logo

сиёсат

ШАРИКОНИ СТРАТЕГӢ. ТОҶИКИСТОНУ РУСИЯ БА МАРҲАЛАИ НАВИ РУШД ВОРИД МЕШАВАНД

Ба ифтихори 25 - умин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия дар Маркази тадқиқоти стратегӣ конфронси байналмилалӣ доир гардид.

Дар конфронс намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Думаи давлатии Федератсияи Русия, сафорати Русия дар Тоҷикистон, коршиносони марказу пажӯҳишгоҳҳои илмию тадқиқотӣ, аз ҷумла Бунёди рушди «Пажӯҳишгоҳи тадқиқоти АвруОсиё», «Маркази сиёсатшиносии «Шимол - Ҷануб» ва намояндагии «Россотрудничество» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок доштанд.
Худобердӣ Холиқназар, директори марказ, зимни ифтитоҳи ҳамоиш иброз дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон шарики стратегӣ ва боэътимоди Русия дар минтақаи Осиёи Марказӣ маҳсуб ёфта, байни ду кишвар беш аз 230 созишномаю  санадҳои байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ ба имзо расидаанд, ки нақши онҳо дар тавсеаи равобити судманди дуҷониба созгор аст. Зикр гардид, ки равобити байни ду кишвар фаротар аз 25 сол буда, таърихи беш аз садсола дорад. Бунёди Неругоҳи барқи обии «Сангтӯда-1», ҳузури ширкатҳои мобилии Русия, чун «Таком» ва «Мегафон Тоҷикистон», инчунин ширкати «Газпром» гувоҳи ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии ҳар ду кишвар мебошанд. Ҳарчанд  гардиши мол байни Тоҷикистону Русия дар соли 2016 беш 1 миллиард доллар бошад ҳам, он нисбат ба солҳои қаблӣ коҳиш ёфтааст. Тамоюли коҳишёбии гардиши мол байни ду кишвар ба омилҳои берунӣ, таъсири манфии буҳрони молиявӣ ва паст рафтани қурби рубли русӣ марбут аст.  Тоҷикистон бо 70 минтақаи Федератсияи Русия ҳамкории судманди иқтисодию тиҷоратиро ба роҳ монда, дар кишвар беш аз 100 ширкату корхонаҳои муштарак фаъолият доранд, ки нақши онҳо дар рушди иқтисоди мамлакат назаррас аст.
Дар конфронс сафири фавқулода ва мухтори Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов зикр намуд, ки Русия дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба ҳайси камарбанди амниятӣ ва кафили суботу оромӣ дар шароити таҳдид ва хатарҳои замони муосир, хусусан мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ, таҳкими марзҳои ҷанубии кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ эътироф гардидааст.
Рекеда Сергей, директори иҷроияи Маркази иттилоотӣ - таҳлилӣ оид ба омӯзиши фазои пасошӯравии Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. Ломоносов иброз дошт, ки намояндагӣ, филиалҳои донишгоҳҳо ва марказҳои илмию фарҳангии Русия дар Тоҷикистон фаъолияти густурда дошта, нақши онҳо дар омода намудани мутахассисони гуногунсоҳа, тарғиби фарҳанг ва омӯзиши забони русӣ назаррас аст. Ба гуфтаи ӯ, ҳоло дар макотиби олии Русия 6,5 ҳазор донишҷӯи тоҷик аз рӯи ихтисосҳои иқтисодӣ, ҳуқуқшиносӣ ва тиббӣ таҳсил мекунанд. Мавсуф таъкид ба он дошт, ки кормандони васоити ахбори оммаи Тоҷикистону Русияро мебояд, ки ҳамкории зич дошта бошанд, то ба муносибатҳои ҳасанаи ҳар ду кишвар баҳои воқеӣ дода шавад.
Мунаввари САФАР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.02.2017    №: 37    Мутолиа карданд: 1456

18.03.2017


Шиносоии Сарвазир бо ҷараёни корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ

Баррасии ҷалби ширкатҳои Арабистони Саудӣ дар татбиқи лоиҳаҳо

Вохӯрии Сумангул Тағойзода бо Пратибҳа Меҳта

Ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон матраҳ гардид

ЛАХШ. Сар аз як гиребон

16.03.2017


«Тоҷикистон – ташаббускори ҳалли масоили об»

Ҷаласа дар ҳузури Азим Иброҳим

Боздиди сафири Тоҷикистон аз Донишгоҳи Венҷоу

Ҳадаф – муаррифии фарҳангу тамаддуни бойи тоҷикон

Ҷаҳон дар як сатр

Гӯшаи кишоварз

Судяи иёлати Гавайя фармони Трампро аз амал боздошт

Дар Димишқ се маргталаб худро тарконд

Ба 17 миллион яманӣ гуруснагӣ таҳдид мекунад

Озод кардани австрализани рабуда дар Афғонистон

Ҳавопаймои дубаҳраи чинӣ ба парвози нахустин омодагӣ мегирад

15.03.2017


Нақши осори Бедил дар рушди дипломатияи мардумии фарҳангӣ

Тоҷикистону Чин: тақвияти ҳамкориҳои илмӣ

Тантанаҳои наврӯзӣ 21 март оғоз мегарданд

Вусъати корҳои ободонӣ

Қолинбофӣ рушд меёбад

Ҷаҳон дар як сатр

Низомиёни афғон 30 гаравгонро озод карданд

ЮНИСЕФ: порсол дар Сурия 650 кӯдак ҳалок шуд

ИМА нисфи маблағгузории СММ – ро коҳиш медиҳад

Ҳалокат дар садамаҳои ҳавоӣ 2 маротиба афзудааст

Покистон аҳолиашро аз нав ба ҳисоб мегирад

13.03.2017


ҲАМОИШИ МУҲИМ ДАР АКАДЕМИЯИ ВАО

Афзалиятҳои Стратегияи миллии рушд матраҳ гашт

Баррасии таҳкими ҳамкориҳо

Мусобиқаҳо барои дарёфти Ҷоми «Пойтахт – 2017»

Мулоқот бо муовини вазири корҳои хориҷии Туркманистон

Изҳори сипос ба «Ҷумҳурият»

Боб-ус-Сағир ҳадафи ҳамлаи террористӣ гашт


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед