logo

сиёсат

ПРЕЗИДЕНТИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН ДАР ТОҶИКИСТОН

27 феврал, нимаи дуюми рӯз, дар саҳни бинои Қасри миллат маросими бошукӯҳи истиқболи Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард, баргузор шуд.
Меҳмони олимақом Президенти Федератсияи Русия Владимир Путинро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самимона истиқбол гирифта, ба минбари ифтихорӣ даъват намуданд.
Дар маросими истиқболи расмии меҳмони олиқадр ҷузъу томҳои Горди фахрӣ ва оркестри асбобҳои мусиқии нафасӣ саф ороста, ҳайатҳои расмии Тоҷикистону Русия ва намояндагиҳои дипломатии муқими Душанбе иштирок доштанд.
Дар расми истиқбол сурудҳои миллии ду давлат садо дода, зери навои ифтихорӣ роҳбарони Тоҷикистону Русия аз назди ҳайати Горди фахрӣ гузар намуданд ва Президенти Федератсияи Русия ба ҳайати сафоростаи низомӣ арзи салом карда, эҳтироми Парчами давлатии Тоҷикистонро ба ҷо овард.
Маросими бошукӯҳи истиқболи меҳмони олиқадр баъди шиносоии сарони давлатҳо бо ҳайатҳои расмии ҳар ду ҷониб анҷом ёфт.

Худи ҳамон рӯз дар Қасри миллат мулоқоти хосаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин доир гардид.
Роҳбарони давлатҳо дар оғози вохӯрӣ бори дигар ҳамдигарро ба муносибати 25 - солагии барқароршавии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Русия самимона шодбош гуфта, барои идома додани муколамаҳои сатҳи баланди сиёсӣ ва рушду тавсеаи бештари муносибатҳои байнидавлатӣ омодагию ҳавасмандии зиёд зоҳир намуданд.
Боздиди расмии навбатии Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзҳои таҷлил аз 25 - солагии барқароршавии муносибатҳои дипломатии ду давлат нишони олии таваҷҷуҳи бесобиқаи роҳбарияти сатҳи олии ин кишвар ба дурнамои муносибатҳои неку дӯстона ва шарикии стратегӣ бо Тоҷикистон арзёбӣ гардид.
Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро барои саҳми бузург ва талошҳои созандаю иқдомҳои пайваста дар роҳи рушду тавсеаи бесобиқаи муносибатҳои гуногунҷанбаи байнидавлатӣ ва дӯстии халқҳои Тоҷикистону Русия бо мукофоти олии Федератсияи Русия ордени Александр Невский сарфароз намуд.
 

Баррасии масоили марбут ба муносибатҳои байнидавлатӣ дар соҳаҳои гуногун ва муштаракоти стратегии Тоҷикистону Русия ба таври мушаххас дар музокироти сатҳи баланд бо иштироки ҳайатҳои расмии ду давлат идома ёфт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз номи худ ва мардуми Тоҷикистон ба ҷониби Федератсияи Русия барои қадршиносии талошҳои бесобиқа ва хизматҳои шоистаи роҳбарияти сатҳи олии Тоҷикистон дар рушду таҳкими муносибатҳои гуногунҷанбаи байнидавлатӣ бо мукофоти олии Федератсияи Русия ордени Александр Невский изҳори сипос намуда, ин тадбирро рӯйдоди рамзию таърихӣ дар соли таҷлил аз 25 - солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Русия арзёбӣ намуданд
Ҷониби Тоҷикистон муносибатҳои дӯстона ва шарикии стратегии худро бо Федератсияи Русия аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷӣ дониста, ба идомаи бобарору манфиатбахш ва рушду густариши бемайлони онҳо бо назари нек менигарад.
Таваҷҷуҳи бештар ба таҳкими ҳамкории байнидавлатӣ дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ, муҳоҷират, илму маориф, фарҳанг, туризм ва ҳамкории байни вилоятҳою шаҳру ноҳияҳои ду кишвар зоҳир гашт. Зикр шуд, ки Федератсияи Русия дар тиҷорати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқею мақоми назаррас дошта, ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни ду давлат бо назардошти таъсирҳои омилҳои беруна дар соли 2016 беш аз як миллиард доллари америкоиро ташкил додааст.
Дар раванди ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар соҳаи энергетика таваҷҷуҳи зиёд ба тақвияти ҳамгироӣ дар бахши саноати нефту газ зоҳир гардид ва барои афзун намудани ҳаҷми сармоягузориҳо дар татбиқи лоиҳаҳои хурду бузурги афзалиятнок изҳори ҳавасмандӣ карда шуд.
Ҷонибҳо ҷиҳати тақвият бахшидани робитаҳо барои фароҳам овардани шароити созгори афзуннамоии ҳаҷми содироти маҳсулоти хушсифати кишоварзии Тоҷикистон ба Русия фикру мулоҳизаҳои судманд баён карда, дар ин замина тақвияти муносибатҳои бевоситаи байни вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳои ҳамдигарро махсус таъкид намуданд.
Дар музокироти сатҳи олӣ вобаста ба ҳалли мушкилоти ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷират пешниҳод карда шуд, ки ҳукми хориҷ аз Русия ва манъи вуруди шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қаламрави ин кишвар, ки ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии ночиз (сабук) доранд, бозбинӣ шуда, ин гурӯҳи шаҳрвандон мавриди авф қарор дода шаванд.
Вусъат бахшидани бунёди муассисаҳои таълимӣ, омӯзиши фарохтари забони русӣ, афзун намудани квотаҳои таҳсил дар муассисаҳои олии таълимии Русия барои шаҳрвандони Тоҷикистон, омода намудани мутахассисони соҳаҳои фарҳангу эҷодиёт ва густариши равобити доираҳои илмию фарҳангӣ ва иттиҳодияҳои эҷодӣ аз самтҳои муҳими ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар соҳаи илму маориф ва фарҳанг арзёбӣ шуд.
Тавре таъкид шуд, табодули таҷрибаи ширкату идораҳои туристии Тоҷикистону Русия ва ҷалби сармоя ба беҳдошти инфрасохтори сайёҳии Тоҷикистон метавонад барои баланд бардоштани мартабаи туризм дар раванди муносибатҳои манфиатбори байнидавлатӣ нақши муассир гузорад.
Ҷонибҳо таҳкими ҳамкории амниятӣ, ҳарбӣ ва ҳарбию техникии ду давлатро аз воситаҳои муҳими баланд бардоштани омодагии ҳарбӣ, заминаҳои техникӣ ва қудрати дифоии ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ карда, таъкид намуданд, ки тақвияти ҳамкорӣ дар ин бахш метавонад дар ҳифзи марзи давлатии Тоҷикистон бо Афғонистон, муборизаи беамон бар зидди терроризму экстремизми байналмилалӣ, ҷиноятҳои фаромарзӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва таъмини амнияту суботи сартосарии минтақа нақши фаъол дошта бошад.
Аз ҳамгироии минтақавӣ ва байналмилалии Тоҷикистону Русия дар доираи Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Созмони ҳамкории Шанхай изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
Идомаи мунтазаму бобарори муколамаҳои сатҳи баланди сиёсӣ ва наздикию мувофиқати нақш ва мақоми ду давлат дар бештари масоили минтақавию байналмилалӣ омили муҳими рушду густариши муносибатҳои манфиатбори стратегӣ арзёбӣ гардид.
Гуфтугӯи судманд, ҳамчунин доир ба дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ ва барои ҳар ду ҷониб баманфиат анҷом дода шуд.
 

Баъди анҷоми музокироти байнидавлатӣ Изҳороти муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин оид ба натиҷаҳои сафари расмӣ қабул карда шуд. Сипас, дар ҳузури сарони ду давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин 6 санади нави ҳамкорӣ:

- Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист;
- Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи алоқаи фелдегерии ҳарбии почта;
- Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи истифодаи энергияи атомии сулҳҷӯёна;
- Созишнома миёни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Федератсияи Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ;
- Ёддошти тафоҳум миёни Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати варзиши Федератсияи Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ;
- Барномаи ҳамкорӣ миёни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия барои соли 2017 ба имзо расид.


Субҳи имрӯз дар шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммедов суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Зимни гуфтугӯи судманди телефонӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммедов вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои байнидавлатиро мавриди баррасӣ қарор дода, барои рушду тавсеаи бештару хубтари онҳо дар ҳамаи соҳаҳои афзалиятнок изҳори омодагию ҳавасмандӣ зоҳир намуданд.
Дар суҳбати телефонӣ, ҳамчунин масоили вобаста ба ҳамкориҳои минтақавию байналмилалии Тоҷикистону Туркманистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.


Субҳи имрӯз дар ҳошияи сафари расмии Президенти Федератсияи Русия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти хоса ва дӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин баргузор шуд.

Дар суҳбати самимӣ сарони давлатҳо масоили марбут ба натиҷаҳои сафар ва роҳу усулҳои тадбиқи мувофиқаҳои бадастомадаро мавриди баррасӣ қарор дода, доир ба муҳимияти иҷрои санадҳои нави ҳамкорӣ фикру мулоҳизаҳои судманд баён намуданд.
Бо ҳамин, сафари расмии Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом ёфт.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмони олиқадрро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гусел намуданд.
Хотиррасон менамоем, ки сафари расмии Президенти Федератсияи Русия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар рӯзҳои 25 - солагии барқароршавии муносибатҳои дипломатии ду давлат дар таърихи 27-28 феврали соли 2017 ҷараён гирифт, бо натиҷаҳои пурарзиш барои ҳар ду ҷониб ба охир расид.
Дар доираи ин сафар дидору вохӯрии хосаи Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин ва мулоқоту музокироти сатҳи баланди байнидавлатӣ баргузор шуда, 6 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид, ки муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Русияро дар соҳаҳои алоқа, меҳнат ва шуғли аҳолӣ, истифодаи энергияи атом бо мақсадҳои осоишта, сайёҳӣ ва тарбияи ҷисмонӣ такони тоза бахшида, ба тақвияти бештари ҳамкории Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия дар соли 2017 мусоидат менамояд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.02.2017    №: 44-45    Мутолиа карданд: 1125

16.12.2017


Густариши ҳамкориҳо бо Олмон

Вохӯрии Қоҳир Расулзода ва Ҳонӣ Фавзӣ ал - Мулкӣ

Баргузории ҷаласаи 28 - уми Шӯрои банақшагирии минтақавии СҲИ

Ҳамоиши соҳибкорони Тоҷикистону Амороти Муттаҳидаи Араб

Ҷаҳон дар як сатр

14.12.2017


Мулоқоти Қоҳир Расулзода ва Биналӣ Йилдирим

Рушду равнақи ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркманистон

Ибодулло Машраб – барандаи Ҷоизаи «Ситораи Иттиҳод»

Дар Ёвон коргоҳи меваю сабзавот ба истифода дода шуд

Бунёди боғи интенсивӣ дар Тоҷикобод

Ҷаҳон дар як сатр

Зангҳои бардурӯғ

ИМА маблағгузории СММ – ро 250 миллион доллар кам карданист

Фаронса истифодаи телефонҳои мобилиро дар мактабҳо манъ менамояд

Бори нахуст дар эстафетаи олимпӣ робот иштирок намуд

Варзиш

11.12.2017


Баррасии масоили ҳифзи амнияти иттилоотӣ

Вохӯрии Музаффар Ҳусейнзода ва Дан Некулаеску

Инноватсия ва шарикӣ барои ноил гаштан ба Ҳадафҳои рушди устувор

Баргузории форуми «Роҳ ба сӯи иқтисодиёти ғайринақдӣ»

Ҷаҳон дар як сатр

«Сафирони забони русӣ» ба Тоҷикистон омаданд

Дар Осло Ҷоизаи сулҳи Нобел супурда шуд

Сарвазири Ироқ: «Ҷанг алайҳи «ДИ» анҷом ёфт»

СММ: «Ҳаҷми ҷаҳонии порагирӣ 1 триллион долларро ташкил медиҳад»

Фарбеҳтарин зани дунё 400 кило вазн партофт

08.12.2017


Ҷаҳон дар як сатр

Дар Швейтсария президенти нав интихоб намуданд

Ҷангиёни «Давлати исломӣ» ба киберфазо мегузаранд

Хисорот аз сӯхтори ҷангали Калифорния аз 9 миллиард доллар гузашт

Шикояти соҳибкорон аз мақомоти Қазоқистон кам мешавад

«Наҷотбахши дунё»-ро дар Абу - Дабӣ намоиш медиҳанд

Даҳ кишваре, ки арзонтарин қарзи манзил доранд

07.12.2017


Вохӯрии Шамсиддин Орумбекзода ва Криста Пиккат


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед