logo

сиёсат

СИРОҶИДДИН АСЛОВ: «НИЁЗИ ҲАЁТАН МУҲИМИ КИШВАРҲОИ МО СУБОТ ВА АМНИЯТ АСТ»

Дар ҷараёни мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Салоҳиддин Раббонӣ дар шаҳри Душанбе масоили марбут ба тавсеаи муносибатҳои дуҷониба ва мавзӯъҳои минтақавию байналмилалии мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ шуданд.

Сироҷиддин Аслов боздиди вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро аз Ҷумҳурии Тоҷикистон идомаи мантиқии муколамаи мунтазам ва созандаи ду кишвари дӯсту бародар арзёбӣ намуд. Зикр кард, ки Тоҷикистон ва Афғонистон дорои пайвандҳои ниҳоят амиқи таърихӣ ва муштаракоти иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ мебошанд. «Ниёзи ҳаётии кишварҳои мо субот ва амният аст. Дар ин замина мо дар фазои ҳусни тафоҳуми комил ва мавқеъгирии созанда доираи васеи масъалаҳои дуҷонибаю бисёрҷонибаро баррасӣ карда, перомуни мавзӯъҳои мубрами минтақаӣ ва глобалӣ мубодилаи афкори судманд намудем», - иброз дошт Сироҷиддин Аслов. - Ниёзи дигари ҳаётии мо ин таъмини ҳамкории сатҳи муосир дар арсаҳои иқтисоду тиҷорат мебошад. Аз ин дидгоҳ, дар ҷараёни музокироти васеи ҳайатҳо ба аҳамияти густариши  беш аз пеши ҳамкорӣ дар соҳаҳои зербиноӣ ва иқтисодӣ, ҳамлу нақл, энергетика, коммуникатсия, кишоварзӣ, саноат, фарҳанг, илму маориф ва соҳаҳои дигар дар партави дастуру ҳидоятҳои роҳбарони олии ду кишвар ва тавофуқҳое, ки дар сатҳи олӣ ҳосил шудаанд, таваҷҷуҳи хос зоҳир гашт.
Бо ишора ба аҳамияти ҳамкориҳо ва ҳамгироии иқтисодии минтақавӣ дар таъмини рушди босуботи Афғонистон, татбиқи тарҳҳои зерсохторӣ ва барномаҳои иқтисодию энергетикии дорои аҳамияти миллию минтақавӣ зарур шумурда шуд. Ба гуфтаи Сироҷиддин Аслов, ҷонибҳо зарурати таҳкими ҳамкориро дар самти мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва дигар чолишҳои амнияти минтақа ва ҷаҳон тасдиқ намуданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши неруҳои миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро дар самти мубориза бар зидди гурӯҳҳои террористию ифротгаро муҳим арзёбӣ кард. Гуфта шуд, ки ҳамкориҳои ду кишвар дар чаҳорчӯбаи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва Созмони ҳамкории исломӣ дар сатҳи баланд қарор доранд.   Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар ҷонибдории худро аз узвияти комили Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Созмони ҳамкории Шанхай иброз намуд.
Салоҳиддин Раббонӣ, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, изҳор дошт, ки тоҷикон ва афғонҳо бо пайвандҳои гусастнопазири забонӣ ва фарҳангӣ дар тӯли таърих ба гунаи мусолиматомез дар канори ҳам зиста, хушбахтона, ҳеҷ гоҳе дар равобити ҳамдигар танишеро дучор нагардидаанд. Афғонистон нахустин кишваре буд, ки 12 декабри соли 1992 Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба расмият шинохт ва 13 июли ҳамон сол робитаҳои дипломатӣ барқарор намуд. Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон таъкид кард, ки «Таъмини амнияти сарҳадоти миёни кишварҳоямон аз авлавиятҳои неруи миллии дифоӣ ва амниятии Афғонистон буда, ба ҳеҷ гурӯҳе иҷозат намедиҳанд, ки аз сарзамини мо ба амнияти кишварҳои ҳамсоя  халал ворид созанд».
Додоҷон РӮЗИЕВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.02.2017    №: 37    Мутолиа карданд: 1514

28.04.2017


Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Ли Ки - Квон

Конфронси илмӣ бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор»

Марҳилаи дуюми барқарорсозии шабакаи обрасонии шаҳри Хоруғ оғоз мегардад

Интишори асарҳои Фазлиддин Муҳаммадиев ба забони қирғизӣ

Ҳунар ганҷи нуҳуфта аст

НУРОБОД. Таъсиси маркази маслиҳатдиҳии ҳуқуқӣ

Ҷаҳон дар як сатр

27.04.2017


Мулоқоти Неъматулло Ҳикматуллозода бо Пратибҳа Меҳта

Изҳори ҳавасмандӣ аз тақвияти ҳамкориҳо

Фестивали байналмилалии мусиқии «Еthno-jazz» баргузор мешавад

КҲФ огоҳ мекунад…

Мусобиқаи футбол дар Деваштич

Террористон набояд имкони бозгашт ба Қазоқистонро дошта бошанд

Истеъфои вазир дар Ҷопон

Аврупоро буҳрони нави муҳоҷират интизор аст?

Дар Доминикан обхезӣ мардумро бехонумон кард

Uber дар се сол аэротаксиҳоро ваъда медиҳад

Кишти пахта

Бунёди боғу токзор

Истеҳсоли сабзавот дар гармхонаҳо

Кишти баҳорӣ

БАДАХШОН. 120 рӯзи ободонӣ ба истиқболи Рӯзи Ваҳдати миллӣ

26.04.2017


Вохӯрии Сироҷиддин Аслов ва Абдулазиз ибни Муҳаммад Ал - Бодӣ

Тавсеаи робитаҳои байнидавлатӣ

Изҳори омодагӣ ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳо

Таҷрибаи Тоҷикистон дар таҳкими ваҳдати миллӣ ибратомӯз аст

Олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯён ҷамъбаст гардид

СУҒД. Авлавият ба таъсиси ҷойҳои нави кор

Варзиш

25.04.2017


Вохӯрии Нуриддин Саид бо Ясмин Гуедар

Дурнамои ҳамкориҳо матраҳ шуд

Оғози ҷаласаи Гурӯҳи корӣ оид ба маълумоти дастрасии молиявӣ

Натиҷаи интихоботи миёнадаврӣ

РАШТ. ҲАВАСМАНДИИ ҶАВОНОН БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ МЕАФЗОЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед