logo

сиёсат

КОМИССИЯИ ОЛИИ АТТЕСТАТСИОНӢ. ОҒОЗИ КОР, МУШКИЛОТ ВА ДУРНАМО

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо таваҷҷуҳ ба вазъи воқеӣ ва мушкилоти тайёр кардани кадрҳои илмӣ ва илмӣ - омӯзгории тахассуси олӣ ҳанӯз соли 2011 ҳангоми вохӯрӣ бо устодону донишҷӯёни макотиби олии кишвар зарурати таъсис додани як сохтори алоҳидаю мустақилро таъкид намуда буданд. Воқеан, зарурати таъсиси чунин як ниҳоди мустақил фаро расида, бунёди онро заминаву омилҳои зерин тақозо мекард: - соҳибистиқлолии давлат ва таъмини мустақилияти мамлакат дар ин самт; афзудани талабот ба кадрҳои илмӣ ва илмӣ - омӯзгории тахассуси олӣ дар кишвар; ба забони илм табдил додани забони тоҷикӣ; аз тарафи “ВАК”- и Вазорати маориф ва илми Федератсияи Россия баста гардидани фаъолияти аксарияти шӯроҳои диссертатсионӣ; ба фазои ягонаи таҳсилоти байналмилалӣ пайваст гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон; таъсис ёфтан ва ба фаъолият оғоз кардани комиссияҳои олии аттестатсионӣ  дар ҷумҳуриҳои собиқи шӯравӣ.

Ҳамин гуна  як  ниҳоди мустақил, ки бевосита масъулияти назорату тайёр кардани кадрҳои илмӣ ва илмӣ - омӯзгории тахассуси олиро ба уҳда дошта бошад, бо номи Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 225, аз 12 августи соли 2014 таъсис ёфт. Таъсиси ин комиссия як муждаи тозаву фараҳафзо ва рӯйдоди таърихии дорои аҳамияти  калони сиёсӣ, байналмилалӣ ва илмию амалӣ мебошад. Онро бахусус доираи васеи муҳаққиқону олимони ҷавон бо қаноатмандӣ истиқбол намуданд.
Дар яке аз ҷаласаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон се санади асосии меъёрии ҳуқуқие, ки раванди тайёр кардани кадрҳои илмӣ, илмӣ - омӯзгории тахассуси олиро танзим менамояд - “Низомномаи намунавӣ оид ба Шӯрои диссертатсионӣ”, “Тартиби бақайдгирии давлатии рисолаҳои илмии ҳимояшуда” ва “Тартиби додани дараҷаҳо ва унвони илмӣ (дотсент, профессор)” мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифтанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии кишвар ба нақши калидии илм дар рушди тараққиёти давлат дигарбора ишора намуда, аз вазъи корҳои илмӣ чунин ибрози нигаронӣ намуданд: “Илм дар шароити муосир нақши калидӣ дошта, ба рушду тараққиёти давлат мусоидат менамояд. Мутаассифона, дар кишвари мо ихтироъкорӣ ва навоварӣ ҳанӯз кам буда, бозёфтҳо дар илмҳои дақиқ ва техникиву технологӣ назаррас нестанд. Дар  замоне, ки илму технология бо суръати кайҳонӣ пеш меравад, дар илми тоҷик навгонӣ ва ташаббусҳои илмӣ кам ба мушоҳида мерасад, афроди лаёқатманд, ихтироъкор ва навҷӯ ба ҷодаи илмҳои дақиқ ҷалб карда намешаванд ва мавзӯъҳои фармоишӣ барои талаботи давлат равона намегарданд. Дар мамлакат дар шароити имрӯза рушди илмҳои бунёдӣ муҳим ва афзалиятнок буда, пешбурди корҳои илмиву таҳқиқотӣ вазифаи аввалиндараҷаи олимони ин соҳа маҳсуб меёбад, ки он беҳбудии ҷиддӣ мехоҳад”. Албатта, ин эродҳои Президенти кишвар воқеият доранд ва ҳар як нафареро, ки ба илм ва корҳои илмӣ - таҳқиқотӣ иртибот дорад, бетараф гузошта наметавонанд.
Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла тамоми дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи фаъолияти ҳамарӯзаи хеш қарор додааст. То имрӯз зиёда аз 100 шаҳодатномаи ихтисосҳои илмӣ таҳия гардида, дар ин самт корҳо идома доранд. Дар ибтидои соли ҷорӣ нахустин шумораи маҷаллаи иттилоотии “Бюллетени КОА” №1 (январ - март) бо сифати баланд нашр шуд.
Баробари ба тасвиб расидани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 505, аз 26 ноябри соли 2016 “Дар бораи тасдиқи Низомномаи намунавӣ оид ба шӯрои диссертатсионӣ. Тартиби додани дараҷаҳои илмӣ  ва унвони илмӣ (дотсент ва профессор) ва Тартиби бақайдгирии давлатии рисолаҳои илмии ҳимояшуда” амалан роҳ барои таъсиси шӯроҳои ҳимоя аз рӯйи дараҷаҳои илмии доктор PhD, доктор аз рӯйи ихтисос кушода шуд. Акнун макотиби олии кишвар, пажӯҳишгоҳҳо метавонанд аз рӯйи талаботи “Низомномаи намунавӣ” шӯроҳои диссертатсиониро таъсис диҳанд.
Албатта, ҳанӯз корҳои зиёде дар пешанд. Итминони комил дорам, ки бо аҳли зиё ва мутахассисон тамоми мушкилоти ин ҷараён тадриҷан бартараф мегардад.
А. РОЗИҚЗОДА,
раиси Комиссияи олии аттестатсионии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.02.2017    №: 39    Мутолиа карданд: 1848

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал

ХАТЛОН. Таъсиси 31 корхона дар 6 моҳ

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГӢ. Ҳамкориҳо самар медиҳанд

"ТОҶИК ЭЙР". Парвозҳо аз нав шурӯъ гаштанд

Таъсиси 26 ширкати сайёҳӣ дар ним сол

ДДК. Шумораи омӯзгорони унвондор меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед