logo

маориф

ОБ. КӮДАКОНРО ДАР РОҲИ ЭҲТИРОМ ТАРБИЯ НАМОЕМ

Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон   оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» (2018 - 2028), ки бо  Қатъномаи Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардид, конфронси илмию амалӣ баргузор шуд. Устодону донишҷӯён доир ба аҳамияти эълом доштани даҳсола суханронӣ намуда, зикр карданд, ки ҳифзи захираҳои обӣ ва истифодаи сарфакоронаи онҳо яке аз масъалаҳои асосии имрӯзаи ҷаҳон аст. Иқдоми Тоҷикистон баҳри ҳалли проблемаи мубрами ҷаҳониён, хусусан кӯдакон, аҳамияти бесобиқа дорад, зеро аз беобӣ кӯдакон зиёдтар азоб мекашанд.

Мувофиқи ҳисоботи Созмони Милали Муттаҳид, то соли 2025 аз се ду ҳиссаи аҳолии олам ба мушкилоти норасоии об дучор мегардад. Ин вазъият қариб тамоми кишварҳоро ба ташвиш овардааст.
Бояд то  чӣ андоза дар ҳаёти инсон муҳим будани обро ба кӯдакону наврасон, ки насли ояндаи моанд,   дар хона ва боғчаю  мактаб тарғибу ташвиқ намоем. Ин ҷиҳати баланд бардоштани маърифати истифодаи об ниҳоят зарур аст.  Дар  ҳар як муассисаи таҳсилоти  умумӣ ва  томактабӣ  ташкил намудани гӯшаи «Панди бузургон дар бораи об», «Об - манбаи рӯшноӣ», «Об - сарчашмаи зиндагӣ», «Оби тоза - ганҷи бебаҳо», «Обро аз ифлосӣ эмин доред» ва гузарондани озмун байни синф ва гӯруҳҳо барои  шинохти аҳамияти ин неъмати бебаҳо ва истифодаи дурусти он нақши муҳим дорад. Баъзе одамон аз рӯи нодонию беэҳтиётӣ ба исроф ва ифлос сохтани об даст мезананд. Ҷумакҳои  бози об, ҷӯйборҳои гандидаи пур аз зарфҳои пластмассӣ ва сангу чӯб дар бархе маҳалҳо  мисоли гуфтаҳои болост.  Кӯдакони баъзе  минтақаҳои қораи Африқо аз сабаби беобӣ оби лойолуду ифлос менӯшанд. Сокинони баъзе кишварҳои ин қитъа оби ифлосро  ба сатилҳо гирифта, баъди каме таҳшин гардиданаш  аз он менӯшанд. Ин вазъ хеле ғамангез аст.
Кишвари  мо, шукри Худо, сероб аст. Пас, бояд шукрона кунем, ба қадри ин неъмати бебаҳои диёр бояд расем ва барои амалишавии иқдомҳои  Сарвари давлат дар ин самт ҳамаҷониба саъй намоем. 
Зебуниссо САЪДУЛЛОЕВА, Омӯзгор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.01.2017    №: 24    Мутолиа карданд: 2412

18.03.2017


Шиносоии Сарвазир бо ҷараёни корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ

Баррасии ҷалби ширкатҳои Арабистони Саудӣ дар татбиқи лоиҳаҳо

Вохӯрии Сумангул Тағойзода бо Пратибҳа Меҳта

Ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон матраҳ гардид

ЛАХШ. Сар аз як гиребон

16.03.2017


«Тоҷикистон – ташаббускори ҳалли масоили об»

Ҷаласа дар ҳузури Азим Иброҳим

Боздиди сафири Тоҷикистон аз Донишгоҳи Венҷоу

Ҳадаф – муаррифии фарҳангу тамаддуни бойи тоҷикон

Ҷаҳон дар як сатр

Гӯшаи кишоварз

Судяи иёлати Гавайя фармони Трампро аз амал боздошт

Дар Димишқ се маргталаб худро тарконд

Ба 17 миллион яманӣ гуруснагӣ таҳдид мекунад

Озод кардани австрализани рабуда дар Афғонистон

Ҳавопаймои дубаҳраи чинӣ ба парвози нахустин омодагӣ мегирад

15.03.2017


Нақши осори Бедил дар рушди дипломатияи мардумии фарҳангӣ

Тоҷикистону Чин: тақвияти ҳамкориҳои илмӣ

Тантанаҳои наврӯзӣ 21 март оғоз мегарданд

Вусъати корҳои ободонӣ

Қолинбофӣ рушд меёбад

Ҷаҳон дар як сатр

Низомиёни афғон 30 гаравгонро озод карданд

ЮНИСЕФ: порсол дар Сурия 650 кӯдак ҳалок шуд

ИМА нисфи маблағгузории СММ – ро коҳиш медиҳад

Ҳалокат дар садамаҳои ҳавоӣ 2 маротиба афзудааст

Покистон аҳолиашро аз нав ба ҳисоб мегирад

13.03.2017


ҲАМОИШИ МУҲИМ ДАР АКАДЕМИЯИ ВАО

Афзалиятҳои Стратегияи миллии рушд матраҳ гашт

Баррасии таҳкими ҳамкориҳо

Мусобиқаҳо барои дарёфти Ҷоми «Пойтахт – 2017»

Мулоқот бо муовини вазири корҳои хориҷии Туркманистон

Изҳори сипос ба «Ҷумҳурият»

Боб-ус-Сағир ҳадафи ҳамлаи террористӣ гашт


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед