста ба ҳақиқӣ будани шиноснома ё дигар ҳуҷҷате, ки ҳангоми гирифтани раводид аз ҷониби шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд пешниҳод карда мешавад, бояд ягон шакку шубҳа набошад. Дурустии қайд, навиштаҷот, огоҳӣ, тозакунӣ ва ислоҳкуниҳо бояд аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлати хориҷӣ тасдиқ шуда бошад. Дар ҳуҷҷат набояд варақҳои кандашуда ва буридашуда бошанд, бояд на кам аз 2 варақи холии барои раводид пешбинишударо доро бошад. Муҳлати эътибори шиноснома чун қоида набояд аз 6 моҳ пештар то охири муҳлати амали раводид ба охир расад.
62. Баргаҳои раводид ҳуҷҷатҳои ҳисоботи қатъӣ мебошанд. Тартиби ҳисоб ва нигоҳдории онҳо аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
63. Раводиде, ки бо вайронкунии талаботи муқаррарнамудаи Қоидаҳои мазкур ба расмият дароварда шудааст, беэътибор ҳисобида мешавад.
64. Раводидҳои беэътибор ҳисобидашуда ба раводидҳои вайроншуда баробар буда, тибқи тартиби муқарраргардида нобуд карда мешаванд ва дар ин хусус санад бо ишораи рақами баргаи раводид ва санаи нобуд кардани он тартиб дода мешавад.
65. Тартиби нобуд кардани баргаҳои раводид аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
66. Раводиди барасмиятдаровардашуда бо муҳри муассиса, насаб, ном ва номи падари шахси мансабдори раводиддода тасдиқ карда мешавад.
67.  Хонапурӣ кардани баргаи раводид бо тариқи компютерӣ ба амал бароварда мешавад. Санаи додан ва муҳлати амали раводид рақамгузорӣ карда мешавад (мисол: 01.01.2009, аз рӯи тартиби рӯз, моҳ ва сол), инчунин:
а) дар қисмати «Маҳали судур / Place of issue» макони ҷойгиршавии мақоми ваколатдори давлатӣ, ки раводидро додааст, ифода карда мешавад;
б) дар қисмати «Насаб, ном / Surname, name» насаб ва номи  шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд бо ҳуруфоти лотинӣ, тавре ки дар шиноснома омадааст, навишта мешавад. Дигар хоначаҳои баргаи раводид ба забони давлатӣ пур карда мешаванд;
в) дар қисмати «Шиноснома № / Passport №» силсила ва рақами шиноснома ё дигар ҳуҷҷати шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд, ки ба ҳамин сифат эътироф шудааст, навишта мешавад;
г) дар қисмати «Навъ / Type» рамзи навъи раводид навишта мешавад. Мисол: «ХС1» дар ҳолати додани раводиди навъи «ХС1»;
д) дар ҳолати барасмиятдарории раводид ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд - аъзои оилаи онҳо дар қисмати «Навъ / Type» рамзи навъи раводиди аъзои оилаи шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд ва ихтисороти «АО» навишта мешавад. Мисол: дар ҳолати додани раводид ба аъзои оилаи шахсе, ки раводиди навъи «ХС2» дорад – «ХС2АО»;
е) дар қисмати «Карат/Entries» миқдори вуруд ва хуруҷи иҷозатдодашуда ба шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд навишта мешавад;
ё) дар қисмати «Муҳлати будубош/Validity» шумораи рӯз ва ё моҳи будубош дар давоми раводиди додашуда нишон дода мешавад;
ж) дар қисмати «Таърихи судур/Date of issue» санаи додани раводид ба шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд навишта мешавад;
з) дар қисмати «Оғози муҳлат / Valid from» саршавии амали раводиди шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд навишта мешавад. Дар қисмати «Анҷоми муҳлат / Valid untill» санаи ба итмом расидани муҳлати амали раводиди шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд навишта мешавад. Саршавӣ ва ба итмом расидани раводид аз соати 00:01 муқаррар карда мешавад. Мисол: агар раводид аз 01.01.2009 то 01.02.2009 дода шуда бошад, он аз 00:01 дақиқаи 01.01.2009 то 23.59 дақиқаи 01.02.2009 амал мекунад;
и) дар қисмати «Тавзеҳот / Remarks» қайдҳои махсус вобаста ба ҳар як ҳолати алоҳида, ки аз ҷониби шахси ваколатдор зарур шумурда мешавад, нишон дода мешавад;
ӣ) дар қисмати «Тарафи даъваткунанда/Invited by»  маълумот дар бораи ҷониби даъваткунанда бо ифодаи номи ташкилот ва агар шахси воқеӣ бошад, насаб, ном, номи падари чунин шахс ворид карда мешавад;
й) дар қисмати «Насаб ва номи корманди консулӣ / Name of consular officer» насаб ва номи корманди масъули консулӣ, ки аз тарафи ӯ раводид таҳия ва ба имзо мерасад, дарҷ карда мешавад.
68. Тартиби додани раводид метавонад аз ҷониби вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини амнияти давлатӣ ва тартиботи ҷамъиятӣ муваққатан манъ карда шавад.
69. Муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон уҳдадоранд, ки дар ҳолати иваз шудани муҳре, ки барои хизматрасониҳои консулӣ истифода мешавад, пеш аз истифодабарӣ намунаи онро ба Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати интиқоли минбаъда ба мақомоти дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намоянд.


 9. ТАРТИБИ БАРАСМИЯТДАРОРИИ РАВОДИДИ ЭЛЕКТРОНӢ
70. Раводиди электронӣ дар шакли электронӣ аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ ва ба расмият дароварда мешавад.
71. Шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд барои гирифтани раводиди электронӣ бояд бо таври электронӣ саволномаро (варақаро) дар портали раводиди электронӣ хонапурӣ намуда, тариқи электронӣ дархостро ирсол намояд.  
72. Ҳангоми ирсоли дархост барои гирифтани раводиди электронӣ ба  шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд, дархости мазкур аз тарафи низоми шабакаи электронии иттилоотӣ ба таври худкор бо  «Рӯйхати мамнӯъшудагон» тафтиш гардида, сипас корманди масъули Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи додани раводид қарор қабул менамояд.
73. Дар ҳолати мавҷуд набудани номи дархосткунанда дар «Рӯйхати мамнӯъшудагон» ва пардохти хироҷи консулӣ аз ҷониби ӯ, раводиди электронӣ дар шакли электронӣ (бо формати А4) ба суроғаи почтаи электронии дархосткунанда ирсол мегардад.
74. Аслӣ будан ва ба соҳиби худ мансуб будани нусхаи шиноснома ё дигар ҳуҷҷате, ки аз ҷониби шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд тариқи электронӣ барои гирифтани раводиди электронӣ  пешниҳод мешавад, набояд шубҳаовар бошад ва чун қоида муҳлати эътибори ҳуҷҷат, на камтар аз 6 моҳ то охири муҳлати амали онро ташкил диҳад.
75. Муҳлати раводиди электронӣ 90 рӯз мебошад, вале дорандаи он метавонад дар ҳудуди кишвар на бештар аз 45 рӯзи тақвимӣ қарор дошта, бояд аз қайд дар мақомоти корҳои дохилӣ озод бошад.
76. Хонапурӣ кардани баргаи раводиди электронӣ тавассути шабакаи электронии иттилоотӣ бо таври худкор ба амал бароварда мешавад. Санаи додан ва муҳлати амали раводиди электронӣ рақамгузорӣ карда мешавад (мисол: 01.01.2009, аз рӯи чунин тартиб:  рӯз, моҳ ва сол), инчунин:
а) дар қисмати «Ном/First name» номи шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд бо ҳуруфоти лотинӣ, тавре дар шиноснома омадааст, навишта мешавад;
б) дар қисмати «Насаб/Last name» насаби шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд бо ҳуруфоти лотинӣ, тавре дар шиноснома омадааст, навишта мешавад;
в) дар қисмати «Ҷинс/Gender» ҷинси шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд бо ҳуруфоти лотинӣ, тавре дар шиноснома омадааст, навишта мешавад;
г) дар қисмати «Рақами шиноснома/Passport number» силсила ва рақами шиноснома ё дигар ҳуҷҷати шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд, ки ба сифати он эътироф шудааст, навишта мешавад;
ғ) дар қисмати «Санаи таҳияи шиноснома/ Passport Issue Date» санаи додани шиноснома ё дигар ҳуҷҷати шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд, ки ба сифати он эътироф шудааст, навишта мешавад;
д) дар қисмати «Санаи анҷоми эътибори шиноснома/ Passport Expiry Date» санаи анҷоми эътибори шиноснома ё дигар ҳуҷҷати шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд, ки ба сифати он эътироф шудааст, навишта мешавад;
е) дар қисмати «Номи сарпараст / Sponsor name» дар ҳолати мавҷуд будани сарпараст, номи сарпараст ё ширкате, ки сарпарастиро ба уҳда дорад, бо ҳуруфоти лотинӣ навишта мешавад;
ё) дар қисмати «Суроғаи сарпараст/Sponsor address» дар ҳолати мавҷуд будани сарпараст, суроғаи сарпараст ё ширкате, ки сарпарастиро ба уҳда дорад, бо ҳуруфоти лотинӣ навишта мешавад;
ж) дар қисмати «e-Visa №» рақами раводиди электронӣ навишта мешавад;
з) дар қисмати «Санаи таваллуд/Date of Birth» санаи таваллуди шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд навишта мешавад;             
и) дар қисмати «Шаҳрвандӣ / Nationality» мансубият ба шаҳрвандии шаҳрванди хориҷӣ ва ё бешаҳрвандии ӯ  бо ҳуруфоти лотинӣ навишта мешавад;
ӣ) дар қисмати «Ҷойи таваллуд/Place of Birth» кишваре, ки дар он шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд таваллуд шудааст, бо ҳуруфоти лотинӣ навишта мешавад;
й) дар қисмати «Оғози муҳлат/Valid from» санаи саршавии амали раводиди электронии шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд навишта мешавад;
к) дар қисмати «Муҳлати иқомат/ Duration of Stay» муддати будубоши шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд дар Тоҷикистон навишта мешавад;
л) дар қисмати «Анҷоми муҳлат/Valid Untill» санаи ба итмом расидани муҳлати амали раводиди шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд навишта мешавад. Саршавӣ ва ба итмом расидани эътибори раводид аз соати 00:01 ҳисоб карда мешавад. Мисол: агар раводид аз 01.01.2009 то 01.02.2009 дода шуда бошад, он аз 00:01 дақиқаи 01.01.2009 то 23.59 дақиқаи 01.02.2009 амал мекунад.
77. Қоидаҳои барасмиятдарории раводиди электронӣ метавонанд аз ҷониби вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини амнияти давлатӣ ва тартиботи ҷамъиятӣ муваққатан манъ карда шаванд.
78. Иҷозати сафар ба минтақаҳои наздисарҳадӣ дар варақаи раводиди электронӣ нишон дода мешавад.
 
10. ТАМДИДИ МУҲЛАТ, БЕКОР ВА БАРҚАРОР КАРДАНИ РАВОДИД
79. Муҳлати амали раводид метавонад аз ҷониби  Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси раводиди қаблӣ ва пешниҳоди  ҳуҷҷатҳое, ки зарурати ин гуна тамдидро тасдиқ менамоянд, ба муҳлати муайяншуда бо салоҳдиди шахси масъули консулӣ, ки ба тамдиди раводид ваколатдор шудааст, ба ғайр аз ҳолатҳое, ки бо Қоидаҳои мазкур пешбинӣ шудаанд, тамдид карда шавад.
80. Қарор дар бораи тамдид ва каратнокии раводид аз ҷониби шахси масъул, ки барои додани раводид ваколатдор шудааст, баъди санҷиш аз рӯи «Рӯйхати мамнӯъшудагон» қабул карда мешавад. Дар ҳолати тамдид намудани раводид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоҳангсозии иловагӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ талаб карда намешавад.
81. Дар сурати гузаштани муҳлати амали раводид бо гуноҳи шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд ё дархосткунанда, онҳо тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд.
82. Барои гузарондани  муҳлати амали раводид тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон хироҷи консулӣ ситонда мешавад.
83. Дар ҳолате ки дар шиносномаи шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд раводиди муҳлати амалаш нагузашта ва ё истифоданашуда мавҷуд бошад, раводиди нав аз санаи ба анҷом расидани муҳлати амали раводиди қаблӣ ба амал бароварда мешавад.
84. Муҳлати қабули қарор дар бораи тамдиди раводид давоми 10 рӯзи корӣ аз рӯзи пешниҳод намудани тамоми ҳуҷҷатҳои зарурӣ муқаррар карда мешавад, агар тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё шартномаҳои байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад.
85. Дар ҳолати аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ қабул намудани қарор дар бораи ихтисор кардани муҳлати будубоши муваққатии шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, раводиди ӯ тариқи мондани муҳр бо навиштаҷоти «бекор карда шудааст» бекор карда шуда, баъдан раводиди хуруҷӣ дода мешавад.
86. Дар ҳолати қабули қарор дар бораи аз ҳудуди давлат берун кардани шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд, раводиди ӯ аз ҷониби Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби мондани муҳр бо навиштаҷоти «бекор карда шудааст» бекор карда шуда, маълумоти ӯ ба «Рӯйхати мамнӯъшудагон» ворид карда мешавад.
87. Дар ҳолати нуқсони техникӣ гирифтани раводиди шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд, ки ба корношоямии минбаъдаи он оварда расондааст ё дар ҳолати гум шудани он, раводид бояд баъди санҷиши асос ва тасдиқи далели додани он барқарор карда шавад.
88. Барқарор намудани раводид аз ҷониби Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси аризаи хаттии шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд ё бо дархости хаттии ташкилот, ё шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё шаҳрванди хориҷӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомати доимӣ дораду бо даъвати ӯ шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд вуруд шудааст ва ё нияти ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон вуруд шуданро дорад, ба амал бароварда мешавад.
89. Дар ҳолати бекор намудани шиносномаи қаблӣ, аз сабаби иваз намудан ё гирифтани шиносномаи нав аз ҷониби шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд, ки соҳиби раводиди амалкунанда мебошад, раводид метавонад дар шиносномаи нав дар асоси аризаи хаттии ин шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд барқарор карда шавад.
90. Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолати номувофиқатии навъи раводид ба мақсади вуруди шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд вазифадор аст онро бекор намояд ва раводиди навъи дахлдорро ба расмият дарорад.
 
11. БАҲИСОБГИРИИ РАВОДИДҲОИ ДОДАШУДА
91. Баҳисобгирӣ аз ҷониби Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин бюрои консулӣ дар фурудгоҳҳои байналмилалӣ ва намояндагиҳои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаи иттилоотию электронӣ сурат мегирад.

12. ҶАВОБГАРИИ ШАХСОНИ ВОҚЕӢ ВА ҲУҚУҚИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ДАЪВАТИ ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ ВА ШАХСОНИ БЕШАҲРВАНД
92. Дархости шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликият ҷиҳати ба расмият даровардани тасдиқи даъват ва раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки қаблан шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванди риоянакардаи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро даъват намудаанд, барои баррасӣ қабул намегардад.
93. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандро даъват намудаанд, барои будубоши қонунии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгар буда, дар ҳолати танқисии моддӣ кашидани шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд ҷиҳати баромада рафтанашон ё ин ки дар ҳолати аз ҳудуди давлат берун кардани шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд аз ҷиҳати моддӣ ҷавобгар мебошанд.


Замима ба Қоидаҳои барасмиятдарорӣ, додани раводид ва раводиди электронии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд
НОМГӮИ ДАВЛАТҲОИ ХОРИҶИЕ, КИ ШАҲРВАНДОНИ ОНҲО ҲУҚУҚИ БО ТАРТИБИ СОДА ГИРИФТАНИ РАВОДИДИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОНРО ДОРАНД
1. Австралия
2. Ҷумҳурии Австрия
3. Ҷумҳурии Халқии Демократии Алҷазоир
4. Ҷумҳурии Мисри Араб (нисбати раводидҳои «Д» ва «Х»)
5. Ҷумҳурии Аргентина
6. Ҷумҳурии Булғористон
7. Гертсогии Бузурги Люксембург
8. Ҷумҳурии Маҷористон
9. Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам
10.  Бруней-Доруссалом
11.  Давлати Исроил
12.  Ҷумҳурии Юнон
13.  Ҷумҳурии Халқии Хитой
14.  Ҷумҳурии Ирландия
15.  Ҷумҳурии Исломии Эрон
16.  Ҷумҳурии Исландия
17.  Ҷумҳурии Италия
18.  Канада
19.  Давлати Қатар
20.  Ҷумҳурии Кипр
21.  Ҷумҳурии Эстония
22.  Япония
23.  Шоҳигарии Баҳрайн
24.  Шоҳигарии Белгия
25.  Шоҳигарии Ҳошимии Урдун
26.  Шоҳигарии Дания
27.  Шоҳигарии Испания
28.  Шоҳигарии Марокаш
29.  Шоҳигарии Нидерландия
30.  Шоҳигарии Норвегия
31.  Шоҳигарии Арабистони Саудӣ
32.  Шоҳигарии Шветсия
33.  Давлати Кувайт
34.  Ҷумҳурии Латвия
35.  Ҷумҳурии Литва
36.  Ҷумҳурии Лубнон
37.  Малайзия
38.  Ҷумҳурии Малта
39.  Иёлоти Муттаҳидаи Мексика
40. 3еландияи Нав
41.  Амороти Муттаҳидаи Араб
42.  Султонати Уммон
43.  Ҷумҳурии Лаҳистон
44.  Ҷумҳурии Португалия
45.  Ҷумҳурии Корея
46.  Ҷумҳурии Индонезия
47.  Ҷумҳурии Хорватия
48.  Руминия
49.  Ҷумҳурии Сингапур
50.  Ҷумҳурии Словакия
51.  Ҷумҳурии Словения
52.  Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ
53.  Иёлоти Муттаҳидаи Амрико
54.  Шоҳигарии Таиланд
55.  Ҷумҳурии Туркия
56.  Ҷумҳурии Тунис
57.  Ҷумҳурии Федеративии Бразилия
58.  Ҷумҳурии Федеративии Германия
59.  Ҷумҳурии Филиппин
60.  Ҷумҳурии Финляндия
61.  Ҷумҳурии Франсия
62.  Ҷумҳурии Чехия
63.  Конфедератсияи Швейтсария
64.  Ҷумҳурии Африкаи Ҷанубӣ
65.  Ҷумҳурии Исломии Покистон (нисбати раводидҳои «С», «МОИ», «Т», «Н»)
66.  Ҷумҳурии Ҳиндустон (нисбати раводидҳои «С», «МОИ», «Н»)
67.  Ҷумҳурии Яман (нисбати раводидҳои «Д» ва «Х»)
68.  Туркманистон
69.  Ҷумҳурии Боливиарии Венесуэла
70.  Ҷумҳурии Ӯзбекистон (нисбати раводидҳои «Д», «Х», «С», «МОИ», «Н»)
71.  Шоҳзодагии Андорра
72.  Вотикон
73.  Шоҳзодагии Лихтенштейн
74.  Шоҳзодагии Монако
75. Ҷумҳурии Куба
76. Ҷумҳурии Чили
77. Муғулистон
78. Ҷумҳурии Сенегал (нисбати раводидҳои «Д» ва «Х»)

Эзоҳ:
Шахсони бешаҳрванд, собиқ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи бо тартиби сода гирифтани раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистонро доранд.
Давлатҳое, ки ба номгӯи зикргардида дохил нашуданд, метавонанд дар асоси  шартномаҳои дуҷониба ё дар асоси рафтуомади бераводиди мутақобилаи шаҳрвандони ду кишвар тартиби содаи гирифтани раводидро ба роҳ монанд.
Бо мақсади таъмини ҳуқуқ ва озодии дигарон, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳифзи асосҳои сохтори конститутсионӣ, амнияти давлат, мудофиаи мамлакат, ахлоқи ҷомеа, сиҳатии аҳолӣ ва тамомияти арзии ҷумҳурӣ, инчунин принсипи мутақобила вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси розигии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад тартиби содакардашударо муваққатан боздошт намояд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.01.2017    №: 22-23    Мутолиа карданд: 3128

14.11.2017


Ҷаласаи якҷояи тадорукоти чорабиниҳои байналмилалӣ

Мулоқоти Сироҷиддин Аслов ва Эрлан Абдилдаев

Таъсиси шабакаи нави телевизионӣ

Бизнес - форуми соҳибкорони Тоҷикистону Ҳиндустон баргузор хоҳад гашт

Ҷаҳон дар як сатр

Ҳалокати беш аз 450 нафар аз заминҷунбӣ дар Эрон

Трамп ҷонибдори сабуксозии таҳримоти зиддирусӣ

Занон ва кӯдаконро аз Сурия ба Грозний оварданд

Коршиносон кишварҳоеро ном гирифтанд, ки аз тағйироти иқлим бештар зарар диданд

Чин. Минтақаи политсияро роботҳо «забт карданд»

13.11.2017


Ҷаҳон дар як сатр

Путин ва Трамп кишварҳои дунёро ба афзунсозии ёрӣ ба Сурия даъват карданд

Трамп қазияи «дахолати русӣ» - ро монеаи сунъии муносибатҳо номид

Пазироии Бангкок аз намояндагони СҲШ ва ЭСКАТО

Норасидтарин кӯдаки дунё дусола шуд

11.11.2017


Баррасии масъалаи истифодаи технологияҳои инноватсионӣ дар соҳаи роҳсозӣ

Тасвиби Ёддошти тафоҳум байни Вазорати мудофиа ва САҲА

Вохӯрӣ бо Мирча Чиопрага

Ҷарроҳии ройгони кӯдакон ва наврасон

ФУТБОЛ. Тими ҷавонони кишвар ба Чемпионати Осиё роҳхат гирифт

09.11.2017


Мулоқоти Сироҷиддин Аслов ва Муҳаммад Ҷавод Зариф

Баррасии масоили ҳамкории минтақавӣ дар соҳаи назорати маводи нашъаовар

Таҷлили Рӯзи милитсия дар Тоҷикобод

Роҳсозони ИДМ дар Душанбе ҷамъ омаданд

ФУТБОЛ. Ин бор миёни бонувон

Ҷаҳон дар як сатр

Путин ва Трамп дар ҳамоиши АТЭС қазияи ҶХДК - ро баррасӣ мекунанд

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «Давлати исломӣ»-ро ба муҳосира гирифт

СММ давлатҳои арабро ба лағви муҳосираи Яман даъват намуд

Столтенберг: «Пас аз торумори «ДИ» амалҳои террористӣ дар Аврупо ва ИМА эҳтимол доранд»

Маҳви 54 ҳазор ҷангӣ дар Сурия

Дар Арабистони Саудӣ 800 миллиард долларро мусодира мекунанд

06.11.2017


Шукурҷон Зуҳуров ҳайати Парлумони Аврупоро ба ҳузур пазируфт

Тақвияти ҳамкориҳо бо Япония


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед