logo

сиёсат

ПЕШВОИ МИЛЛАТ: "РУСИЯ ШАРИКИ СТРАТЕГИИ ТОҶИКИСТОН БУД ВА МЕМОНАД"

Изҳороти матбуотии Эмомалӣ Раҳмон аз рӯи натиҷаҳои сафари Владимир Путин, шаҳри Душанбе, 27 феврали соли 2017
Муҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори омма!
Муҳтарам хонумон ва ҷанобон!
Мо имрӯз кори созанда ва самарабахше анҷом додем, ки дар натиҷа як қатор ҳуҷҷатҳои дуҷонибаи ҳамкорӣ ба имзо расиданд. Ҷолиби диққат аст, ки сафари муҳтарам Владимир Владимирович дар соли биступанҷсолагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни кишварҳои мо сурат мегирад. Мутмаинам, ки натиҷаҳои он ба рушди тамоми маҷмӯи ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия набзи нави динамикӣ ва мутаносиб мебахшад.
Русия дар ҳамаи соҳаҳо шарики стратегии Тоҷикистон буд ва мемонад. Ҳамчун кафили иҷрои Созишномаи сулҳ Русия дар раванди барқарорсозии сулҳ ва ризоят дар Тоҷикистон нақши муҳим бозид, дар рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар ва таҳкими истиқлолияти миллии он саҳми назаррас гузошт. Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ ҳамкорӣ бо Русия дар тамоми соҳаҳои ҳаётан муҳим ба таври назаррас рушд ёфт.
Пояи ҳуқуқии муносиботи Тоҷикистону Русия, ки тақрибан аз дусаду шаст ҳуҷҷат иборат аст, амалан тамоми ҷанбаҳои ҳамгироии мо - аз ҳарбӣ - техникӣ то лоиҳаҳои бузурги иҷтимоию иқтисодиро дарбар мегирад.
Муколамаи дар сатҳи олӣ доиргардида бори дигар дараҷаи олии эътимоди сиёсии тарафайнро, ки мо хеле қадр мекунем, собит намуд.
Ҷонибҳо сатҳи бадастомадаи муносиботи ду кишварро баланд арзёбӣ намуданд.
Мо ба он розием, ки барои минбаъд мукаммал намудани онҳо иқтидори калони истифоданашуда мавҷуд аст. Барои идомаи муколамаи доимии сиёсӣ ҳавасмандии дуҷониба изҳор гардид, ки ба беҳсозии ҳамгироии мо дар тамоми самтҳо мусоидат мекунад.
Дар раванди музокирот мо вазъ ва дурнамои муносиботи Тоҷикистону Русияро дар доираи дуҷониба ва дар арсаи ташкилотҳои байналмилалӣ - СММ, СҲШ, ИДМ ва СААД баррасӣ намудем. Барои такмили робитаҳои иқтисодии мо вусъат додани ҳудуди ҳамкориҳои минтақавии Тоҷикистону Русия ва таҳкими робитаҳои дар ин соҳа мавҷуд аҳамияти бузург дорад.
Ҷонибҳо, ҳамчунин омодагиро барои идомаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои басо муҳими иқтисодӣ, ба мисли кишоварзӣ, нассоҷӣ ва саноати кӯҳкорӣ, энергетика, бо шумули нафту газ тасдиқ намуданд.
Омодагӣ ба кори муштарак дар афзудани истеҳсолот ва интиқоли меваҳои аз ҷиҳати экологӣ тоза ба бозорҳои Русия таъкид гардид.
Мо доир ба нақши калидии Комиссияи муштарак оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар ҳалли мушкилоте, ки имрӯз дар назди мо ҳастанд, фикри ҳамсон доштем.
Масоили муҳоҷирати меҳнатӣ баррасӣ гардиданд. Мо изҳори умед менамоем, ки пешниҳодҳои ҷониби Тоҷикистон дар ин самт аз ҷониби Ҳукумати Русия дастгирӣ меёбанд.
Мо тасмим гирифтем, ки дар соҳаҳои фарҳангию гуманитарӣ, аз ҷумла маориф, як зумра тадбирҳои судманд андешем. Дар ин замина, муҳимияти фароҳам овардани шароити мусоид барои қонеъ гардондани таваҷҷуҳи рӯзафзуни шаҳрвандони Тоҷикистон ҷиҳати фарогирии таҳсилот ба забони русӣ таъкид гардид.
Имрӯз дар ҳудуди Тоҷикистон филиалҳои 3 муассисаи олии Русия фаъолият мекунанд ва дар муассисаҳои олии Русия бошад, қариб 20 ҳазор шаҳрвандони мо, аз ҷумла тибқи бурсияҳое, ки ҳамасола аз ҷониби Русия ҷудо карда мешаванд, таҳсил менамоянд.
Мо аз Ҳукумати Федератсияи Русия дар мавриди қарор оид ба зиёд кардани бурсияҳо барои донишҷӯёни тоҷик дар ин соли хониш сипосгузорем.
Дар баробари таҳсили ҷавонони тоҷик дар Русия, бунёди мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии нави таҳсил ба забони русӣ дар Тоҷикистон ва инчунин, таъмини муассисаҳои таҳсилотӣ бо омӯзгорони забони русӣ, китоб ва ашёҳои хониш масоили мубрам боқӣ мемонанд.
Ҳангоми баррасии масоили байналмилалӣ ба ҳамгироӣ дар мубориза бо терроризм, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва дигар шаклҳои ҷинояти муташаккили фаромиллӣ диққати махсус зоҳир карда шуд. Мо ҳамгироии судманд ва самарабахши сохторҳои ҳифзи ҳуқуқро зикр намуда, оид ба ҳамоҳангии минбаъдаи талошҳои худ дар ин самт ба мувофиқа расидем.
Ба ҳамагон маълум аст, ки беш аз 60 дарсади сарҳади берунаи ИДМ бо Афғонистон ба Тоҷикистон рост меояд. Кишвари мо дар ин росто дар ҷилавгоҳ қарор дорад ва ин ба дӯши мо дар кори вокуниши муносиб ва пешгирии ҳамагуна таҳдидҳову чолишҳое, ки ба вуқӯъ мепайванданд, масъулияти бузургеро вогузор мекунад. Дар ин росто, мо ба вазъи Афғонистон таваҷҷуҳ зоҳир намуда, оид ба барқарор намудани сулҳ ва субот дар ин кишвари ҳамсоя фикри ҳамсон доштем.
Талошҳои муштарак доир ба рушди ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбӣ – техникӣ, пеш аз ҳама, бо роҳи навсозии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ба хотири таҳкими имконияти мудофиавии кишвари мо ва таъмини амнияти минтақавӣ таъкид карда шуданд.
Дар фарҷом мехостам ба Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Владимирович барои сарфароз гардондан бо мукофоти олии давлатии Федератсияи Русия – ордени Александр Невский миннатдории самимии худро изҳор намоям. Ин мукофотро ман, пеш аз ҳама, ҳамчун баҳои баланд ба саҳми тамоми мардуми Тоҷикистон дар рушд ва таҳкими муносибатҳои дӯстона бо Русияи бародар арзёбӣ мекунам.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.02.2017    №: 44-45    Мутолиа карданд: 1032

18.08.2017


Мулоқоти Сироҷиддин Аслов ва Лучиано Калестини

Тоҷикистон ба панҷгонаи кишварҳои осонтарин низоми гирифтани раводид шомил шуд

Ҷаласаи XV Шӯрои байнидавлатии ИДМ доир хоҳад шуд

Беморхонаи вилоятии Кӯлоб бо таҷҳизоти муосири тиббӣ таъмин гардид

"СУМАЯ" коргоҳи нави дӯзандагӣ дар Лахш

Теъдоди зарардидагони амали террористӣ дар Барселона аз 100 нафар гузашт

Сулҳу салоҳ дар Сурия ибтидои барқарорсозии муносибати ИМА бо Русия мегардад

Трамп тасмими ба Гуам мушак напарронданро оқилона хонд

Дар Қирғизистон 41 довталаби курсии президентӣ аз имтиҳони забон гузашт

Харҷи кишварҳои ҷаҳон барои киберамният меафзояд

16.08.2017


ДУШАНБЕ. ОМОДАГӢ БА БУЗУРГТАРИН ҶАШНИ МИЛЛӢ ВУСЪАТ МЕГИРАД!

«Бӯстон - 2017» дар Сангвор

Ҷаҳон дар як сатр

Пекин тадбирҳои якҷонибаи Вашингтонро беҷавоб нахоҳад монд

Арабистони Саудӣ ва Ироқ пас аз 27 сол сарҳадро боз мекунанд

Дар бозори Нигерия зани маргталаб худро тарконд

Қазоқистон то 170 ҳазор донишҷӯи хориҷиро омӯзонда метавонад

Чин калонтарин дар дунё неругоҳи барқи офтобиро ба кор даровард

Пекин ба ҳалли сиёсии қазияи Кореяи Шимолӣ умедвор аст

Халифа Ҳафтар: «90 дарсади сарзамини Либия аз террористон озод гардид»

Зиёда аз 600 ҳазор гуреза ба Сурия баргашт

Боздошти мубаллиғи эҳтимолии гурӯҳи террористӣ дар Қирғизистон

Қазоқистон ба мардуми қирғиз ёрии башарӣ мерасонад

Варзиш

14.08.2017


Густариши ҳамкориҳои Душанбеву Тошканд дар мубориза бо ҷинояткорӣ

Лоиҳаи нав ҷиҳати тарғиби дороиҳои сайёҳии кишвар

«Суғдсинамо" филми нав бо номи «Тангно»-ро пешниҳод менамояд

Куҳантарин кӯдакистони Хоруғ навсозӣ мешавад

Боз як имкони донишҷӯ шудани довталабон

ХАТЛОН. Комёбиҳо назаррасанд

26500 ҷойи нави кор таъсис ёфт

Ҷаҳон дар як сатр

Оташфишонӣ ва як кушта дар сарҳади ҷанубии Қазоқистон

Дар Афғонистон чор қумондони «ДИ» маҳв карда шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед