logo

сиёсат

АРТИШ ВА ҶАВОНОН

Ҷиҳати дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар заминаи он тавсеаи ҳисси ватандӯстӣ дар ниҳоди ҷавонон бо иштироки афсарону сарбозон, донишҷӯёну хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар мамлакат силсилачорабиниҳои ҷумҳуриявии фарҳангӣ - ватанпарастӣ идома доранд.
Ҷашни 24-умин солгарди таъсиси Артиши миллӣ дар ҳолест, ки ҷавонони меҳанпарасти тоҷик бо ифтихор аз эълон гардидани соли 2017 - Соли ҷавонон талош доранд, беш аз ҳар вақти дигар дар корҳои ҷамъиятиву идорасозӣ фаъол бошанд. Бо иштироки доираи васеи ҷавонон ташкили чорабиниҳои гуногуни  маърифатӣ - иттилоотӣ, ҳарбию варзишӣ, фарҳангию фароғатӣ, илмию амалӣ, ки айни ҳол дар тамоми минтақаҳо ҷараён доранд, далели ин гуфтаҳост. Дидору мулоқот, мизҳои гирд дар мавзӯи «Садоқат ба Ватан ифтихори мост!», саёҳату дидорбинии ҷавонони синни даъватӣ бо ҳайати афсарону сарбозон, баргузории мусобиқаҳои ҳарбӣ-варзишии футбол, волейбол, гирбардорӣ ва варзиши сабук байни афсарону сарбозон ва ҷавонон дар қисмҳои низомӣ, аз ҷумлаи тадбирҳои дигарест, ки дар маҷмӯъ ба баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ мусоидат хоҳанд кард.
Тавре ба мо аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ хабар доданд, кумита дар ҳамкорӣ бо Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ин гуна чорабиниҳоро бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ва Соли ҷавонон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба роҳ мондааст. Аз ҷумла, дар доираи чорабиниҳо бо ибтикори раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон ҷиҳати ҳидоят ба хизмати софдилонаи Ватан дар қисми ҳарбии 87/740 ба номи Изатулло Куганови Вазорати мудофиа хонандагон бо сарбозон вохӯрӣ анҷом дода, бо шароити буду бош, машқу тамрин ва хизмати ҳарбӣ шинос шуданд. Инчунин, байни толибилмон ва сарбозон мусобиқаҳои варзишӣ доир гардиданд.
Ин ва дигар чорабиниҳои тарбиявии ҳарбӣ - ватанпарастӣ имкон медиҳанд, ки майли ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ зиёд гардида, дар ҳифзи марзу буми кишвар масъулият ва содоқати бештар зоҳир намоянд.
Шаҳнози ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.02.2017    №: 37    Мутолиа карданд: 1489

28.04.2017


Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Ли Ки - Квон

Конфронси илмӣ бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор»

Марҳилаи дуюми барқарорсозии шабакаи обрасонии шаҳри Хоруғ оғоз мегардад

Интишори асарҳои Фазлиддин Муҳаммадиев ба забони қирғизӣ

Ҳунар ганҷи нуҳуфта аст

НУРОБОД. Таъсиси маркази маслиҳатдиҳии ҳуқуқӣ

Ҷаҳон дар як сатр

27.04.2017


Мулоқоти Неъматулло Ҳикматуллозода бо Пратибҳа Меҳта

Изҳори ҳавасмандӣ аз тақвияти ҳамкориҳо

Фестивали байналмилалии мусиқии «Еthno-jazz» баргузор мешавад

КҲФ огоҳ мекунад…

Мусобиқаи футбол дар Деваштич

Террористон набояд имкони бозгашт ба Қазоқистонро дошта бошанд

Истеъфои вазир дар Ҷопон

Аврупоро буҳрони нави муҳоҷират интизор аст?

Дар Доминикан обхезӣ мардумро бехонумон кард

Uber дар се сол аэротаксиҳоро ваъда медиҳад

Кишти пахта

Бунёди боғу токзор

Истеҳсоли сабзавот дар гармхонаҳо

Кишти баҳорӣ

БАДАХШОН. 120 рӯзи ободонӣ ба истиқболи Рӯзи Ваҳдати миллӣ

26.04.2017


Вохӯрии Сироҷиддин Аслов ва Абдулазиз ибни Муҳаммад Ал - Бодӣ

Тавсеаи робитаҳои байнидавлатӣ

Изҳори омодагӣ ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳо

Таҷрибаи Тоҷикистон дар таҳкими ваҳдати миллӣ ибратомӯз аст

Олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯён ҷамъбаст гардид

СУҒД. Авлавият ба таъсиси ҷойҳои нави кор

Варзиш

25.04.2017


Вохӯрии Нуриддин Саид бо Ясмин Гуедар

Дурнамои ҳамкориҳо матраҳ шуд

Оғози ҷаласаи Гурӯҳи корӣ оид ба маълумоти дастрасии молиявӣ

Натиҷаи интихоботи миёнадаврӣ

РАШТ. ҲАВАСМАНДИИ ҶАВОНОН БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ МЕАФЗОЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед