logo

сафарҳо

Аз байн бурдани таҳдиди иттилоотӣ - талаби замон

Рӯзҳои 31 июл ва 1 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Чолпон – Атаи Ҷумҳурии Қирғизистон дар мулоқоти ғайрирасмии сарони давлатҳои аъзои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ иштирок намуд.
Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ Ҳамроҳхон Зарифӣ, мушовири давлатии  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати хориҷӣ Эркин Раҳматуллоев, вазири мудофиа Шералӣ Хайруллоев ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ намуданд.
Дар мулоқот сарони ҳамаи 7 давлати аъзои ин созмон –Арманистон, Белорус, Русия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қазоқистону Қирғизистон иштирок доштанд.
Вохӯрии ғайрирасмии сарони кишварҳои узв ба баррасии як теъдод масоили мубрами  рӯзномаи кории Созмон бахшида шуд, ки дар байни онҳо аз умдатарин масъалаҳо мавзӯи  таъмини амнияти иттилоотии кишварҳои  аъзо буд.
Пӯшида нест, ки   дар раванди ҷаҳонишавии ҳамаи  ҷанбаҳои ҳаёти ҷомеаи муосир тарзи ҳаёти ҷадиде зуҳур менамояд, ки бар иттилоот асос ёфтааст. Қисмати зиёди сохторҳои  танзимкунандаи  ҷомеа, аз ҷумла сохторҳои  давлатӣ, бо хатару таҳдидҳои  нав мувоҷеҳ мешаванд, ки  ҷанги иттилоотӣ, пайдо шудани  шабакаҳои террористии иттилоотӣ, бозӣ бо афкори умум аз қабили онҳоянд.
Табиист, ки ҳар  як кишвари узви Созмон наметавонад бо нерӯи худӣ ба тамоми ин хатару таҳдидҳои нави иттилоотӣ ҷавоб гӯяд. Аз ин ҷост, ки масъалаи ташкилу танзими имконоти муштараки  иттилоотӣ ҷиҳати аз байн бурдани таҳдиду хатарҳои иттилоотии мавҷуда ва оянда, тақвияти фазои ягонаи  иттилоотӣ, ҳамоҳангсозии фаъолонаи сиёсати иттилоотӣ масъалаҳои  муҳимтарини рӯз мегарданд.
Аз ин лиҳоз танзими механизми муассири амалиёти муштарак, истифодаи таҷрибаи дар бахшҳои  дигари ҳамкории байналмилалӣ андӯхташуда бо дарназардошти рушди босуръати  технологияҳои  иттилоотӣ аз масоили муҳимтарини ҷадвали кории Созмон дониста шуданд.
Сардори давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни баррасии мавзӯъҳои  зикршуда таъкид намуд, ки андешидани чораҳои зарурӣ ҷиҳати аз байн бурдани таҳдиду хатарҳои иттилоотӣ талаби замон буда, қабл аз ҳама даст кашидан аз амалияи  истифодаи ғаразноки имкониятҳои иттиллоотии як кишвари узви Созмон  таҳдиди воқеияти  сиёсиву иҷтимоии кишвари дигари узвро тақозо менамояд.
Қарор карда  шуд, ки таҳти васояти Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар шаҳри Маскав як Маркази технологияҳои иттилоотӣ таъсис дода шавад.
Ҳангоми ҷаласаи мазкур сарони кишварҳо масъалаҳои дигари муҳими минтақавию байналмилалиро низ баррасӣ намуданд.
Дар ҳошияи мулоқоти ғайрирасмии сарони давлатҳои узви Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Эмомалӣ Раҳмон як теъдод вохӯриву мулоқотҳо бо  роҳбарони мамлакатҳои дигари аъзои Созмон анҷом дод.

Баъди итмоми ҷаласа Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон  рӯзи 1 август  ба Ватан баргашт.
Дар фурудгоҳи пойтахт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон  Оқил Оқилов, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Амиршо Миралиев ва дигар шахсони расмӣ истиқбол намуданд.

Сешанбе, 4 августи  соли  2009. № 97 (21 604). Соли 85-уми нашр.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 622

13.06.2018


Шиносоии Сарвазири мамлакат бо фаъолияти корхонаҳои пойтахт

12 медали варзишгарони тоҷик дар Ҷоми Ӯзбекистон

Боздиди ҳайати Ӯзбекистон аз НБО Роғун ва мавзеи сайёҳии Варзоб

Ҷаҳон дар як сатр

Вохӯрии таърихӣ - муқаддимаи сулҳ

Дар Муғулистон Маркази байналмилалии тадқиқотии кишварҳои рушдкунанда ташкил шуд

Сарвари Сандуқи байналмилалии асъор аз хатар ба иқтисоди ҷаҳонӣ огоҳ сохт

Бонки миллии Қирғизистон 90 дарсади даромадашро ба давлат медиҳад

12.06.2018


Баргузории ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СААД

Баимзорасии созишномаи ҳамкорӣ

Вазорати маориф ва илм ба ҷадвали санҷишу имтиҳонҳо тағйирот ворид кард

Баистифодадиҳии корхонаи коркарди санги хоро

Ҷаҳон дар як сатр

СААД ба Тоҷикистон дар таҳкими марз бо Афғонистон ёрӣ мерасонад

Дар Чин сафари Путинро комёбии мутлақ унвон карданд

Баррасии вазъи Афғонистон, Сурия ва Корея дар Алмаато

Мирзиёев хостори "долони озод"-и тиҷоратии СҲШ шуд

Минск аз Чин 800 миллион юан ёрии ройгон мегирад

08.06.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Никлас Линдквист

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ баргузор мешавад

Иди саиди Фитр дар Тоҷикистон 15 июн таҷлил мегардад

Муҳлати бақайдгирии шаҳрвандони хориҷӣ аз 3 то 10 рӯзи корӣ тамдид шуд

Як вохӯрии судманд

РАШТ. Бунёду азнавсозии муассисаҳои таълимӣ вусъат мегирад

МОҲӢ. Афзоиши истеҳсол

Тақвими бозиҳои Ҷоми ҷаҳон

07.06.2018


Баргузории ҷаласаи навбатии кумитаи тадорукот

Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Алӣ Муборак ал-Муҳаннадӣ

Корхонаи парандапарварӣ ба истифода дода хоҳад шуд

Тоҷикистон боз дар мақоми аввал

ХАТЛОН. Рафти кишти такрорӣ бад нест, аммо...

Ҷаҳон дар як сатр

Путин зарурати рушддиҳии технологияҳои рақамиро таъкид кард

Ба Афғонистон низомиёни Амороти Муттаҳидаи Араб ва Қатар меоянд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед