logo

барқияҳо

БАРҚИЯҲОИ ТАБРИКӢ

2 феврал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Япония Синдзо Абэ барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла омадааст:
«Ҷаноби Олӣ!
Бо камоли сарфарозӣ Шуморо ба муносибати 25 - умин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Япония  сидқан табрику таҳният мегӯям.
Тағйирот ва таҳаввулоти хеле ҷолибе, ки тайи ин солҳо дар муносиботи дӯстонаи Тоҷикистон ва Япония рух доданд, далели равшани эҳтимоми ҷонибҳо ба рушди равобити ҳасана байни ду кишвар дар бахшҳои гуногуни мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мебошад.
Мо аз сатҳи имрӯзаи ҳамёрӣ бо кишвари Шумо изҳори қаноатмандӣ менамоем.
Итминони комил дорам, ки дар оянда низ бо саъю талошҳои муштарак мо рушди пайвастаи ҳамкориҳои судманди кишварҳоямонро ба нафъи мардумонамон таъмин хоҳем кард.
Бо истифода аз фурсати муносиб ба Шумо ҷаноби Сарвазир саломатии комилу пирӯзиҳои нав ба нав ва барои мардуми дӯсти Япония саодату амонӣ ва шукуфоии бештар орзумандам».


2 феврал Сарвазири Япония Синдзо Абэ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла омадааст:
«Ҷаноби Олӣ!
Шуморо ба муносибати 25 - умин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни Япония ва Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик менамоям. Аз рӯзи истиқлолият ба даст овардани Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни кишварҳои мо муносиботи ниҳоят хуб рушд мекунанд.
Моҳи октябри соли  2015 ба ҳайси Сарвазири Япония бори аввал ба Тоҷикистон ташриф овардам ва бо Шумо мулоқоти судманд анҷом додам, ки дар натиҷа мо барои рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои гуногун ақидаи ҳамсон пайдо намудем. Бо хушнудӣ зикр менамоям, ки сафари мазкур ба рушди муносибатҳои миёни кишварҳоямон такон бахшида, оид ба татбиқи мувофиқаҳо дар соҳаҳои густурда тадбирҳои минбаъд фаъолана андешида мешаванд.
Кишвари мо Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар солҳои соҳибистиқлолии он пайваста дастгирӣ менамуд. Мо ният дорем, ки дар оянда низ рушди сохтори давлатию ҷамъиятӣ ва ташаккули иқтисоди бозаргонии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла рушди инфрасохтор, минтақаҳо ва омодасозии кадрҳоро дастгирӣ намоем.
Бо истифода аз фурсат, дар робита ба 25 - умин солгарди рӯзи барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ миёни кишварҳоямон ман самимона рушд ва таҳкими робита миёни халқҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Японияро таманно дорам.
Ба идомаи ҳамкории фаъол бо Шумо, аз ҷумла дар доираи муколамаи «Осиёи Марказӣ + Япония»  умедворам.
Ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, саломатии бардавом ва ба мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон хушбахтӣ таманно менамоям».


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.02.2017    №: 27    Мутолиа карданд: 3437

24.05.2018


Симои сиёсӣ ва фарҳангии Пешвои миллат

Мулоқоти Шукурҷон Зуҳуров бо Алекен Еминбахэ

Вохӯрии ҳайати вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистону Ӯзбекистон

Рӯнамоии иқтидори сайёҳии кишвар дар Боку

ҶАЙҲУН. ПИЁЗ ЗИЁДУ ХАРИДОР КАМ

Ҷаҳон дар як сатр

СҲШ: таваҷҷуҳи вижа ба таъмини амнияти лоиҳаҳои байналмилалии стратегӣ

Ширкати 15 ҳазор меҳмон дар ҳамоиши иқтисодии Петербург

Макрон бо умеде ба Санкт-Петербург меояд, ки «Русияро ба Аврупо орад»

Дар Ҳилманд 15 нафарро аз асорати «Толибон» озод карданд

Қазоқистон гандуми бисёрсола парвариш кардан мехоҳад

23.05.2018


Ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад

Вохӯрии Абдураҳим Қаҳҳоров бо Чжао Кэчжи

Тоҷикистон дар ҳифзи нигаҳдории гуногунии биологӣ саҳми назаррас дорад

Ҷаҳон дар як сатр

Рашид Олимов: «Масоили амниятӣ таваҷҷуҳи бештар мехоҳад»

Дар Олмон ба хотимабахшии «давраи яхбандӣ» дар муносибат бо Русия даъват намуданд

Аморат низоми раводидро барои сармоягузорону мутахассисони баландпоя сабук кард

Қазоқистон: имтиёзҳои қарзи манзил барои омӯзгорон ва табибон

Қирғизистон барои иштирок дар лоиҳаи «Digital CASA» беш аз 3 миллиард рубл мегирад

21.05.2018


Ҷаҳон дар як сатр

Пекин ҷонибдори бунёди тамаддуни экологист

Маҳви 65 ҳазор ҷангӣ дар Сурия

Вашингтон барои мубориза алайҳи терроризм қариб $3 триллион харҷ кардааст

Иттиҳоди Аврупо ба ИМА роҳи пешгирии боҷро нишон дод

Мансабдорони Қазоқистон аз ҳаққи узвият дар созмонҳои динӣ маҳрум мешаванд

18.05.2018


Ҷаласа таҳти роҳбарии муовини Сарвазири мамлакат

Брифинги матбуотӣ оид ба натиҷаҳои Конфронси байналмилалии Душанбе

Ифтитоҳи Маркази таҳсилот, илм ва фарҳанги Беларус

17.05.2018


Баррасии масоили соҳибкорӣ

Вохӯрии Исматулло Насредин бо Эндрю Гилмор

Чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи ҷавонон

Туризм аз бахшҳои асосии иқтисоди миллӣ

ОРОИШГАРИ ШАҲРИ КӮЛОБ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед