logo

туризм

САЙЁҲӢ. МОНЕАҲО ВА ДОРОИҲО

Тоҷикистон ба соҳаи сайёҳӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Барои фароҳам овардани фазои мусоиди ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва иқтисодӣ, ҷиҳати ташаккули саноати муосири туристӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат Консепсияи рушди соҳаи туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019 қабул гардидааст. Дар он туризмҳои табобатӣ, истироҳатӣ, варзишӣ, экологӣ, таърихӣ, омӯзишӣ, этнографӣ ва ғайра  самтҳои афзалиятнок  арзёбӣ мегарданд. Мувофиқи Барномаи рушди туризм барои солҳои 2015-2017 дар сурати иҷрои маҷмӯи тадбирҳои ташкилӣ ва маблағгузорӣ, ҳамасола омадани беш аз 500 ҳазор сайёҳ ба ҷумҳурӣ пешбинӣ мешавад. Тибқи иттилои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, танҳо тайи нуҳ моҳи соли гузашта ба мамлакат 312 ҳазору 602 сайёҳ омадааст. То куҷо соҳаи сайёҳии Тоҷикистон рушд ёфтааст ва оё метавон боз ҳам бештар сайёҳ ба кишвар ҷалб намуд? Ин суолест, ки посух мехоҳад.
Соли байналмилалии туризми устувор
Имсол аз ҷониби Созмони ҷаҳонии туристии СММ Соли байналмилалии туризми устувор эълон шуд. Тибқи маълумоти созмон, соли 2016 бо вуҷуди мушкилиҳои ҷойдошта шумораи сайёҳон 3,9 дарсад афзуда, ба 1 миллиарду 235 миллион расид.
Ин бозгӯи он аст, ки туризм яке аз соҳаҳои судовар буда, дар бисёр кишварҳо манбаи асосии даромад мебошад. Саҳми он дар иқтисодиёти дунё беш аз 10 дарсади ММД-и ҷаҳониро ташкил медиҳад, ки ба ҳаҷми фурӯши нафт баробар аст. Дар бисёр кишварҳои ҷаҳон даромад аз сайёҳӣ беш аз 50 дарсади ММД-и миллиро ташкил медиҳад: ҷазираҳои Макао (89,5%), Антигуа ва Барбуда (75,8%), Англия (71%), Аруба (70%), Малдив (61,3%), ҷазираҳои Сейшел ва Багам (53,6%). Давлатҳои рушдёфта низ аз он фоидаи зиёд мебинанд. Бахусус  дар ин ҷода Иёлоти Муттаҳидаи Амрико пешсаф буда, аз ҳисоби сайёҳон ҳар сол  110 миллиард доллар фоида мебинад. Дар ин қатор Фаронса, Испания, Туркия ва Булғористон низ мебошанд, ки аз ҳисоби мавзеъҳои сайёҳиву хизматрасонии сатҳи олӣ ва инфрасохтори замонавӣ даромади зиёд ба даст меоваранд.

Тоҷикистон дорои иқтидори воқеии сайёҳист
Моҳи октябри соли гузашта кӯҳҳои Помир ба феҳрасти 100 ҷойи сабз барои сайёҳӣ ворид шуд. Дар ин бора сомонаи Greendestination иттилоъ додааст. Натиҷаҳои озмун дар Намоишгоҳи байналмилалии ITB – Берлин, ки моҳи марти соли ҷорӣ баргузор мегардад, пешкаш гашта, дар нашри махсуси «100 green destinations” чоп мешаванд. Дар баробари ин, кӯҳҳои Бадахшон дар минтақа яке аз  мавзеъҳои беҳтарини туризми экологӣ дониста шудаанд. Боиси тазаккур аст, ки соли 2013 Боғи миллии Тоҷикистон  ба Феҳристи мероси фарҳангии ҷаҳон шомил гардид. 
Туризм яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати дохилии кишвар ба ҳисоб меравад. Ин беҳуда нест. Мавҷудияти ёдгориҳои таърихию меъморӣ ва иқлими муъҷизаосои табиати кишварамон имкон медиҳад, ки дар Тоҷикистон якчанд навъи гардишгариро инкишоф диҳем. Алъон дар ҷумҳурӣ 126 иншооти туристӣ ва фароғатгоҳу осоишгоҳ, аз ҷумла 52 меҳмонхона, 9 осоишгоҳ ва мавзеъҳои истироҳативу табобатӣ, фаъолият менамоянд. Инчунин, дар кишвари кӯҳсори мо барои рушди кӯҳнавардӣ, туризмҳои варзишӣ, экологӣ, саёҳати таърихиву маърифатӣ ва мардумшиносӣ имкониятҳои зиёд фароҳаманд.
Бо вуҷуди баъзе мушкилиҳо, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки солҳои 2018-2019 соҳаи сайёҳии ҷумҳурӣ ба марҳилаи сифатан нав ворид мешавад. Тавре ки маълум аст, ба туризм соҳаҳои фарҳанг, нақлиёт, бехатарӣ, муносибатҳои байналмилалӣ, тиҷорат алоқаи зич доранд. Ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва сулҳу субот соҳаи туризм дар кишвар тадриҷан рушд карда истодааст. Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки барои ҷалби туристони хориҷӣ ба кишвар, пеш аз ҳама, фазои ҳуқуқии воридот ва будубоши онҳо нақши муҳим мебозад. Дар робита ба ин, баҳри сода намудани ташрифоти шаҳрвандони хориҷӣ ба мамлакат аз ҷониби Ҳукумат аз соли 2008 инҷониб як қатор санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ қабул гаштаанд.
Ш. ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.02.2017    №: 43    Мутолиа карданд: 1779

19.10.2017


Баррасии тадбирҳои дастгирии рушди соҳибкории ҷавонон

РАШТ. ЯК ВОХӮРИИ МУҲИМ

ҚОЧОҚ - ЗИЁНИ ҶИДДӢ БА БУҶЕТ ВА ИҚТИСОДИЁТ

Ҷаҳон дар як сатр

Боздиди нозирони Олмон аз пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон

Силсилаи амалиёти террористӣ дар Афғонистон боиси марги беш аз 70 нафар шуд

Истеҳсолотро зеҳни сунъӣ ба даст мегирад

Ҳизби коммунисти Чин ислоҳоти густурдаи сиёсиро омода месозад

Ҷорҷ Сорос ба рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ 18 миллиард доллар медиҳад

Ба миқдори рекордӣ расидани муҳоҷирон дар ИМА

Варзиш

16.10.2017


Ҳамоиши навбатии Шӯрои тиҷоратии ИМА-Тоҷикистон

Низомиддин Зоҳидӣ Абделҷалил Сабуриро ба ҳузур пазируфт

Мубодилаи таҷрибаҳо байни Тоҷикистон ва Фаронса

Ҳамкориҳо дар соҳаи маориф бо Озарбойҷон густариш меёбанд

Истиқрори дипломатӣ бо Гренада ба роҳ монда шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Дар амали террористии Сомалӣ 276 нафар қурбон гашт

Раққа аз ҷангиёни «ДИ» озод карда шуд

Пешгирии амали террористӣ дар Афғонистон

Дар Қирғизистон президенти навро интихоб карданд

Боздошти омӯзгори террорист дар Ҷалолобод

13.10.2017


Баррасии масоили мубрами тақвияти ҳамкориҳо

Мулоқоти Рамазон Раҳимзода бо донишҷӯёни ДМТ

Густариши муносибатҳои фарҳангии Тоҷикистону Ӯзбекистон

Вохӯрӣ бо вазири иқтисоди Озарбойҷон

12.10.2017


Баррасии масоили муҳими ҳамкорӣ

Муаррифии имкониятҳои сармоягузории Фонди сабзи иқлимӣ

Аббосалӣ Гасанов: «Тоҷикистон фарҳанги бою ғании худро ба дигар миллатҳо тарғиб кунад»

Вохӯрии Рустам Солӣ бо Азад Рагимов

МАВОДИ НАШЪАОВАР. Боз 311 килограмм ба коми оташ рафт

11.10.2017


Интиқоди Азим Иброҳим аз сатҳи омодагӣ ба давраи зимистон дар вилояти Хатлон

Баргузории ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ

Масъалаҳои таъмини амнияти иттилоотию озуқаворӣ матраҳ мегарданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед