logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ АМНИЯТИ МИЛЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН"

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 марти соли 2008 «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2008, № 3, мод. 183; с. 2011, № 6, мод. 457; с. 2013, № 7, мод. 513, № 12, мод. 886; с. 2014, № 11, мод. 654; с. 2015, № 7 - 9, мод.701; с. 2016, № 3, мод. 138) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Аз матни моддаи 7 калимаи «(Сарқонуни)» хориҷ карда шавад.
2. Дар қисми чоруми моддаи 10 калимаҳои «ба қувваи қонунӣ даромадани» ба калимаҳои «эътибори қонунӣ пайдо кардани» иваз карда шаванд.
3. Дар сархати дуюми қисми якуми моддаи 16 ва сархати чордаҳуми қисми дуюми моддаи 20 калимаи «қаламрави» ба калимаи «ҳудуди» иваз карда шавад.
4. Дар сархати даҳуми қисми дуюми моддаи 20 калимаи «ҷиноӣ» ба калимаи «ҷиноятӣ» иваз карда шавад.
5. Дар моддаи 23:
- дар қисми дуюм  калимаҳои «он шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон шуда метавонад, ки» ба калимаҳои «шахсе шуда метавонад, ки танҳо шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад,» иваз карда шаванд;
- ба ҷумлаи якуми қисми шашум пас аз калимаи «Тоҷикистон» калимаҳои «доштани шаҳрвандии давлати дигар, инчунин» илова карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                              Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 24 феврали соли 2017, № 1384

Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                              Ш. ЗУҲУРОВ 
ш. Душанбе, 2 ноябри соли 2016, № 602     

Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баррасӣ намуда,   қарор мекунад:   

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.
 
Раиси  Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                         М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 16 феврали соли 2017, № 324


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.02.2017    №: 44-45    Мутолиа карданд: 1225

18.08.2017


Мулоқоти Сироҷиддин Аслов ва Лучиано Калестини

Тоҷикистон ба панҷгонаи кишварҳои осонтарин низоми гирифтани раводид шомил шуд

Ҷаласаи XV Шӯрои байнидавлатии ИДМ доир хоҳад шуд

Беморхонаи вилоятии Кӯлоб бо таҷҳизоти муосири тиббӣ таъмин гардид

"СУМАЯ" коргоҳи нави дӯзандагӣ дар Лахш

Теъдоди зарардидагони амали террористӣ дар Барселона аз 100 нафар гузашт

Сулҳу салоҳ дар Сурия ибтидои барқарорсозии муносибати ИМА бо Русия мегардад

Трамп тасмими ба Гуам мушак напарронданро оқилона хонд

Дар Қирғизистон 41 довталаби курсии президентӣ аз имтиҳони забон гузашт

Харҷи кишварҳои ҷаҳон барои киберамният меафзояд

16.08.2017


ДУШАНБЕ. ОМОДАГӢ БА БУЗУРГТАРИН ҶАШНИ МИЛЛӢ ВУСЪАТ МЕГИРАД!

«Бӯстон - 2017» дар Сангвор

Ҷаҳон дар як сатр

Пекин тадбирҳои якҷонибаи Вашингтонро беҷавоб нахоҳад монд

Арабистони Саудӣ ва Ироқ пас аз 27 сол сарҳадро боз мекунанд

Дар бозори Нигерия зани маргталаб худро тарконд

Қазоқистон то 170 ҳазор донишҷӯи хориҷиро омӯзонда метавонад

Чин калонтарин дар дунё неругоҳи барқи офтобиро ба кор даровард

Пекин ба ҳалли сиёсии қазияи Кореяи Шимолӣ умедвор аст

Халифа Ҳафтар: «90 дарсади сарзамини Либия аз террористон озод гардид»

Зиёда аз 600 ҳазор гуреза ба Сурия баргашт

Боздошти мубаллиғи эҳтимолии гурӯҳи террористӣ дар Қирғизистон

Қазоқистон ба мардуми қирғиз ёрии башарӣ мерасонад

Варзиш

14.08.2017


Густариши ҳамкориҳои Душанбеву Тошканд дар мубориза бо ҷинояткорӣ

Лоиҳаи нав ҷиҳати тарғиби дороиҳои сайёҳии кишвар

«Суғдсинамо" филми нав бо номи «Тангно»-ро пешниҳод менамояд

Куҳантарин кӯдакистони Хоруғ навсозӣ мешавад

Боз як имкони донишҷӯ шудани довталабон

ХАТЛОН. Комёбиҳо назаррасанд

26500 ҷойи нави кор таъсис ёфт

Ҷаҳон дар як сатр

Оташфишонӣ ва як кушта дар сарҳади ҷанубии Қазоқистон

Дар Афғонистон чор қумондони «ДИ» маҳв карда шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед