logo

мулоқотҳо

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ПИЕТРО САЛИНИ

31 январ дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбари ширкати «Салини Импреҷило» (Salini Impregilo) Пиетро Салиниро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мулоқот масъалаҳои вобаста ба вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистон бо ширкати «Салини Импреҷило» дар бунёду барқарорсозии иншооти гидроэнергетикӣ, аз ҷумла Неругоҳи барқи обии Роғун мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Ҷонибҳо доир ба сатҳу сифати корҳо ва рафти маблағгузории сохтмони иншооти муҳими гидроэнергетикӣ табодули афкор карда, таъмини иҷрои саривақтии нақшаи корҳои лоиҳавӣ ва масъалаҳои вобаста ба молия ва сармоягузориро аз омилҳои асосии пешравии кор дар сохтмони сарбанди неругоҳ арзёбӣ намуданд.
Изҳори бовар карда шуд, ки аз ҷониби ширкати «Салини Импреҷило» ҳамчун ширкати боэътимод ва пешрафтаи байналмилалӣ, ки дар сохтмони сарбанди Неругоҳи барқи обии Роғун иштирок менамояд, барои иҷрои корҳои лоиҳавии бунёди иншоот тадбирҳои зарурӣ амалӣ шуда, камбудию мушкилоти ҷойдошта дар ин самт сари вақт бартараф карда мешаванд.
Дар мулоқот дигар мавзӯъҳои марбут ба иҷрои уҳдадориҳои дуҷониба дар сохтмон ва барқарорсозии иншооти Неругоҳи барқи обии Роғун ва ҷалби ин корпоратсияи байналмилалии сохтмонӣ дар татбиқи лоиҳаҳои гуногуни сармоягузории Тоҷикистон баррасӣ гардиданд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.02.2017    №: 25    Мутолиа карданд: 2796
25.07.2017


Тасдиқи нақшаи чорабиниҳои Ҷашни 26-солагии Истиқлолияти давлатӣ

Мулоқоти Низомиддин Зоҳидӣ ва Квон Ён У

Густариши ҳамкориҳои гуногунҷанба матраҳ гашт

Роҳи Кӯлоб – Қалъаи Хумб – Мурғоб – Қароқум боз шуд

ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ДОХИЛӢ. Наздики 900 ҷиноят ошкор шуд

Қарзи истифодабарандагони об ба 95,5 миллион сомонӣ расид

ИСТАРАВШАН. Саноат рӯ ба беҳбудӣ

РОҒУН. Афзалият ба маориф

Қарзи бонкҳо 34 дарсад коҳиш ёфт

24.07.2017


Ҷоришавии низоми пардохти электронӣ

Иштироки Неъматулло Ҳикматуллозода дар чорабинии махсуси СММ

Баррасии сатҳи хизматрасонӣ

Таъсиси Шабакаи ягонаи иттилоотии ҷумҳуриявии БДА

Парвандаҳои иқтисодӣ нисбат ба соли гузашта зиёд шудаанд

Ш. Орумбекзода: "Дар соҳаи фарҳанг ҳанӯз мушкилот зиёданд"

Нақшаи андоз 102,1 дарсад таъмин гардид

ДМИТ. Теъдоди аълохонон меафзояд

ДОНИШКАДАИ ИСЛОМӢ. Бурдҳо ва бохтҳо

10 медали тиллои дастпарварони ДТҶТ

22.07.2017


Густариши ҳамкориҳо бо Олмон

Содироти маҳсулот ба маблағи беш аз 230 миллион доллар

Таҷдиди НБО Қайроққум моҳи сентябр оғоз мегардад

ЛАХШ. Беш аз 750 ҳазор сомонӣ барои зарардидагон

20.07.2017


Ширкати Неъматулло Ҳикматуллозода дар Форуми сиёсии сатҳи баланд

Мулоқоти Шерхон Салимзода ва Александр Конюк

Намоишгоҳи «Тоҷикистон – 2017» баргузор мешавад

«Лола» ва «Садо» ба Чин мераванд

Картошка арзон мешавад?

ҚАДРИ МЕҲНАТ. Маоши миёна беш аз 1200 сомонӣ

ВАҲДАТ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ

ДДЗТ. Аз озмунҳои байналмилалӣ то ҳамкориҳои хориҷӣ

19.07.2017


Мулоқоти Неъматулло Ҳикматуллозода ва Кристиа Фриланд

Коҳиши воридот ва афзоиши содирот

Коҳиши воридот ва афзоиши содирот

Даромади софи бонк ба 15 миллион сомонӣ расид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед