logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ КОРРУПСИЯ"

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июли соли 2005 «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2005, № 7, мод. 402; с. 2007, № 7, мод. 660; с. 2008, № 10, мод. 800; с. 2011, № 12, мод. 837; с. 2014, № 3, мод. 148) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Номи Қонун бо ҳарфҳои калон навишта шавад.
2. Дар сархати сеюми моддаи 1 калима ва рақами «сархати 1» ба калимаҳои «сархати якуми» иваз карда шаванд.
3. Аз сархати ҳаштуми моддаи 1, матни моддаи 2 ва сархати панҷуми моддаи 4 калимаи «(Сарқонуни)» хориҷ карда шавад.
4. Дар моддаи 3:
- дар қисми 1 калимаи «қаламрави» ба калимаи «ҳудуди» иваз карда шавад;
- дар қисми 5 калимаҳо ва рақамҳои «дар сархати 4 қисми якуми моддаи 9, маҳдудиятҳои дар сархатҳои 1, 2, 3, 6, 7 ва 9 қисми 1 моддаи 10, ҳуқуқвайронкуниҳои дар сархатҳои 5, 6 ва 9 қисми 1 моддаи 11, сархатҳои 7, 12 ва 14 қисми 1 моддаи 12» ба калимаҳои «дар сархати чоруми қисми якуми моддаи 9, маҳдудиятҳои дар сархатҳои якум, дуюм, сеюм, шашум, ҳафтум ва нуҳуми қисми 1 моддаи 10, ҳуқуқвайронкуниҳои дар сархатҳои панҷум, шашум ва нуҳуми қисми 1 моддаи 11, сархатҳои ҳафтум, дувоздаҳум ва чордаҳуми қисми 1 моддаи 12» иваз карда шаванд;
- дар қисми 6 калимаҳо ва рақамҳои «қонуни мазкур ба истиснои муқаррароти сархатҳои 1, 2 ва 3» ба калимаҳои «Қонуни мазкур ба истиснои муқаррароти сархатҳои якум, дуюм ва сеюми» иваз карда шаванд.
5. Дар моддаи 4:
- дар матни модда калима ва рақами «сархати 4» ба калимаҳои «сархати чоруми» иваз карда шаванд;
- сархати ёздаҳум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- манъи вогузор намудани ваколатҳо оид ба танзими давлатӣ ва назорати фаъолияти соҳибкорӣ ба зиммаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки чунин фаъолиятро амалӣ менамоянд;».
6. Ба қисми 1 моддаи 5 пас аз калимаҳои «бо коррупсия,» калимаи «мақомоти» илова карда шавад.
7. Дар қисми 1 моддаи 51 ва сархати дуюми қисми 2 моддаи 8 калимаи «қаламрави» ба калимаи «ҳудуди» иваз карда шавад.
8. Сархати дуюми қисми 1 моддаи 9 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалномаи суд дар бораи маҳдуд намудани қобилияти амал ё ғайри қобили амал эътироф намудани шахс;».
9. Дар қисми 1 моддаи 10:
- сархати якум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- ба фаъолияти мақомоти дигари давлатӣ, ки ба доираи ваколатҳои мансабиаш дохил нест, дахолат намояд;»;
- сархати сеюм дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
 «- шахсан ё ба воситаи шахсони боэътимод ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул шавад. Шахси ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ӯҳдадор аст, ки дар мӯҳлати на дертар аз понздаҳ рӯзи баъди ба хизмати давлатӣ дохил шудан ҳиссаи дар сармояи оинномавии (шариконаи) ташкилотҳои тиҷоратӣ доштаашро ба шахси дигар бо ҳуқуқи идораи ба боварӣ асосёфта диҳад;»;
- сархати чорум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- дар бонкҳои хориҷие, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият доранд, суратҳисобҳо кушояд ва пасандозҳо дошта бошад;»;
 - сархати  панҷум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- аз шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ вобаста ба иҷрои ваколатҳояш, аз ҷумла барои хизмате, ки ҳангоми иҷрои ваколаташ (ҳуқуқу ӯҳдадориҳояш) анҷом додааст ё ба манфиати шахси дигар анҷом надодааст, мукофот (қарз, мукофоти пулӣ ва мукофоти дигар, хизматрасонӣ, пардохти вақтхушӣ, истироҳат, хароҷоти нақлиёт) гирад, ба шахсони мансабдори болоӣ тӯҳфа диҳад ё хизмат расонад. Тӯҳфаҳои ҳангоми баргузории чорабиниҳои протоколӣ, сафарҳои хизматӣ ва чорабиниҳои дигари расмӣ гирифташударо ҳамчун молу мулки давлатӣ бояд бо санади дахлдор ба мақомоте, ки дар он фаъолият менамояд, супорад, ба истиснои армуғон ва тӯҳфаҳои дигари рамзӣ, ки арзиши умумии онҳо дар давоми сол аз 100 (сад) нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд набошад;».
10. Дар қисми 1 моддаи 11:
- дар сархати дуюм калимаи «қаламрави» ба калимаи «ҳудуди» иваз карда шавад;
- ба сархати сеюм пас аз калимаҳои «назорат мекунад» калимаҳои «, аз ҷумла иштирок ба сифати ҳимоятгари ҷамъиятӣ ё намоянда (ба истиснои ҳолатҳои намояндагии қонунӣ) аз рӯи парвандаҳои гражданӣ, иқтисодӣ, оилавӣ, ҷиноятӣ ё парванда оид ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ» илова карда шаванд;
- дар сархати панҷум калимаҳои «узвият дар ташкилотҳои тиҷоратӣ ё мақомоти идоракунии онҳо» ба калимаҳои «иштирок дар идораи фаъолияти ҷамъияти хоҷагидор ё дигар ташкилоти тиҷоратӣ, аз ҷумла дар ҳайати мақомоти идоракунии ташкилоти тиҷоратӣ, ки узвият дар онҳо бе изҳори иродаи махсуси фардӣ ғайриимкон аст, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» иваз карда шаванд;
- сархати шашум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- узвият дар мақомоти идоракунӣ, шӯроҳои нозирон ё парасторон, мақомоти дигари ташкилотҳои ғайритиҷоратии хориҷӣ ва воҳидҳои сохтории дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон амалкунандаи онҳо, агар қонунгузорӣ ё шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигарро пешбинӣ накарда бошанд;».
11. Дар моддаи 12:
- ба сархати дувоздаҳуми қисми 1 пас аз калимаҳои «ба иҷора додан ё фурӯхтани молу мулки давлатӣ» калимаҳои «, беасос вайрон намудани молу мулки ғайриманқули давлатӣ» илова карда шаванд;
- дар  сархати понздаҳуми қисми 1 калимаи «тӯҳфа» ба калимаи «ҳадя» иваз карда шавад;
- дар қисми 2 калимаи «номбурда» ба калимаҳои «дар қисми 1 моддаи мазкур зикршуда» иваз карда шавад.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 24 феврали соли 2017, № 1385

 

Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия»

Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                               Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 1 декабри соли 2016,  № 643

 

Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия»

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:   

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» ҷонибдорӣ карда шавад.
 
Раиси  Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 16 феврали соли 2017, № 325


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.02.2017    №: 44-45    Мутолиа карданд: 891

18.03.2017


Шиносоии Сарвазир бо ҷараёни корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ

Баррасии ҷалби ширкатҳои Арабистони Саудӣ дар татбиқи лоиҳаҳо

Вохӯрии Сумангул Тағойзода бо Пратибҳа Меҳта

Ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон матраҳ гардид

ЛАХШ. Сар аз як гиребон

16.03.2017


«Тоҷикистон – ташаббускори ҳалли масоили об»

Ҷаласа дар ҳузури Азим Иброҳим

Боздиди сафири Тоҷикистон аз Донишгоҳи Венҷоу

Ҳадаф – муаррифии фарҳангу тамаддуни бойи тоҷикон

Ҷаҳон дар як сатр

Гӯшаи кишоварз

Судяи иёлати Гавайя фармони Трампро аз амал боздошт

Дар Димишқ се маргталаб худро тарконд

Ба 17 миллион яманӣ гуруснагӣ таҳдид мекунад

Озод кардани австрализани рабуда дар Афғонистон

Ҳавопаймои дубаҳраи чинӣ ба парвози нахустин омодагӣ мегирад

15.03.2017


Нақши осори Бедил дар рушди дипломатияи мардумии фарҳангӣ

Тоҷикистону Чин: тақвияти ҳамкориҳои илмӣ

Тантанаҳои наврӯзӣ 21 март оғоз мегарданд

Вусъати корҳои ободонӣ

Қолинбофӣ рушд меёбад

Ҷаҳон дар як сатр

Низомиёни афғон 30 гаравгонро озод карданд

ЮНИСЕФ: порсол дар Сурия 650 кӯдак ҳалок шуд

ИМА нисфи маблағгузории СММ – ро коҳиш медиҳад

Ҳалокат дар садамаҳои ҳавоӣ 2 маротиба афзудааст

Покистон аҳолиашро аз нав ба ҳисоб мегирад

13.03.2017


ҲАМОИШИ МУҲИМ ДАР АКАДЕМИЯИ ВАО

Афзалиятҳои Стратегияи миллии рушд матраҳ гашт

Баррасии таҳкими ҳамкориҳо

Мусобиқаҳо барои дарёфти Ҷоми «Пойтахт – 2017»

Мулоқот бо муовини вазири корҳои хориҷии Туркманистон

Изҳори сипос ба «Ҷумҳурият»

Боб-ус-Сағир ҳадафи ҳамлаи террористӣ гашт


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед