logo

сиёсат

АРТИШИ МИЛЛӢ - ҲОМИИ МАРЗУ БУМ ВА КАФИЛИ СУЛҲУ СУБОТ

Шералӣ МИРЗО,
вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон


Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид менамоянд, ки воқеоту таҳаввулоти ҷомеаи мухталифи ҷаҳонӣ ҳар яки моро ҳушдор месозад, то  зиракии сиёсӣ, омодагии доимӣ, эҳсоси баланди ватандӯстӣ, худогоҳӣ ва муқаддас доштану ҳифз намудани ҳама арзишҳои Истиқлолияти давлатиро аз даст надиҳем. Ин таъкиди Сарвари давлат амри воқеист. Зеро вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир, зиёд гардидани ҳизбу ҳаракатҳои тундрави террористиву экстремистӣ ва дигар зуҳуроти номатлуб метавонанд сулҳу субот ва ҳаёти орому осудаи сокинони мамлакатро халалдор намоянд. 

Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ, сарфи назар аз он, ки  кишварро вазъи печидаи ҳарбӣ-сиёсӣ ё худ муноқишаҳои дохилӣ фарогир буд, Тоҷикистони тозаистиқлол ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи худ шурӯъ намуд. Вале, барои бунёди он ягон заминаи моддиву техникӣ вуҷуд надошт. Яъне, ташкили Артиши миллии мо дар ҷойи холӣ, аз сифр оғоз ёфт.
18-уми декабри соли 1992 аз ҷониби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қарор «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расида, он дар заминаи «Фронти халқӣ» ва қувваҳое, ки Ҳукумати конститутсиониро ҷонибдорӣ мекарданд, таъсис дода шуд. Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои таъсисёбӣ се марҳаларо паси сар намуд. Айни ҳол дар ҳайати Артиши миллӣ се навъи Қувваҳои Мусаллаҳ фаъолият дорад: Қӯшунҳои хушкигард, Қӯшунҳои зудамал, Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри мустаҳкам намудани қобилияти мудофиавии кишвар, баланд бардоштани сатҳи омодагии ҳарбӣ, беҳтар гардондани шароити моддию техникӣ ва вазъи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ ғамхории пайваста зоҳир менамояд. Ба ҳамин тартиб, ҳамасола тибқи нақшаи ягонаи тайёрии ҷангӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ дар дохили кишвар маҷмӯи машқҳои муштараки зиддитеррористӣ, тамринҳои васеи амалиётӣ-тактикӣ, машғулиятҳои омодагии сафарбарӣ, ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ бо ҷалби раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, шаҳрвандони ҷумҳурӣ ва дигар сохторҳои қудратӣ дар ҳамаи гарнизонҳо ташкил ва гузаронда мешаванд. Танҳо дар соли сипаришуда дар гарнизонҳои ҷумҳурӣ беш аз сад ҳазор шаҳрванди дар эҳтиёт қарордоштаро ба ҷамъомаду машғулиятҳои гуногуни таълимӣ фаро гирифтем. Илова бар ин, зиёда аз ҳазор адад техникаи зиреҳпӯши ҷангиву артиллерӣ, автомашинаҳои махсуси зиреҳдор, авиатсияи ҳарбӣ, автомашинаҳои боркашу нақлиётӣ дар машқҳои муштараки дохили кишвар истифода шуданд.
Дар давоми 24 соли фаъолият аз ҳисоби афсарону сарбозон ҳазорҳо нафар мутахассисони соҳаҳои гуногуни яроқу аслиҳа, аз қабили нишонгир - снайпер, парашутист, минаҷӯ, тирандоз, нишонгиру ронандаи техникаҳои вазнини зиреҳпӯши ҷангӣ, ҳавонавардони ҳарбӣ ва дигар ихтисосҳое, ки барои Артиши миллии Тоҷикистон заруранд, омода гашта, дар комиссариатҳои ҳарбӣ ба ҳайси неруҳои эҳтиётӣ сабт гаштаанд. Имрӯз сафи Артиши миллӣ асосан аз ҳисоби хатмкунандагони Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа ва академияву омӯзишгоҳҳои олии ҳарбии давлатҳои хориҷи дуру наздик бо афсарони касбӣ пурра гардонда мешавад. То ин дам аз ҳисоби хатмкунандагони Донишкадаи ҳарбӣ, ки ҳамасола наздик ба 200 нафар афсари касбӣ онро хатм мекунад, ҳудуди се ҳазор нафар ба ҳайати ҷузъу томҳои Вазорати мудофиа ва дигар сохтору мақомоти қудратии кишвар шомил гардидаанд.
Гузашта аз ин, ҳамасола афсарон ва курсантони тоҷик ба муассисаҳои таҳсилоти ҳарбии Федератсияи Русия, ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Озарбойҷон, Ҳиндустон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Британияи Кабир, Канада, Ҷумҳурии Федеролии Олмон, Фаронса ва Амрико баҳри таҳсил, бозомӯзӣ ва баланд бардоштани малакаи касбӣ фиристода мешаванд. Айни ҳол, дар муассисаҳои олии таълимии ҳарбии кишварҳои хориҷӣ наздик ба 800 нафар таҳсили илми низомӣ менамояд, ки ҳайати онро курсантону шунавандагон ташкил медиҳанд.
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориҳои самарабахшро бо созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид оид ба «Дастгирии кӯшишҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи проблемаҳои минаҳо» ва дигар созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ густариш додааст. Дар ҳамин ҳол, бо зиёда аз 50 кишвари олам ҳамкориҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникӣ ба роҳ монда шудаанд.
20 - уми феврали соли 2015 бо Фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Консепсияи корҳои сиёсию тарбиявӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид, ки он тартиб, моҳият ва мавқеи системаи корҳои сиёсию тарбиявиро вобаста ба амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳарбӣ, таъмин намудани ҳолати ахлоқию рӯҳии ҳайати шахсӣ, қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ, волоияти қонун, мустаҳкам намудани интизоми ҳарбӣ, баланд бардоштани мақом ва обрӯю эътибори Артиши миллиро дар ҷомеа таъмин менамояд.
Бо дастгирии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар гарнизонҳои Хатлону Суғд, Хоруғ, Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ биноҳои маъмурию ситоди қисмҳои ҳарбӣ, комиссариатҳои ҳарбӣ, хобгоҳҳои аскарону афсарон, синфхонаҳои таълимӣ, иншооти ёрирасони коммуналӣ, истгоҳҳои доимӣ барои нигоҳдории техникаи ҳарбӣ ва дигар иншооти зарурии низомӣ мавриди истифода қарор гирифтанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи таъмини хизматчиёни ҳарбӣ бо манзили истиқоматӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир менамоянд. Масалан, дар давоми панҷ соли охир дар вилоятҳо ва пойтахти кишвар танҳо аз Вазорати мудофиа наздик ба 400 нафар хизматчии ҳарбӣ ва оилаҳои онҳо бо манзили зист таъмин гардиданд.
Бо мақсади ҷисман обутоб ёфтани афсарону сарбозон, баланд бардоштани маҳорату малакаи ҷангии хизматчиёни ҳарбӣ аз соли 2002 дар тобеияти Вазорати мудофиа Клуби марказии варзишии артиш таъсис дода шуд. Клуби мазкур яке аз шохаҳои боэътимоди варзиши ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, варзишгарони он ба ҳайати дастаҳои мунтахаби кишвар шомил буда, аз рӯи намудҳои гуногуни варзиш дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ ширкат ва зинаҳои намоёни ифтихориро ишғол намудаанд.
Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани 24 - умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат ҳайатҳои роҳбариву фармондеҳии Вазорати мудофиаи кишвар як қатор чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ ва варзиширо ба нақша гирифта, онро тадриҷан амалӣ намуда истодаанд. Дар соли равон аз сарбози қаторӣ то хизматчии ҳарбии олирутбаи Вазорати мудофиа шиори “20 - солагии Ваҳдати миллиро бо неруи тоза ва омодабошии баланди ҷангӣ пешвоз мегирам” қабул намуда, баҳри таъмини амнияти марзу буми аҷдодӣ ва пойдории сулҳу суботи ҷомеа доимо тайёранд. Мутмаинам, ки риояи талаботи қонунҳои амалкунанда, иҷрои амру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба ҳифзи содиқонаи марзу буми Ватани азиз ва баланд бардоштани иқтидори мудофиавии кишвар аз тарафи хизматчиёни ҳарбии сатҳу зинаҳои гуногуни Артиши миллӣ сарбаландона амалӣ мегарданд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.02.2017    №: 40    Мутолиа карданд: 1450

19.10.2017


Баррасии тадбирҳои дастгирии рушди соҳибкории ҷавонон

РАШТ. ЯК ВОХӮРИИ МУҲИМ

ҚОЧОҚ - ЗИЁНИ ҶИДДӢ БА БУҶЕТ ВА ИҚТИСОДИЁТ

Ҷаҳон дар як сатр

Боздиди нозирони Олмон аз пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон

Силсилаи амалиёти террористӣ дар Афғонистон боиси марги беш аз 70 нафар шуд

Истеҳсолотро зеҳни сунъӣ ба даст мегирад

Ҳизби коммунисти Чин ислоҳоти густурдаи сиёсиро омода месозад

Ҷорҷ Сорос ба рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ 18 миллиард доллар медиҳад

Ба миқдори рекордӣ расидани муҳоҷирон дар ИМА

Варзиш

16.10.2017


Ҳамоиши навбатии Шӯрои тиҷоратии ИМА-Тоҷикистон

Низомиддин Зоҳидӣ Абделҷалил Сабуриро ба ҳузур пазируфт

Мубодилаи таҷрибаҳо байни Тоҷикистон ва Фаронса

Ҳамкориҳо дар соҳаи маориф бо Озарбойҷон густариш меёбанд

Истиқрори дипломатӣ бо Гренада ба роҳ монда шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Дар амали террористии Сомалӣ 276 нафар қурбон гашт

Раққа аз ҷангиёни «ДИ» озод карда шуд

Пешгирии амали террористӣ дар Афғонистон

Дар Қирғизистон президенти навро интихоб карданд

Боздошти омӯзгори террорист дар Ҷалолобод

13.10.2017


Баррасии масоили мубрами тақвияти ҳамкориҳо

Мулоқоти Рамазон Раҳимзода бо донишҷӯёни ДМТ

Густариши муносибатҳои фарҳангии Тоҷикистону Ӯзбекистон

Вохӯрӣ бо вазири иқтисоди Озарбойҷон

12.10.2017


Баррасии масоили муҳими ҳамкорӣ

Муаррифии имкониятҳои сармоягузории Фонди сабзи иқлимӣ

Аббосалӣ Гасанов: «Тоҷикистон фарҳанги бою ғании худро ба дигар миллатҳо тарғиб кунад»

Вохӯрии Рустам Солӣ бо Азад Рагимов

МАВОДИ НАШЪАОВАР. Боз 311 килограмм ба коми оташ рафт

11.10.2017


Интиқоди Азим Иброҳим аз сатҳи омодагӣ ба давраи зимистон дар вилояти Хатлон

Баргузории ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ

Масъалаҳои таъмини амнияти иттилоотию озуқаворӣ матраҳ мегарданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед