logo

сиёсат

ДАҲСОЛАИ НАВ. ТАҲҚИҚИ МАСОИЛИ ОБӢ ДАР МАДДИ АВВАЛ

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо захираҳои бузурги обӣ ва гидроэнергетикӣ дар миқёси ҷаҳон дорои ҷойгоҳи махсус мебошад. Комилан табиист, ки масоили истифодаи оқилонаи об, роҳандозии самараноки ҳадафҳои ноил гаштан ба амнияти вобаста ба об ва гузоришу ҳалли дигар масоили марбут ба об дар минтақа ва ҷаҳон аз ҷониби кишвари мо, хосатан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бузургтарин анҷуманҳои байналмилалӣ ба ҳайси проблемаи доғу мубрами ҷомеаи имрӯзаи инсонӣ ба миён гузошта мешавад. Ин иқдомҳои наҷиб Тоҷикистонро ҳамчун кишвари ташаббускори қатъномаҳои муҳими Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид марбут ба об муаррифӣ кард. Ибтикорот ва пешниҳодҳои Тоҷикистон дар сатҳи Созмони Милали Муттаҳид ҳусни истиқбол пайдо намуд ва барномаҳои дорои аҳамияти ҷаҳонӣ барои даҳ сол таҳия гардида, дар саросари ҷаҳон мавриди амал қарор дода шуд.
Ибтикороти навбатии Тоҷикистон идомаи мантиқии пешниҳодҳои қаблӣ буда, барои густариши ҳалли масоили мубрами марбут ба об дар минтақа ва ҷаҳон мусоидат менамояд. Ин пешниҳод бори аввал аз ҷониби Пешвои муаззами тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон 12 апрели соли 2015 дар Форуми ҳафтуми умумиҷаҳонӣ оид ба масъалаҳои об дар Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ, ба миён гузошта шуд.
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон пешниҳоди мазкурро дар ҷаласаи Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об, ки 29 ноябри соли 2016 дар Маҷористон баргузор гардид, бори дигар ёдрас шуданд: «Мо умедворем, ки дар рӯзҳои наздик ин қатънома бо ризоияти кулл қабул хоҳад шуд. Дар ин маврид барои ҳамкорӣ ва муттаҳид намудани кӯшишҳои мо ҷиҳати мусоидат ба амалияи дастёбӣ ба Ҳадафҳои рушди устувор, ҳамчунин   ҳалли  дигар масъалаҳои вобаста ба об заминаи боэътимод ва ҷавобгӯи замон фароҳам оварда мешавад». Ва, ниҳоят, рӯзи 22 декабри соли 2016 Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар ҷаласаи 71 – уми хеш «Бо таъкиди махсуси он, ки манбаъҳои обӣ барои рушди устувор ва аз байн бурдани камбизоативу гуруснагӣ дорои аҳамияти ҳалкунандаанд ва барои рушди захираҳои инсонӣ ва таъмини саломатию бурдбории инсон комилан заруранд ва барои расидан ба ҳадафҳои рушди устувор ва дигар ҳадафҳои марбут ба соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологии дар сатҳи байналмилалии мувофиқашуда аҳамияти аввалиндараҷа доранд», давраи солҳои 2018 – 2028 – ро Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» эълон кард.
Боиси ифтихор аст, ки бештари чорабиниҳои минтақавию ҷаҳонӣ вобаста ба масоили об дар доираи Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» барои солҳои 2005 – 2015, «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об – 2013» ва пешниҳодҳои нав, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид қабул ва эълон гардидааст, бо иштироки коршиносони хориҷӣ дар Тоҷикистон доир шуданд ва баргузор мегарданд. Дар ин робита, бо мақсади муаррифӣ намудани ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон ва шинос кардани аҳли ҷомеа бо иқдомҳои наҷибу башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон марбут ба масоили истифодаи оқилонаву дастаҷамъонаи захираҳои табиии обӣ, ҳарчи беҳтару бештар чорабиниҳои муҳими илмиву фарҳангӣ ва маърифатӣ бо истифода аз воситаҳои муосири иттилоотиву коммуникатсионӣ ташкил ва баргузор карда шаванд. Бахусус, омӯзиши илмии масъала дар раванди таълими фанҳои тахассусии ҳамаи зинаҳои таҳсилот ҷорӣ карда шавад. Илова бар ин, дар шӯроҳои илмии донишкадаву донишгоҳҳо ва шӯроҳои дифои рисолаҳои илмӣ ҳарчи бештар мавзӯъҳои нави илмӣ марбут ба масоили об ба ҳайси рисолаҳои номзадиву докторӣ мавриди омӯзишу таҳқиқ қарор гиранд. Барои ҳалли чунин масъала дар Тоҷикистон заминаҳои воқеии илмӣ вуҷуд доранд. Масалан, тибқи маълумоти феҳристи «Об – манбаи ҳаёт», ки дар асоси захираи Китобхонаи миллии Тоҷикистон, нашрияҳои библиографии Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб – Хонаи китоби Тоҷикистон, осори чопии Пажӯҳишгоҳи масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи илмҳо таҳия шудааст, тӯли солҳои 1948 – 2013 доир ба масоили об 3275 маводи чопию электронӣ ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ интишор ёфтаанд ва метавонанд дар омӯзишу пажӯҳиши масоили ҳифзи захираҳои об ва истифодаи оқилонаи он ба эҳтиёҷмандон мусоидат намоянд. Ходимони илмии Пажӯҳишгоҳи илмӣ – тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот тасмим гирифтанд, ки роҷеъ ба шинохт, гиромидошт ва инъикоси об дар фарҳанги ғайримоддии халқи тоҷик таҳқиқоти ҷудогона анҷом диҳанд.
Шариф КОМИЛЗОДА,
директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ –
тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.02.2017    №: 41    Мутолиа карданд: 1180

18.03.2017


Шиносоии Сарвазир бо ҷараёни корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ

Баррасии ҷалби ширкатҳои Арабистони Саудӣ дар татбиқи лоиҳаҳо

Вохӯрии Сумангул Тағойзода бо Пратибҳа Меҳта

Ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон матраҳ гардид

ЛАХШ. Сар аз як гиребон

16.03.2017


«Тоҷикистон – ташаббускори ҳалли масоили об»

Ҷаласа дар ҳузури Азим Иброҳим

Боздиди сафири Тоҷикистон аз Донишгоҳи Венҷоу

Ҳадаф – муаррифии фарҳангу тамаддуни бойи тоҷикон

Ҷаҳон дар як сатр

Гӯшаи кишоварз

Судяи иёлати Гавайя фармони Трампро аз амал боздошт

Дар Димишқ се маргталаб худро тарконд

Ба 17 миллион яманӣ гуруснагӣ таҳдид мекунад

Озод кардани австрализани рабуда дар Афғонистон

Ҳавопаймои дубаҳраи чинӣ ба парвози нахустин омодагӣ мегирад

15.03.2017


Нақши осори Бедил дар рушди дипломатияи мардумии фарҳангӣ

Тоҷикистону Чин: тақвияти ҳамкориҳои илмӣ

Тантанаҳои наврӯзӣ 21 март оғоз мегарданд

Вусъати корҳои ободонӣ

Қолинбофӣ рушд меёбад

Ҷаҳон дар як сатр

Низомиёни афғон 30 гаравгонро озод карданд

ЮНИСЕФ: порсол дар Сурия 650 кӯдак ҳалок шуд

ИМА нисфи маблағгузории СММ – ро коҳиш медиҳад

Ҳалокат дар садамаҳои ҳавоӣ 2 маротиба афзудааст

Покистон аҳолиашро аз нав ба ҳисоб мегирад

13.03.2017


ҲАМОИШИ МУҲИМ ДАР АКАДЕМИЯИ ВАО

Афзалиятҳои Стратегияи миллии рушд матраҳ гашт

Баррасии таҳкими ҳамкориҳо

Мусобиқаҳо барои дарёфти Ҷоми «Пойтахт – 2017»

Мулоқот бо муовини вазири корҳои хориҷии Туркманистон

Изҳори сипос ба «Ҷумҳурият»

Боб-ус-Сағир ҳадафи ҳамлаи террористӣ гашт


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед