logo

сиёсат

ҶАЛАСАИ КОМИССИЯИ ДАВЛАТИИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДА

10 феврал таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулода баргузор гардид. Дар ҷаласа аъзои Ҳукумати мамлакат, роҳбарияти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорату идораҳои дахлдор, раисони вилоятҳо ва як қатор шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

Дар оғоз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулода муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз афзоиши ҳодисаҳои табиӣ дар давоми панҷ соли охир, ки талафоти ҷонӣ ва хисороти зиёди иқтисодӣ дар пай гузоштаанд, изҳори таассуф карда, бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табиӣ, пешгирӣ аз ҳама гуна хавфу хатарҳои ба рушди иқтисодиёти мамлакат таъсиррасон ва дастгирию кумаки ҳамаҷонибаи аҳолии зарардидаро аз тадбирҳои меҳварӣ ва муҳими сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ намуданд.
Доир ба ҳодисаҳои табиии рӯзҳои охир ва тадбирҳои таъҷилии сохторҳои масъули давлатӣ дар амали бартарафсозии оқибатҳои фалокатбори офатҳои табиӣ дар минтақаҳои гуногуни кишвар Сарвазири мамлакат, муовини якуми Раиси Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулода Қоҳир Расулзода гузориш дод.
Тавре таъкид гардид, бар асари боришоти аз ҳад зиёди барф ва фаромадани тарма дар минтақаҳои баландкӯҳ, вазъ дар ин минтақаҳо ва шоҳроҳҳои асосии мамлакат мураккаб шуда, ин ҳолат боиси хисороти зиёди иқтисодӣ ва талафоти ҷонӣ гардид. Сарвазири мамлакат изҳор дошт, ки дар чунин рӯзҳои сахт вазъияти баамаломада пайваста таҳти назорат ва таваҷҷуҳи бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифта, дар доираи дастуру супоришҳои Сарвари давлат тамоми имконоту иқтидорҳои мавҷудаи кишвар ба рафъи оқибатҳои боришоти зиёди барфу борон, селу обхезиҳо, тармафароӣ ва дигар ҳодисаҳои геологию гидрологӣ сафарбар карда шуданд.
Дар ҷаласа, ҳамчунин доир ба вазъи кунунии минтақаҳои зарардида ва тадбирҳои аввалиндараҷа дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиии рӯзҳои охир ҳисоботи роҳбарони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, Вазорати нақлиёт, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ, ширкати «Иновайтив Роуд Салюшенс», раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилоятҳои Хатлону Суғд шунида шуд.
Зикр гардид, ки бо дастуру супоришҳои бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати бартарафсозии оқибатҳои табиӣ, хусусан наҷоти одамон, таъмини амнияту бехатарӣ дар минтақаҳои хатарнок, дар ҳолати корӣ нигоҳ доштани иншооти роҳу нақлиёт, дигар иншооти муҳими хоҷагии халқ ва пешгирӣ аз ҳама омилҳои ба иқтисодиёт ва аҳолии мамлакат зиёновар тадбирҳои таъҷилӣ амалӣ гардида, кори ситодҳои ҳолатҳои фавқулодаи шаҳру ноҳияҳо тақвият бахшида шуданд.
Дар ҷаласа Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ карда, ҷиҳати бартарафсозии мушкилоту монеаҳои мавҷуда ва таъмини фаъолияти бонизоми мақомоти давлатӣ дар самти татбиқи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ аъзои Комиссияи давлатӣ, роҳбарони вазорату идораҳо ва раисони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакатро вазифадор намуданд. Аз ҷумла, дастур дода шуд, ки барои дар муҳлатҳои кӯтоҳ бартараф намудани мушкилот дар роҳҳои автомобилгарди мамлакат, тоза кардани иншооти роҳу нақлиёт аз  барфу  тарма,  таҳияи  нақшаи нави сохтмони иншооти ҳимоявӣ дар шоҳроҳҳое, ки аз мавзеъҳои баландкӯҳ мегузаранд, тақвияти корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар ҳама минтақаҳои хавфнок ва расондани ёрию дастгирии ҳамаҷонибаи аҳолии зарардида, хусусан оилаҳои наздиконашонро дар натиҷаи ин ҳодисаҳои табиӣ аз даст дода, тадбирҳои таъхирнопазир андешида шавад.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сохторҳои марбута барои вусъат бахшидани корҳои наҷотдиҳӣ ва беҳдошти ҳолати омодабошии наҷотдиҳандагони дастаҳои зудамал дар вилояту минтақаҳо, таҳияи нақшаи чорабиниҳои пешгирӣ аз ҳолатҳои фавқулода, ташкили ҷадвали навбатдории шабонарӯзӣ дар минтақаҳои хавфнок ва омӯзишу таҳлили вазъи пиряхҳо, кӯлҳо ва захираҳои барф дар қаламрави мамлакат то давраи гарм шудани ҳарорати ҳаво дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Ҳамчунин, роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори мамлакат вобаста ба ҳалли масъалаҳои кӯчондани аҳолӣ аз мавзеъҳои хавфнок, ҷалби шарикону ҳамкорони байналмилалӣ ба раванди бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон ва пешгирӣ аз амалҳои ғайримақсаднок ҳангоми тақсимоти захираҳои давлатӣ ва кумакҳои башардӯстона ба аҳолии зарардида вазифадор гардиданд.
Аз масъулини соҳаҳои дахлдор,  ҳамзамон омодагии ҳамаҷониба ба мавсими гармо, ки эҳтимолияти ба вуқӯъ пайвастани офатҳои табиӣ бештар мегарданд, тақвияти корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар минтақаҳои нисбатан хавфнок бо ҷалби иқтидору имконоти мавҷуда ва нерую тавони аҳолии маҳаллӣ бо роҳи гузаронидани ҳашарҳои оммавӣ, ба миқдори зарурӣ нигоҳдорӣ ва захира намудани техникаҳои корӣ, сӯзишворию маводи ғизоӣ ва васеъ ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳию ҳамарӯза огоҳ кардани аҳолӣ аз вазъи обу ҳаво ва эҳтимолияти ба вуқӯъ омадани ҳар гуна ҳодисаҳои фавқулода тавассути васоити ахбори омма талаб карда шуд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.02.2017    №: 33    Мутолиа карданд: 2087

21.05.2018


Ҷаҳон дар як сатр

Пекин ҷонибдори бунёди тамаддуни экологист

Маҳви 65 ҳазор ҷангӣ дар Сурия

Вашингтон барои мубориза алайҳи терроризм қариб $3 триллион харҷ кардааст

Иттиҳоди Аврупо ба ИМА роҳи пешгирии боҷро нишон дод

Мансабдорони Қазоқистон аз ҳаққи узвият дар созмонҳои динӣ маҳрум мешаванд

18.05.2018


Ҷаласа таҳти роҳбарии муовини Сарвазири мамлакат

Брифинги матбуотӣ оид ба натиҷаҳои Конфронси байналмилалии Душанбе

Ифтитоҳи Маркази таҳсилот, илм ва фарҳанги Беларус

17.05.2018


Баррасии масоили соҳибкорӣ

Вохӯрии Исматулло Насредин бо Эндрю Гилмор

Чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи ҷавонон

Туризм аз бахшҳои асосии иқтисоди миллӣ

ОРОИШГАРИ ШАҲРИ КӮЛОБ

Армуғон аз Италия

Ҷаҳон дар як сатр

Низомиёни афғон маркази музофоти Фараҳро аз «Толибон» озод карданд

Дар Қоҳира кишварҳои араб масъалаи Байтулмуқаддасро баррасӣ мекунанд

Дар Қазоқистон иттиҳодияҳои динӣ ҳисоботи молиявӣ хоҳанд дод

Қирғизистон: ҳаҷми воридот аз содирот 3,2 маротиба бештар аст

16.05.2018


Рӯзҳои фарҳангии ВМКБ дар Хатлон

В. Путин: «Силоҳи нави мо даҳсолаҳо тавозуни стратегиро дар ҷаҳон таъмин месозад»

Пхенян таҳдиди дасткашӣ аз ҳамоиши ИМА – Кореяи Шимолӣ кард

«Иқтисоди сабз» метавонад 24 миллион ҷойи нави кор фароҳам орад

Дарёфти 7 медал дар Чемпионати Осиё

Касби мақоми дувуми Разавӣ дар Чемпионати Осиё

Баргузории «Дави миллӣ»

15.05.2018


Оғози ҷаласаи дуюми Кумитаи байналмилалии роҳбарикунанда

Баргузории мизи мудаввар дар Суди Олии иқтисодӣ

«Оила ва нақши он дар рушди шахсияти инсон»

Ҷаҳон дар як сатр

Дар Остона музокироти сулҳи Сурия оғоз ёфт

Мулоқоти Путин ва Жээнбеков дар Сочи

Назарбоев байни баҳрҳои Сиёҳ ва Хазар сохтани канали киштигардро мехоҳад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед