logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 1. Ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри   соли 2008 қабул шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2008, № 12, қ. 1, мод. 989, мод. 990; с. 2009, № 5, мод. 321, № 9 - 10,   мод. 543; с. 2010, №1, мод. 2, мод. 5, № 3, мод. 153, № 7, мод. 547, № 12, қ. 1, мод. 812; с. 2011, № 6, мод. 430, мод. 431, № 7 - 8, мод. 610, № 12, мод. 838;  с. 2012, № 4, мод. 256, № 7, мод. 685, мод. 693, № 8, мод. 814, № 12, қ. 1,   мод. 1004; с. 2013, № 3, мод. 181, № 7, мод. 508; с. 2014, № 3, мод. 143,  мод. 144, № 7, қ. 1, мод. 389, мод. 390; с. 2015, № 3, мод. 201, № 7 - 9,   мод. 707, мод. 708, № 11, мод. 955, № 12, қ. 1, мод. 1108; с. 2016, № 3,  мод. 130, мод. 131, мод. 132, № 5, мод. 359, мод. 361, № 7, мод. 613,  мод. 614; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 ноябри соли 2016, №1361), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 29:
- қисми 2 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«2. Таҳти мафҳуми шахси мансабдор дар Кодекси мазкур шахси таъин ё интихобшуда фаҳмида мешавад, ки ба таври доимӣ, муваққатӣ ё бо ваколати махсус вазифаи намояндаи ҳокимияти давлатиро амалӣ менамояд, яъне бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои ваколатҳои амрдиҳӣ нисбат ба шахсоне мебошад, ки дар тобеияти хизматии ӯ қарор надоранд, инчунин шахсе, ки вазифаҳои ташкилию амрдиҳӣ, маъмурию хоҷагидориро дар мақомоти ҳокимияти давлатӣ, муассисаҳои давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ҳамчунин дар субъектҳои хоҷагидори давлатӣ ва дигар субъектҳои хоҷагидоре, ки дар онҳо ҳиссаи давлат на кам аз нисфро ташкил медиҳад, ба таври музднок ё бемузд иҷро менамояд ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда.»;
- ба қисми 3 пас аз калимаи «ташкилотҳо» калимаҳои «сарфи назар аз шакли моликият,» илова карда шаванд.
2. Ба қисми 3 моддаи 30 пас аз калимаҳои «давлатӣ ва маҳаллӣ,» калимаҳои «вобаста ба коррупсия,» илова карда шаванд.
3. Моддаи 6631 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Моддаи 6631. Иҷро накардани чорабиниҳои барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ ва нақшаи татбиқи онҳо
Барои иҷро накардани чорабиниҳои барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ ва нақшаи татбиқи онҳо,-
ба шахсони мансабдор ба андозаи аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.


Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                  Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 24 феврали соли 2017, № 1382

Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                               Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 21 декабри соли 2016, № 674

 

Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:   

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси  Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                             М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 16 феврали соли 2017, № 322


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.02.2017    №: 44-45    Мутолиа карданд: 1083

24.04.2017


Баргузории ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ

Вусъати ҳамкориҳо дар бахши тандурустӣ

Марди накуном намирад ҳаргиз

Ғалабаи хонандаи тоҷик дар бозиҳои XII Делфи

ДАЪВАТ. Сафи ихтиёриён меафзояд

ЗАФАРОБОД. То ҳосилнокӣ беҳтар шавад...

РОҲҲО агар ободанд...

Ҷаҳон дар як сатр

Дар Қирғизистон ҷангие дастгир шуд, ки нияти амалҳои террористӣ дар кишварҳои ИДМ – ро дошт

Пентагон: «ДИ» пойтахташро аз Раққа ба Дайр - уз - Зор кӯчонд

Арабистони Саудӣ хароҷоти ҳарбияшро 30 дарсад кам кард

Дар Британия як рӯзро бидуни истифодаи ангишт гузаронданд

Суди Имреа телефони мобилиро ба саломатӣ зарарнок ҳисобид

21.04.2017


Тоҷикистон амнтарин кишвари Осиёи Марказӣ эътироф шуд

Баррасии таҳкими муносибатҳо

Русия азм дорад, ки дар Суғд корхонаҳои саноатӣ созад

Ҳамоиши доираҳои тиҷоратӣ

Як нишасти муҳим

Ситоди назди раиси вилоят

Ҷаҳон дар як сатр

Амали террористӣ дар майдони Елисейи Париж

Ҳалокати корманди созмонҳои башарӣ дар Судони Ҷанубӣ

Вазири корҳои хориҷии Олмон ба Башики Ироқ рафт

Дар ду соли наздик Туркманистон ба афзоиши баландтарини ММД ноил мегардад

Сукерберг матнро бо неруи фикр чоп кардан мехоҳад

20.04.2017


Вохӯрии Сироҷиддин Аслов бо Пратибҳа Меҳта

Муқовимат бо коррупсия маърифати баланди ҳуқуқиро тақозо менамояд

Тоҷикистону Малайзия ҳамкориҳоро тавсеа мебахшанд

Афзоиши истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ

Бо амри дил

35 МЕДАЛИ хонандагони Душанбешаҳр

НОРАК. Шаҳрро зебоӣ мебахшем

ТОҶИКОБОД. Авлавият ба дастгирии ниёзмандон

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед