logo

сиёсат

"ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР". АҲАМИЯТИ ТАШАББУСИ НАВИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НЮ-ЙОРК ВА ИСЛОМОБОД БАРРАСӢ ШУД

Дар дафтари Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид бо иштироки аъзои Кумитаи ҳидояткунандаи Гурӯҳи «Дӯстони об» - намояндагони доимии Тоҷикистон, Маҷористон, Швейтсария, Финляндия, Таиланд мулоқоти судманд доир шуд. Дар ҷараёни вохӯрӣ умдатарин масоили   вобаста ба рӯзномаи ҷаҳонии об, аз ҷумла татбиқи минбаъдаи ташаббуси нави ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018 - 2028 мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Маҳмадамин Маҳмадаминов, намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид, перомуни аҳамияти вижаи Даҳсолаи нав дар амалигардонии Ҳадафҳои рушди устувор баён дошт, ки Тоҷикистон тайи ду даҳсолаи охир ба ҳайси кишвари пешбари масъалаҳои ҷаҳонии об шинохта шудааст. Даҳсолаи нав дар рушди устувор ва мудирияти ҳамгироёнаи захираҳои об, татбиқ ва пешбарии силсилаи лоиҳаю барномаҳо дар соҳаи об, таҳкими ҳамкорӣ ва шарокат ҷиҳати татбиқи аҳдофи рушди устувори марбут ба захираҳои об мусоидат намуда, масъалаҳои таҳкими самаранокии истифодаи захираҳои об ва ҳамгироӣ байни захираҳои об, ғизо, энергия ва муҳити зистро фаро мегирад.
Ҳамчунин, дар робита ба қабули Қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», бо ибтикори Сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Исломобод ва ҳамдастии Вазорати илму технология, Хазинаи илмии Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва Шӯрои Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба омӯзиши захираҳои обӣ машварати минтақавӣ доир гашт. Дар он доираи васеи намояндагони баландпояи вазорату идораҳои гуногуни кишвари муқим, мутахассисони Бонки ҷаҳонӣ, Хазинаи илмии Созмони ҳамкории иқтисодӣ, олимон, устодони донишгоҳҳо ва ниҳодҳои тадқиқотӣ, инчунин коршиносони созмонҳои ғайридавлатӣ иштирок доштанд. Ширкатдорони ҳамоиш - президенти Хазинаи илмии Созмони ҳамкории иқтисодӣ, профессор Манзур Сумру ва раиси Шӯрои Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба омӯзиши захираҳои обӣ, профессор Муҳаммад Ашраф перомуни ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи об табодули назар намуда, эълони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор»-ро иқдоми навбатии башардӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маънидод карданд.
Шералӣ Ҷононов, Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон зикр сохт, ки ин иқдом давоми мантиқии ташаббусҳои пешини Тоҷикистон дар соҳаи об буда, ҷиҳати эҷоди заминаи устувор барои ҳамоҳангсозӣ ва ҳавасмандгардонии талошҳо ба мақсади ҳаллу фасли мушкилоти марбут ба мудирияти масъалаҳои об мусоидат хоҳад кард.
Додоҷон РӮЗИЕВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.02.2017    №: 39    Мутолиа карданд: 1369

28.04.2017


Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Ли Ки - Квон

Конфронси илмӣ бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор»

Марҳилаи дуюми барқарорсозии шабакаи обрасонии шаҳри Хоруғ оғоз мегардад

Интишори асарҳои Фазлиддин Муҳаммадиев ба забони қирғизӣ

Ҳунар ганҷи нуҳуфта аст

НУРОБОД. Таъсиси маркази маслиҳатдиҳии ҳуқуқӣ

Ҷаҳон дар як сатр

27.04.2017


Мулоқоти Неъматулло Ҳикматуллозода бо Пратибҳа Меҳта

Изҳори ҳавасмандӣ аз тақвияти ҳамкориҳо

Фестивали байналмилалии мусиқии «Еthno-jazz» баргузор мешавад

КҲФ огоҳ мекунад…

Мусобиқаи футбол дар Деваштич

Террористон набояд имкони бозгашт ба Қазоқистонро дошта бошанд

Истеъфои вазир дар Ҷопон

Аврупоро буҳрони нави муҳоҷират интизор аст?

Дар Доминикан обхезӣ мардумро бехонумон кард

Uber дар се сол аэротаксиҳоро ваъда медиҳад

Кишти пахта

Бунёди боғу токзор

Истеҳсоли сабзавот дар гармхонаҳо

Кишти баҳорӣ

БАДАХШОН. 120 рӯзи ободонӣ ба истиқболи Рӯзи Ваҳдати миллӣ

26.04.2017


Вохӯрии Сироҷиддин Аслов ва Абдулазиз ибни Муҳаммад Ал - Бодӣ

Тавсеаи робитаҳои байнидавлатӣ

Изҳори омодагӣ ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳо

Таҷрибаи Тоҷикистон дар таҳкими ваҳдати миллӣ ибратомӯз аст

Олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯён ҷамъбаст гардид

СУҒД. Авлавият ба таъсиси ҷойҳои нави кор

Варзиш

25.04.2017


Вохӯрии Нуриддин Саид бо Ясмин Гуедар

Дурнамои ҳамкориҳо матраҳ шуд

Оғози ҷаласаи Гурӯҳи корӣ оид ба маълумоти дастрасии молиявӣ

Натиҷаи интихоботи миёнадаврӣ

РАШТ. ҲАВАСМАНДИИ ҶАВОНОН БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ МЕАФЗОЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед