logo

сиёсат

ТОҶИКИСТОНУ ТУРКИЯ. 25 СОЛИ ҲАМКОРИҲОИ САМАРАБАХШ

Аз оғози ҳамкориҳои судманд ва муносибатҳои дипломатии   Тоҷикистону Туркия 25 сол сипарӣ шуд. Бахшида ба ин санаи муҳим дар меҳмонхонаи «Шератон» - и пойтахт ҳамоиши навбатии доираҳои соҳибкории ҳар ду ҷониб баргузор гардид. Беш аз 200  соҳибкор ва намояндагони тиҷоратии ду кишвар масоили  густариши минбаъдаи ҳамкориҳо ва фароҳам овардани фазои мусоиди тиҷоратиро баррасӣ намуданд. Таваҷҷуҳи асосӣ ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак, мусоидат ба рушди сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ равона гардид. 

Дар муносибатҳои ду кишвар таъсис ва такомули пайвастаи заминаи  қарордодию ҳуқуқӣ муҳим арзёбӣ шуд. Сарфи назар аз таъсири буҳрони молиявӣ муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Туркия ба тадриҷ густариш меёбанд. Аз оғози соли 2017 байни ду кишвар зиёда аз 65 созишномаи дуҷониба ба имзо расид. 
- Туркия дар даҳсолаи охир бо пешравии назарраси иқтисодӣ ҳамчун давлати тараққикарда шинохта шудааст. Бо вуҷуди ин, ҳанӯз ҳам имкониятҳои воқеии ҳар ду кишвар ҷиҳати ба роҳ мондани робитаҳои  иқтисодию тиҷоратӣ истифода намешаванд. Соли гузашта табодули мол байни ду кишвар маблағи 315 миллион доллари амрикоиро ташкил дод, ки дар қиёс ба соли 2015 нисбатан кам мебошад, - иброз дошт вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода зимни суханронӣ. Таъкид гардид, ки Тоҷикистон ба ҳамкориҳо бо Туркия бештар дар бахшҳои коркарди ниҳоии нахи пахта, истеҳсоли маҳсулоти кимиёӣ ва маҳсулоти дигари кишоварзӣ, қисмҳои эҳтиётӣ барои мошину таҷҳизот ва масолеҳи сохтмонӣ ҳавасманд аст.
Йилдирим Туғрул Тюркеш, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Туркия, ба таъкид аз густариши ҳамкориҳои тоҷику турк изҳор намуд, ки танҳо бо савдои молу маҳсулот ба даст овардани манфиати бештар ба гумон аст, аз ин лиҳоз, бояд ба истеҳсолот рӯ овард. Туркия яке аз шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Фароҳам будани шароити хуби ҳамкориву сармоягузорӣ ва захираҳои ғании ашёи хоми ватанӣ имкон медиҳанд, ки ҳамкориҳоро дар соҳаҳои иқтисодиёт, маориф, сайёҳӣ ва тандурустӣ минбаъд пурқувватар гардонем, соҳаҳои энергетика, нақлиёт ва хизматрасониҳои бонкиро низ таҳким бахшем.  Аз ҷумла тавассути созмон додани корхонаҳои муштарак ва ворид намудани таҷҳизоту технологияҳои зарурӣ дар бахши коркарди чарм, пахта, пила, маҳсулоти кишоварзӣ метавон ба натиҷаҳои назаррас расид. Азбаски Туркия яке аз давлатҳои пешрафтаи сайёҳӣ ба ҳисоб меравад, омӯзиш ва истифодаи таҷрибаи ғании он дар самти сайёҳӣ (сохтмони меҳмонхонаҳо, пойгоҳҳои истироҳату кӯҳнавардӣ ва инфрасохтори дигари сайёҳӣ) ва омодасозиву бозомӯзии мутахассисони соҳа аз манфиат холӣ нест. Фикр мекунам, баргузории ин чорабинии муҳим доираи фаъолияти соҳибкорону тоҷирони ду ҷониби ба ҳам дӯстро васеъ намуда,  ба рушди минбаъдаи муносибатҳои тиҷоратӣ байни ду кишвар ва боло рафтани иқтидори содиротии мамлакат мусоидат хоҳад кард.
Оҳистамоҳи ВАФОБЕК, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.02.2017    №: 39    Мутолиа карданд: 1432

16.12.2017


Густариши ҳамкориҳо бо Олмон

Вохӯрии Қоҳир Расулзода ва Ҳонӣ Фавзӣ ал - Мулкӣ

Баргузории ҷаласаи 28 - уми Шӯрои банақшагирии минтақавии СҲИ

Ҳамоиши соҳибкорони Тоҷикистону Амороти Муттаҳидаи Араб

Ҷаҳон дар як сатр

14.12.2017


Мулоқоти Қоҳир Расулзода ва Биналӣ Йилдирим

Рушду равнақи ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркманистон

Ибодулло Машраб – барандаи Ҷоизаи «Ситораи Иттиҳод»

Дар Ёвон коргоҳи меваю сабзавот ба истифода дода шуд

Бунёди боғи интенсивӣ дар Тоҷикобод

Ҷаҳон дар як сатр

Зангҳои бардурӯғ

ИМА маблағгузории СММ – ро 250 миллион доллар кам карданист

Фаронса истифодаи телефонҳои мобилиро дар мактабҳо манъ менамояд

Бори нахуст дар эстафетаи олимпӣ робот иштирок намуд

Варзиш

11.12.2017


Баррасии масоили ҳифзи амнияти иттилоотӣ

Вохӯрии Музаффар Ҳусейнзода ва Дан Некулаеску

Инноватсия ва шарикӣ барои ноил гаштан ба Ҳадафҳои рушди устувор

Баргузории форуми «Роҳ ба сӯи иқтисодиёти ғайринақдӣ»

Ҷаҳон дар як сатр

«Сафирони забони русӣ» ба Тоҷикистон омаданд

Дар Осло Ҷоизаи сулҳи Нобел супурда шуд

Сарвазири Ироқ: «Ҷанг алайҳи «ДИ» анҷом ёфт»

СММ: «Ҳаҷми ҷаҳонии порагирӣ 1 триллион долларро ташкил медиҳад»

Фарбеҳтарин зани дунё 400 кило вазн партофт

08.12.2017


Ҷаҳон дар як сатр

Дар Швейтсария президенти нав интихоб намуданд

Ҷангиёни «Давлати исломӣ» ба киберфазо мегузаранд

Хисорот аз сӯхтори ҷангали Калифорния аз 9 миллиард доллар гузашт

Шикояти соҳибкорон аз мақомоти Қазоқистон кам мешавад

«Наҷотбахши дунё»-ро дар Абу - Дабӣ намоиш медиҳанд

Даҳ кишваре, ки арзонтарин қарзи манзил доранд

07.12.2017


Вохӯрии Шамсиддин Орумбекзода ва Криста Пиккат


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед